Тибқи андешаи коршиносони масоили иҷтимоӣ тайи ду даҳсолаи охир бо наздик шудани моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи гӯшт, равған, шакар, мева ва сабзавот боло меравад. Дар ин росто намояндагони муфтиёти ҷумҳурӣ ва дигар рӯҳониёни шинохта борҳо ба тоҷирон ва бозаргонони ватанӣ дар иртибот ба гарон шудани нархи маҳсулот муроҷиат карданд, аммо натиҷае ба даст наомад.
Равшани Махсумзод, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе», узви ин гурӯҳи корӣ буд. Ӯ дар мавриди ба танзим овардани нархи маҳсулот дар бозори «Деҳқон», ки аксар бозорҳои пойтахт аз он маҳсулоти худро дастрас менамоянд, чунин ибрози назар кард: «Чанд рӯз қабл аз фарорасии моҳи Рамазон нархи гӯшт дар бозорҳо шаҳри Душанбе 36 сомонӣ буд. Бо оғози ин моҳи шариф нархи гӯшт ба 40 сомонӣ расид, ки ин ба шароити кунунии иқтисоди мардум чандон мувофиқ набуд. Мо, ҳайати корӣ, ҳар рӯз аз бозорҳои пойтахт дидан мекардем. Вақте ба тоҷирон амр гардид, ки гӯштро бо нархи 36 сомонӣ фурӯшанд, аксар қассобон фурӯши гӯштро мутаваққиф намуданд. Баъзеҳо ба ҷойи гӯшти хуб дар дуконҳои худ гӯшти пир ва начандон шоистаро мефурӯхтанд. Баъд аз талошҳои зиёд ба мо муяссар гардид, ки дари дуконҳои гӯштфурӯшӣ кушода шаванд ва нархи он низ танзим гардад. Аз растаҳои сабзавотфурӯшӣ дидан мекардем ва барои ба танзим даровардани он раёсати бозорҳоро ҷалб месохтем. Шоистаи тазаккур аст, ки дар бозорҳои пойтахт, аз ҷумла дар бозори «Деҳқон» низоми шоистаи корӣ вуҷуд надорад ва раёсати бозор низ барои ба танзим даровардани он кӯшиш намекунад».
Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили иҷтимоӣ, ки ӯ ҳам узви ин гурӯҳи корӣ маҳсуб мегардид, мегӯяд, ки ба ғайр аз назорати нархи маҳсулот онҳо миёни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ низ анҷом медоданд. «Ба хотири дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ, мо телефонҳои иртиботро аз тариқи интернет ва рӯзномаҳо ба мардум муаррифӣ мекардем, то дар ҳолатҳои боло бурдани нарх дар бозорҳо бо масъулин дар тамос шаванд. Албатта, ба танзим овардани нархи маҳсулот кори сангин буд. Аммо талошҳои якҷояи мо ба Маҳмасаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе, дар ин росто натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Илова бар ин, мо нархи таъйингардидаи маҳсулотро дар саҳафоти рӯзномаҳо чоп кардем, то дар вақти харид мушкиле пеш наояд».
Ба назар мерасид, ки рӯзҳои аввали моҳи Рамазон дари аксар дуконҳои гӯштфурӯшӣ баста шуданд ва ин амали соҳибкорон нигаронии ҷомеаро ба бор овард. Тоҷиддин Толибов, шаҳрванди Душанбе ва омӯзгори ботаҷриба, мегӯяд, ки чанд рӯзи аввал аз бозорҳо натавонистааст гӯшти муносиб харидорӣ намояд, аммо ба тадриҷ дари дуконҳо боз гардид ва дар ин кор нақши шаҳрдорӣ бориз аст.
Илова бар ин, бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе се рӯз қабл аз иди саиди Фитр дар тамоми маҳаллаҳои пойтахт намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ созмон дода шуданд. Дар ин намоишгоҳҳо гӯшт бо нархи 30 – 36 сомонӣ, шакар бо нархи 4 сомонӣ, биринҷ, маҳсулоти ордӣ, орд, равған ва боз бисёр маҳсулоти дигар бо нархҳои мувофиқ ба фурӯш гузошта шуданд. Сокинони пойтахт аз ин ибтикор хеле хушҳол гардида, маҳсулоти заруриро барои дастархони идона харидорӣ карданд. Наҷмиддин Саидов, шаҳрванди пойтахт, дар ин росто мегӯяд: «Ин бори аввал буд, ки сокинони пойтахт бо нархҳои мувофиқ ва дастрас тавонистанд маҳсулоти кишоварзиро дастрас созанд. Ба бозор нарафта, дар маҳаллаи худ харидорӣ кардани маҳсулот барои иди саиди Фитр хеле табъи дил шуд. Ҳамчунин намояндагони ҳукуматҳои ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва гурӯҳи кории созмонёфта аз ҷониби шаҳрдорӣ нарх ва сифати ин маҳсулотро назорат мекарданд. Умед дорем, ки чунин ибтикор дар оянда низ идома меёбад, то пеши роҳи корчаллонҳои беинсоф гирифта шавад».
Тибқи иттилоъ гурӯҳи корӣ фаъолияти худро идома медиҳад ва дар иди Қурбон низ шаҳрдорӣ аз боло рафтан нархи маҳсулоти кишоварзӣ ҷилвагирӣ хоҳад кард. Ҳоло ин гурӯҳ фаъолияти кории худро густурдатар карда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар иртибот ба сари вақт бурдани партовҳо ва тозагии хиёбону маҳаллаҳои шаҳр талош дорад.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин раванди манфӣ солҳо боз идома меёбад ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ва динӣ боло меравад ва мутаассифона, баъд аз сипарӣ гардидани ин рӯзҳо нарх дар ҳолати гаронӣ боқӣ мемонад. Чаро бародарону хоҳарон ва модарону падарони мо, ки дар ин ришта фаъолият доранд, аз инсофу имон ва мусалмонию инсонигарӣ ба хотири ба даст овардани фоидаи муваққат дурӣ меҷӯянд.
Нуралӣ Давлат, таърихнигори варзида, ёдовар гардид, ки дар моҳи Рамазон зани русе бо нархи маҳсулоту хӯрока шинос гардида, бо тааҷҷуб гуфтааст, ки агар чунин муносибат доред, аз рӯзаву намоз ва тоату ибодати худ дар назди Худо чиро интизоред? Магар Ислом чунин тарзи муносибатро ба Шумо меомӯзад? Чаро намоз мегузореду худро мусалмон вонамуд мекунед, дар ҳоле, ки ҳаққи бародарону хоҳарони худро мехӯред?
«Баъд аз шунидани ин суханҳо «замин накафид», ки дароям. Аз шарм намедонистам чӣ кор кунам. Воқеан, аксар тоҷирони мо ба хотири фоида имону инсофи худро аз даст медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин гурӯҳ дар масҷид сафи аввали намозгузоронро ишғол менамоянд ва зоҳиран ашхоси хеле батақво ва баинсоф мебошанд. Зоҳирпарастӣ ва дурӯғгӯйӣ имрӯз ба ҳукми одат даромадааст. Бояд тарзи муносибат ва фарҳанги бозаргониро аз дигар ақвому миллатҳо биомӯзем, зеро ба назар мерасад, ки аз таҷрибаи тиҷорати ниёгон ва бузургони ислом чизеро наомӯхтаем», – мегӯяд ӯ.
Яқин аст, ки бо қарору фармонҳо вазъи тиҷорату соҳибкорӣ чандон равнақ намеёбад ва нархи наво дар бозорҳои пойтахт ва умуман ҷумҳурӣ пойин нахоҳад рафт, зеро таъсири амру фармон дар доираи як моҳу ду моҳ боқӣ хоҳад монд. Боястӣ дар иртибот ба суду зиён ва имону инсоф, фарҳанги тиҷорат ва қавонини бозор миёни мардум, ба хусус бозаргонон суҳбатҳои ҷудогона сурат гирад. Танҳо бо талоши якҷоя метавонем дар ин ришта натиҷае ба даст биоварем ва дар пешрафти вазъи иҷтимоии ҷомеаи худ саҳим бошем. Дар акси ҳол гуфтаҳои Ҳофизи бузургвор ба ёд меояд:
Гар мусулмонӣ чунин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое.
Эмомалӣ Сайидамирзод