Барои ташкили хуби кор ширхоргоҳ-кӯдакистони мазкур соли 2009 ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол» гашта буд. Яке аз муваффақиятҳои кӯдакистони мо ин аст, ки тавассути барономаи «Қадам ба қадам» ҳамкорӣ ва алоқаро бо волидайн ба роҳ мондаем, мегӯяд қаноатмандона мудир. Дастрасӣ ба ин барномаи таълиму тарбиявӣ имкон медиҳад,ки падару модарон ҳамеша аз ҳоли фарзандони хеш огоҳ бошанд ва ба раванди таълиму инкишофи зеҳнии кӯдакони худ ошно гарданд. Онҳо ҳар кадом дар рӯзҳои муайян бо истифода аз вақту шароити доштаашон дар мушғулияти бачаҳои худ иштирок намуда, ба ҳунарҳои расмкашӣ, пухту паз ва ҳисобу китоби онҳо кумаки амалӣ менамоянд, ки ин соатҳои тарбиявӣ барои ҳар се ҷониб, мову волидайн ва худи бачаҳо хеле хотирмону шавқоваранд. Аксаран медонанд, ки ҳангоми машғулиятҳо кӯдакони боистеъдод аз худ дарак медиҳанд ва барои инкишофи завқи онҳо,албатта масъулин имкониятҳои хуб фароҳам меоранд. Ин аст, ки бачаҳои фаъоли кудакистони рақами 117 дар аксари чорабиниҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҳатто ҷумҳуриявӣ пайваста иштирок мекунанд.
-Яке аз самтҳои афзалиятноки барономаи «Қадам ба қадам» ин аст, ки, мегӯяд Шаҳзода Табарова, бачаҳои имконияташон маҳдуд бо бачаҳои солим бояд якҷо бошанд ва таълими ҳамҷо ба инкишофи равонии онҳое, ки зеҳни заиф доранд, имконияти васеи азхудкуниро фароҳам орад. Айни вақт 12 нафар бачаҳои хурдсол бо ташхисҳои гуногун доир ба вазъи саломатиашон дар ширхоргоҳ тарбият мегиранд. Натиҷаи хуби кор бо барномаи фавқузикр ин аст, ки Фаррух ном писарак замони ба боғча ворид шуданаш ёрои гап задан ва ҳаракат карданро надошт. Тобистони гузашта мо ҳамроҳи волидонаш коре карда ӯро дар ҳавзи шиноварӣ охиста-оҳиста ба ҳаракат даровардем. Нуқси бача ба маром бартараф шуд ва ҳамагӣ аз он хурсанд гаштем..
Маврид ба зикр аст, ки омӯзиши забон аслан аз боғча шуруъ мешавад. Ба ин хотир, дар кӯдакистони мазкур мураббияҳои соҳибтаҷриба, ки бо кӯдакон сару кор гирифтанро хуб медонанд, кам нестанд. Ҳамчунин синфхонаҳои орододашуда бо даҳ адад компутер мавриди истифодабарии хурдсолон қарор дошта, омӯзиши забонҳои русию англисиро барои бачаҳо дар сатҳи даркорӣ ба роҳ мондаанд. Волидон аз самараи кори фарзандонашон ҳамарӯза метавонанд тавассути «парформ» (дафтари қайди машғулияти ҳаррӯзаи кӯдакону наврасони ширхоргоҳ) огоҳ шуда, фикру андешаи худро барои омӯзгорон дар боби таълиму тарбияи фарзандашон шунаванд ё андешаи худро барои ҷониби дигар баён созанд. Чун масъулини боғча ҳамагӣ афроди соҳибтахассусанд, таълиму тарбия ин ҷо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва аз фикру дархост, пешниҳоди падару модарони тарбиятгирандаҳо канораҷӯӣ намекунанд. Баръакс ,тавре муаллимаҳо ва мурабияҳои боғча изҳор доштанд, фикру мулоҳизаи волидайн барои пешравии фаъолияти онҳо мусоидат мекунад.
Имрӯзҳо мудир бо масъулини аз ҳарвақта дида сертарадуданд. Агар якеро аз боғча гуселонанд, дигареро ба ҷои он бори аввал ба ин даргоҳ қабул мекунанд. Ҳарчанд, ки ин аз корҳои ҳамешагии онҳо маҳсуб меёбад, ба ҳар ҳол, бори нахуст ба кӯдакистон ворид шудани тарбиятгирандаҳо барои ҳар нафар корманди ширхоргоҳ масъулияти иловагиеро ба дӯш мегузорад, андеша дорад Шаҳзода Табарова . Аз мушоҳида ва суҳбати тӯлонӣ бо волидайн ва кормандони ин макони осоишу тарбия бори дигар хулоса кардан ба маврид аст,ки барои истироҳату фароғат ва таълиму тарбияи наврасон дар кӯдакистон шароиту имкониятҳо фароҳаманд.
Рустами НАЗИР