Малоҳат, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо орзуву ҳаваси зиёд писари бузургашро оиладор намуд, боз ҳам худ сабабгори пошхӯрии ин оилаи ҷавон шудааст. – Ҳоло ки келинам ба хонаи зодмандонаш баргаштаву писарам роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт, ман худро сарзаниш мекунам, ки аз эҳсосу андешаҳои носолим сабабгори хонавайронии писарам шудам. Аз рӯзҳои нахусти келини хонаи серфарзанди мо шудани Нигора ҳама дӯсташ доштанд. Шавҳарам ӯро духтарам ном мегирифту фарзандонамон мисли парвонаҳои гирди шамъ атрофаш ҷамъ мешуданд. Вақте барои итоаткор шуданаш сахтгирӣ мекардам, аҳли хонавода тарафи ӯро мегирифтанд, ки ин ҳама эҳсоси нохуберо нисбат ба келин дар ман пайдо мекард. Ростӣ, аз рашк ё эҳсоси дигар буд, ки ҳатто духтаронамро таъкид мекардам, ки ба янгаашон хушомадгӯйӣ накунанд. Зеро аз вақти арӯси хонадон шудани Нигора гӯиё ҳунару заҳматҳои маро фаромӯш карда бошанд, ки ғизоҳои пухтаи келинамонро таърифу тавсиф мекарданд, - нақл мекунад бону Малоҳат.
- Писарам ҳам баъди оиладор шуданаш, дигар мисли пешина ба ман меҳрубонию хушгуфторӣ намекард. Фикр доштам, ки кадбонуӣ ва дигар корҳои хонаро ба келин вогузошта, худ аз мадди назари аҳли оила дур шуда истодаам. Баъдан ҳар гоҳе азми нонпазию пухтупази ғизо мекардам, пайвандонам изҳори норозигӣ мекарданд. Хулоса, баъди келиндор шудан дарк кардам, ки маро ба «нафақа» баровардаанду бояд ба қавле Худои худро гуфта, дар як ҷой қарор нишинам. Ҳоло хатоҳои худро дарк карда, афсӯс мехӯрам, ки рашку фикру гумонҳои бад боиси пошхӯрии оилаи писарам шуд. Аммо, чуноне дар урфият мегӯянд, «Оби рехтаро дигар бардошта намешавад».
Ба гуфти ҷомеашинос -Хайринисо Саидова, бухлу ҳасад, рашку дигар эҳсосот хоси ҳар инсон буда, ба зиндагӣ ва муносибати ӯ ба атрофиён таъсиргузор аст. Албатта, аз заковати мо вобаста аст, ки чи гуна ҳиссиёти хешро инсон наметавонад ҳама эҳсоси манфиро аз худ дур намояд, вале назорат карда, бояд нерӯямонро ба манфиати худ ва атрофиёнамон истифода барем.
- Танҳо зани соҳибмаълумоту таҷрибаи рӯзгордида бо эҳсоси нолозим мубориза мебарад, гуноҳу хатоҳои ҷавононро таҳаммул намуда, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Вақте хушдоман ин иродаву тавоноиро дошта бошад, фарзандонаш хушбахт мешаванд. Бунёди оила ширинтарин рӯйдоди ҳаёти ҳар инсон аст, аммо хушбахтии оилавӣ танҳо бо аз худгузаштанҳо, бахшиши ҳамдигар, бардошту таҳаммули якдигар ба даст меояд.
Шаҳодат Эмомиддинова, ки ба тозагӣ оила барпо намудааст, мегӯяд: «Сабаби бештари муноқишаҳо дар хонаводаҳои серфарзанд, ки ба пошхӯрии оилаи навбунёд мерасонад, рашку мавқеъгириҳои хушдоман ва келинҳо нисбати ҳамдигар мебошад. Зеро баъди барпо намудани оила баъзе ҷавонмардон ба ҳамсари хеш таваҷҷуҳи бештар пайдо карда, ба модар ва дигар пайвандони хеш, ки қаблан меҳру муҳаббат доштанд, камаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Дар чунин маврид баъзе модарону хоҳарон ба ҳамсари ӯ ҳисси бадбинӣ пайдо мекунанд.
Ҳолатҳое низ мешаванд, ки наварӯс бо мақсади аз пайвандони ҳамсар ҷудо зистан, байни шавҳару аҳли хонаводааш низоъ эҷод мекунад. Рашку ҳасуди носолим дар хонаводаҳое ҳукмрон аст, ки одобу тарбияи фарзандон хуб ба роҳ монда нашудаанд. Иддае аз дигар мусоҳибонамон дар бештар мавриди пошхӯрии оилаҳои ҷавон зодмандонро гунаҳгор меҳисобанд, зеро ба қавли эшон танзими ҳаёти оилавӣ дар ихтиёри зодмандон буда, аз фаҳму идроки сарварони хонавода вобаста аст, ки чӣ гуна зиндагиеро барои худ муҳайё созанд. Иштибоҳи фарзандон дар интихоби ҳамсар ва баҳсу ҷанҷолҳои оилавӣ ҳам аз тарбияи ҷавонон дар оила бастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар, барои омӯхтани урфу оддатҳои хонаводаи шавҳар вақт лозим буда, дар ҳамин марҳилаи муҳим наварӯсон ба мададу машварати хушдоман эҳтиёҷи зиёд доранд.
Пойдевори мустаҳкамии оила аз сиришти инсонҳо сарчашма мегирад ва аммо бунёди оила маънои томи хушбахтӣ нест, балки омодагӣ ба имтиҳони зиндагӣ аст, ки аз инсонҳо хайрхоҳию накӯкорӣ металабад. Хушбахтии оилавӣ дар сурати таҳаммулпазирию азхудгузаштанҳо ислоҳи камбудию бахшиши гуноҳи ҳамдигар ба даст меояд.
Аз ин рӯ, баргузории чорабинию маҳфилҳои фарҳангӣ - омӯзишӣ дар мавзӯъҳои одоби оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, тарғиби инсондӯстию меҳру шафқат, омӯзиши касбу ҳунарҳои хонаводагӣ ба духтарон воситаи хубе дар бунёди оилаҳои солим ва пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо буда метавонад. Ва ҷомеашиносон ҳам дар мавриди пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва бартараф намудани баҳсу мунозираҳои оилавӣ, омӯхтани одоби муошират ва фарҳанги хонаводагиро ба духтарону занони хонашин муҳим мешуморанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ