Дили модар
Занеро мешиносам, ки умраш ба 80- дакка мезанаду дасти қисмат мӯйҳои қатронияшро ба ранги шир шабеҳ кардаю чеҳраи зебояшро бошад, тӯри ожанг пӯшонидааст. Ман ин модари хамидақоматро гоҳ-гоҳе ҳангоми аз кор баргаштан рӯи хараки назди бинои истиқоматияш парешон мебинам. Боре бо ҳукми тасодуф бо вай ҳамсӯҳбат гашта, сабаби парешонияшро дарк кардаму хун дар рагҳоям ях баст… Модар ҳар рӯз роҳи писари майхораашро, ки хонаю дари обод, ҳамсару фарзандонашро дар бадали як пиёла май бохтааст, интизор мешудааст. Кампир дар бораи писараш нақл мекард, вале ӯро бад намегуфт, охир диле пурмеҳртар аз дили модар дар дунё ҳаст?! Нақли модари чашминтизорро мешунидаму бори дигар ба бузургии вуҷуди Худои мо дар замин МОДАР тан медодам… -Айби худам, духтарҷон, аз хурдӣ бепадарияшро нафаҳмад гуфта,эркааш кардам, ба хотири ӯ дигар ёди шавҳар накардам,писарам одами хуб аст, вале камтар беирода, ҳамин ки пеши роҳаш мушкилие баромад, даст ба пиёлаи май мебурд, оқибат ин заҳр корашро карду ҳаёти писарамро сӯхт. Занаш ду фаарзандашро гирифта шавҳари дигар кард, мани муштипар мондаму писари баргаштабахтам. Баъди занаш ҳафт бори дигар хонадор шуд, вале ягон нафари онҳо тоқат накарданд. Устои барқ аст ва кам-кам кор карда пул меёбад ва ҳамаи онро сарфи ҳамон заҳри қаттол мекунад, шаст сола мешаваду ҳеҷ ақлаш надаромад, дар хона дилам тангӣ мекунад, берун мебароям. Агар дар ҳамин атроф маст шуда афтида бошад, кӯдакон хабар меоранд ва бо ёрии ҳамсояҳо як бало карда ба хона мебарамаш. Метарасам, ки ягон рӯз мемираму ӯ бесоҳиб мемонад- мегӯяд модари зор бо ашки шашқатор.
Куҷо равонаем?
Мо ҳар рӯз чандин бор мешунавем, ки Худо ба инсон фарзанди батавфиқ ва баимон ато кунад, вале ба маънии ин суханҳо жарф назар намекунем. Дар ҳақиқат, фарзанди батавфиқ давлати волидайн аст. Вақте байни мардум дар бораи фарзандат сухани хуб мешунавӣ ё одобу ахлоқи ӯро таърифу тавсиф мекунанд, сарат ба осмонҳо мерасад. Оё аз он фарзанде, ки ба шаст даромада ба ҷойи ба хизмати модар камар бастан, шабу рӯз май нӯшида модари пиру ранҷури худро азоб медиҳад, бефарзанд будан хуб нест?! Мо ба куҷо равонаем? Имрӯз дар ҳар кӯчаю маҳалла як домулло, ҳоҷӣ ё олим умр ба сар мебарад ва оё ин гуна шахсони боэътибор наметавонанд боре бо писари ғофили ин модари оҷизу нотавон сари як пиёла чой нишаста сӯҳбат кунанд. Гумон мекунам, ки аз зиёрати Хонаи Худо дида ба роҳ даровардани як шахси гумроҳ ва шод намудани дили ранҷуре боиси савоби бузург мегардад. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст.
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Ризояти Худо ризояти волидайн аст
Аҷабам меояд, ки аксарият лофи мусалмонӣ мезананду панҷ вақт намозашонро бо ҷамоат дар масҷид адо мекунанд, то ризояти хақро дар ёбанд, вале фаромӯш мекунанд, ки авлиёву анбиё ва дӯстони Худо ризояти он Ломаконро дар ризояти волидони пиру оҷизи худ меҷустанд. Дар «Тазкирату-л-авлиё»-и Шайх Аттори Нишопурӣ омадааст, ки Увайси ал- Қаранӣ Раҳмату-л-лоҳи Алайҳ маҳз ба шарофати хизмати модари пиру оҷизаи нотавонаш шоистаи раҳмати ҳақ гаштааст. Пас, хизмати волидайн низ арзандатарин ибодат маҳсуб мешавад, ки имрӯзҳо оҳиста-оҳиста коста мегардад. Чун ин сатрҳоро рӯи коғази сафед мерехтам, пеши назарам симои як олимаи намоёни тоҷик ҷилвагар шуд, ки якунимсол боз дар байни мо нест. Ӯ баъди марги шавҳараш, яке аз донишмандони маъруфи соҳаи адабиёт, як муддат танҳо зиндагӣ мекард ва писари олимаш, ки дар ҳамсоябино мезист, бо дасисаи занаш аз ҳоли модар хабар намегирифт. Дар дами марг набераи духтарияш хизмати ин зани озодаро мекард, вале писар танҳо рӯзи марги модар «хизматаш»-ро ба ҷо овард, яъне ӯро бурда зери хок карду баргашт. Ман шоҳиди он будам, ки ягона мушкилоти ин зани оқила дурӣ аз дидори писари ба ҷону дил баробараш буд, ки олим шудан муяссараш гаштаю одам шудан не! Миллати мо дорои бузургтарин анъанаю урфу одат аст, ки яке аз онҳо арҷ гузоштан ба бузургии волидон аст ва ман чун ҳусни анҷом хаминро гуфтаниям, ки дар «Қуръон»-и азимушшаън сураи Исо ояти 23 омадааст:- « Ва парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигареро) ибодат накунед, ва ба падару модар накӯкорӣ бикунед, агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва бо онҳо сухани некӯ бигӯ!»
Ҷавҳари Саидназар