Дар ин се моҳ 28 ҳолати куштор, 13 ҳолати таҷовуз ба номус рух додааст ва 26 ҳолати куштор ошкор гардида, ҷинояткорон ҳукм шуданд. Аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бошад, 298 ҳолати содир намудани авбошӣ ба қайд гирифта шуд. Омили асоии ин гуна ҷиноятҳо ва авбошиҳоро коршиносон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар бемасъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон медонанд.
Садамаҳои нақлиётӣ
Мутахассисону масъулони ҳифзи тартибот ва ҳуқуқи кишвар омори 5 соли охирро дар ин самт нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Дар давоми панҷ сол 8 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4480 ҳолати садамавӣ бо айби ронандагони ҷавон рух додаанд. Дар натиҷаи ин садамаҳо 1184 нафар фавтидаанд. Ин оморӣ расмӣ аст ва садамаҳои дигаре, ки қайд нашудаанд, ба ин омор ворид нагардидаанд. Омилҳои асосии рух додани садамаҳо риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, саривақт аз назорати техникӣ нагузарондани нақлиёти шахсӣ, надоштани таҷрибаю малакаи хуби ронандагӣ, ба хусус, миёни ҷавонон бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани нақлиёт, ҳангоми ҳаракат бо телефонҳои мобилӣ гап задан ва сари чамбараки мошин сархуш нишстани бархе аз ронандагон мебошанд. Омили дигар, ба фарзандон бовар карда додани нақлиёти шахсӣ аз ҷониби бархе аз волидон аст, ки оқибат сабабгори садамаҳо ва марги одамон мегарданд.
Бемориҳои сироятӣ
Хуруҷи бемориҳои сироятӣ ҳам дар солҳои охир ба фоиз зиёд мегардад. Дар муддати 5 соли ахир шумораи мубталои бемории ВИЧ СПИД мутобиқи омор ба 5 ҳазор расидааст. Шумори онҳо миёни занон ва мардон дақиқ нест, зеро ҳарчанд шахсони ба тариқи расмӣ мубталои ин беморигашта дар қайд ҳастанду ному насаби онҳо мутобиқи қонун махфӣ аст, аммо сол аз сол ин шумора дар ҳоли афзоиш аст. Омили асосӣ ин муҳоҷирати меҳнатӣ ва беморони тазриқӣ, яъне нашъамандон мебошад. Дар ин самт ҳам барои пешгирӣ ва ё коҳиш додани беморӣ чораҷӯиҳо ба тарзи расондани иттилоот, машварату семинарҳо, мулоқоту маҳфилҳо татбиқ мегарданд, аммо ҷараёни интиқоли беморӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар арзёбӣ мегардад.
Донишҷӯён ҳам даст ба ҷиноят мезананд
Тибқи маълумоти ба дастомада, танҳо дар соли 2013 аз ҷониби бархе аз донишҷӯёни макотиби олии кишвар 50 нафар ҷиноят содир кардаанд ва мутобиқи қонун ҷазо гирифтаанд. Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бошад, миёни донишҷӯён меафзояд. Ин истифодаи пайвастаи телефонҳои мобилӣ, ба донишгоҳ омадан бо мошинҳо, авбошию ҷанҷолҳо дар донишгоҳу кӯчаю бозорҳо ва ғайра мебошанд. Дар се моҳи соли 2014 аллакай 15 ҷиноят аз ҷониби донишҷӯён ба қайд гирифта шудааст. Тибқи талаботи қонун нафароне, ки ба ҷиноят даст задаанд, маҳкум шуданд.
Амалҳои терористӣ ва экстримистӣ
Дар мавриди таҳқиқу таҳлили амалҳои терористӣ ва экстримистӣ хадамотҳои марбута пайваста кор мебаранд ва кушиш менамоянд, ки чунин амалҳои хатарнокро дар кишвар ошкору пешгирӣ намоянд. Амалҳои терористӣ ва экстримистӣ ҳамеша қабл аз рух доданашон аз ҷониби мақомоти дахлдор ошкор ва пешгирӣ мешаванд. Дар ин самт чанд моҳи охир даст доштани бархе аз ҷавонони тоҷикро дар амалҳои терористӣ ва иртиҷоии хориҷи кишвар ошкор намуданд. То ин дам бо дастури махсус ҷавононе, ки бо ҳар роҳу восита ба муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар барои таҳсил рафта буданд, ба кишвар баргардонида шуданд. Ин шумора 1800 нафарро ташкил медиҳад. Аз васоити ахбори омма ва дигар манобеи хабарӣ ҳамагон огаҳӣ доранд, ки дар Тоҷикистон ҳам гуруҳҳо ва ашхоси махсусе барои сафарбарии ҷавонон баҳри шомил шудан ба ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоӣ амал мекардаанд ва фаъолияти онҳоро мақомоти дахлдор ошкор ва пешгирӣ карда истодаанд, аммо ҳанӯз ҳам хатари гаравидан ба ин ҷараёнҳою гуруҳҳо ҳаст. Аз ин нигоҳ, Ҳукумату давлати Тоҷикистон бо назардошти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» таҳияи барномаҳои маърифатӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва маънавиро дар муассисаҳои таълимӣ зарур мешуморад. Ҳ амчунин, дар доираи талаботи ин санад масъулияту уҳдадории волидонро дар таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ арзёбӣ карда, риояи онро ҳатмӣ меҳисобад. Дар сурати риоя накардан ва бемасъулиятӣ зоҳир намудан, онҳо мутобиқи қонун ҷазо хоҳанд дид ва ин аллакай дар таҷриба зиёд татбиқ мегардад.
Р. Камол