Аммо боз ҳам дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ масоили доғе амсоли «Облава» ва саркашии баъзе ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ мавзӯи сархатии расонаҳо қарор мегирад. Ин аст, ки ҳанӯз моҳе қабл аз судури Фармон оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони комисариатҳои шаҳру навоҳии кишвар дастур дода буд, ки дар фаъолияти хеш аз усули шеваҳои ғайриқонунии таъмини даъвати ҷавонон ба сафи Артиши кишвар кор нагиранд. Дар он шабу рӯз сомонаҳои интернетӣ навистанд, ки мақомот шеваҳои дар доираи талаботи қонун сурат гирифтани маъракаи даъвати ҷавонон ба Артиши Миллиро баррасӣ намуда истодаанд.
Албатта, дастури Сарвари кишвар бобати пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, масъулони комиссияи даъват ба хидмати ҳарбии шаҳру навоҳии кишварро водор месозад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд, зеро сафарбарии иҷбории ҷавононе, ки намехоҳанд қарзи худро назди Ватан адо намоянд, аз як сӯ гувоҳи коҳиш ёфтани маънавиёт ва ҳисси ватандӯстии онҳо арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар, обрӯю нуфузи давлату миллатро коста мегардонад. Бояд зикр намуд, ки дар баробари мақомоти давлатӣ инчунин фаъолони ҷомеа, хоса падару модарон низ муваззаф бошанд, ки пайи ҷалби таваҷҷуҳи фарзандон ба хизмати ҳарбӣ саҳми хешро гузоранд.
Тибқи банди дуввуми Фармони дар боло зикргардида давоми моҳҳои апрел – майи соли ҷорӣ ҷавонмардони то рӯзи даъват ба синни 18 расида ва шаҳрвандони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъватро надоранд, барои хизмат ба сафи Артиши Миллӣ даъват карда мешаванд. Ҳаминак, ки мавзӯъи сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз нав байни мардум матраҳ аст, инчунин суолҳо зиёд ба гӯш мерасанд, ки; «Чаро замоне, ки Фармони даъвати ҷавонон ба хидмати Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ содир мешуд, он то дар дурдастарин рустоҳои ҷумҳуриҳои бародар сари вақт иҷро мешуду ҳоло не?» Ҳолон ки дар муқоиса ба давраҳои пеш нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ ночиз арзёбӣ мегардад. Зеро талаботи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даъватшавандагон нисбат ба теъдоди аслии ҷавонони синну соли мувофиқ ба хидмати ҳарбӣ ҳамагӣ чанд дар садро ташкил медиҳад. Пас, наход, ки ки аз теъдоди қариб миллионнафараи ҷавонони сину соли хидмати ҳарбӣ якчанд ҳазор меҳандӯстони ҷасур пайдо нашавад, ки ихтиёрӣ ба хидмати Модар –Ватан камар бибанданд? Солҳои охир баҳсҳо атрофи ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зиёд матраҳ мешавад. Саркашию гурези баъзе ҷавонписаронро аз хизмати Ватан иддае аз духтарон маҳкум намуда, изҳор медоранд, ки омодаанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд. Қонунҳои мавҷуда даъвати духтаронро ба хизмати фаврии ҳарбӣ манъ накардааст, вале ба истиснои хидмати ҳарбии шартномавӣ шояд ягон кишвари дунё таҷриби даъвати духтаронро ба Артиш надошта бошад. Аз суҳбат бо бонувони шаҳру навоҳии гуногун бармеояд, ки барои ҷалби ихтиёрии писарон ба хидмати Модар - Ватан хонаводаҳо , ба хусус, духтарон метавонанд нақши муассир дошта бошанд. Сайфура Ибодуллоева, бонуе, ки худро сокини ноҳияи Варзоб муаррифӣ намуд, нақл мекунад, ки дар аёми ҷавонии мо волидон аз хостгорҳои ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардааст, ҳатман пурсон мешуданд, ки писаратон чӣ иллат дорад, ки дар артиш хизмат накардааст? Аз ин рӯ, бо истиснои ҳолатҳои алоҳида ҷавонписарон танҳо баъди адои хизмати ҳарбӣ оила барпо менамуданд. Ҳоло бошад, барои зодмандон меъёри домоди сазовор ҷавони хизмати ҳарбӣ намуда нест, балки нафари дороманду соҳиби кор аст.
Ситорамоҳ Мардонова, сокини шаҳри Душанбе, пешниҳод дорад, ки дар баробари тарбияи ватандӯстии ҷавонон инчунин тадбирҳои дигарро низ баҳри ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бояд рӯи даст гирифт. Ба гуфти ӯ барои дохилшавандаҳои ҷинси мард ба факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва дигар муассисаҳои олӣ, ки довталабони зиёд доранд, доштани билети ҳарбӣ ҳатмӣ бошад. Ба ин мисол тадбирҳои одилона, ҳам дар интихоби донишҷӯёни асил ба касбҳои мураккабу ҷиддӣ мусоидат менамояд ва ҳамзамон мушкили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ ҳалли худро меёбад. Коршиносон иброз медоранд, ки дар зиёд аз кишварҳои ҳамсоя барои довталабони мактабҳои олӣ ва ҳатто корҷӯён дар соҳаи хидмати давлатӣ авлавият ба аскарони ба эҳтиёт рухсатӣ баромада, дода мешавад. Аз ин рӯ, дар ин давлатҳо натанҳо нақшаи даъвати ҳарбӣ сифатнок иҷро мешавад, балки теъдоди аз талаботи мавҷуда бештари ҷавонон барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари худ саъю кӯшиш мекунанд.
Ба гуфтаи собиқадорони соҳаи хидмати давлатӣ барои ҷавононе, ки ба соҳаҳои гуногуни хидмати давлатӣ ба кор омада, баъдан ба арсаи сиёсат ворид мешаванд, адои хидмати ҳарбӣ шарт ва зарур аст.
Ҳамин тавр, масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва доимии риштаи маънавиёти шаҳру навоҳии кишвар бошад. Сохтору соҳаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳои марбут кори тарбияи ватандӯстии ҷавонон тарғиби ғояҳои ифтихор аз ҳимояи марзу буми кишварро хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Зеро барои миллати тамаддунофаре, ки дар саҳифаҳои таърих бо эҳсоси ватандорӣ ва шуҷоату паҳлавонии абармардонаш сабт шудааст, хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан барои ҷавонмардонаш натанҳо қарзи муқаддас, балки мояи ифтихор бояд бошад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ