Боз ҳамон омилҳо…
Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои ин гуна ихтилофу ҳуқуқвайронкуниҳо нишон медиҳанд, ки як омили асосӣ бемасъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Ҳарчанд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» чанд соле сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо баъзе волидон дар шинохту анҷом додани масъулияту уҳдадориҳои худ коҳилӣ мекунанд. Талаботи ин қонунро нодида мегиранд ва гумон доранд, ки ин санад барояшон муҳимияте надорад. Ин иштибоҳ ва нодидагирифтанҳо боис мегарданд, ки фарзандони эшон ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҷиноят даст зананд. Паҳлӯи дигари масъала иртиботӣ қавӣ ва пайваста надоштани мактаб бо оилаҳо аст. Фаразан, агар хонанадае ба дарс дер омад ва ё умуман, баъзе рӯзҳо ба мактаб намомад, муаллимро коре нест. Ин ишора, албатта , ба ҳама дахл надорад, вале ин гуна шеваи таълиму тарбия дар қисме аз макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мушоҳида мерасад. Омили дигар, таъсири шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва рағбати зиёд доштани ноболиғон ба сайтҳои гуногун аст, ки маводи мухталифи ғайриахлоқиро тарғиб мекунанд. Дар ин росто усулу шеваи пешгирӣ хеле маҳдуд ва душвор ҳам мешаванд. Ин ҷо танҳо маърифат, фаросат, доираи ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва маънавиёти хуби худи наврасон метавонанд нақши созанда бозанд, аммо ҳамин хислатҳоро кӣ дар онҳо тарбия карда метавонад? Албатта, падару модарон ва омӯзгорон! Мутобиқи таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо имрӯз дар мактабҳо машғулиятҳои тарбиявӣ хеле кам баргузор мешаванд, агар бошанд ҳам ба хотири қайд кардан дар ҳисоботҳо аст. Корҳои беруназ синфӣ анқариб аз миён рафтаанд. Назорат, таҳлил ва тадбир ҷустан оид ба ахлоқу маънавиёти ноболиғони ба истилоҳ «душвортарбия» ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Таъмини низому тартибот дар мактаб бо усулу шеваи маъмулӣ якпаҳлӯ ба роҳ монда шудаанд.
Давраи гузариш
Психологҳо ҷараёни камолёбии кӯдаконро ба чанд давра ва ё марҳала ҷудо кардаанд. Давраи нахустини хеле ҳассос ин сесолагии кӯдакон будааст, ки ҳама амалу кирдору гуфторро нисбат ба худашон ба таври вижа қабул мекунанд. Маҳз дар ин айём ахлоқ, гуфтору рафтор ва шеваи эҳтиром гузоштан ба волидон дар онҳо ташаккул меёбад. Давраи дигар, ин қадамҳои аввалин ба мактаб аст, ки марҳалаи муҳим барояшон маҳсуб меёбад. Давраи баъдӣ, ки онро мутахассисон давраи гузариш меноманд, аз ҳама муҳиму асосӣ арзёбӣ мешавад. Ин синну соли 14- 16 солагиро фаро мегирад. Маҳз дар ҳамин айём баъзе ноболиғон ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст мезананд. Мутахассисон дар он ақидаанд, ки агар волидон ин давраҳои муҳими ҳаёти кӯдаконро таҳти назорат гирифта барои ташаккули ахлоқу маънавиёти хубашон созгор шаванд, давраи наврасӣ, яъне гузариш, бе мушкилот паси сар хоҳад шуд. Мутобиқи пажӯҳиши мутахассисони соҳаи тиб маҳз дар ин давра, яъне 14-16 солагӣ дар зеҳну тафаккури наврасон ва бунияи (организми) онҳо таҳаввулоти биологӣ рух медиҳад ва ин тағйирхӯрӣ ва ё ивазшавӣ метавонад боиси дигар шудани характер, рафтору гуфтор ва амалҳои бешууронаи бархе аз ноболиғон гардад. Таҳлили бисёр ҳодисаҳо ва муноқишаҳо миёни ноболиғон нишон медиҳанд, ки маҳз дар ҳамин синну сол наврасон кӯшиши худро нишон додану мустақил буданро доро мегарданд. Ва ин табиӣ сурат мегирад. Ин эҳсос дар ҳама наврасон пайдо мегардад. Яке онро баманфиат истифода мебарад, дигаре бар зарари худ. Хеле муҳим аст, ки маҳз дар ин марҳала падару модарон ва омӯзгорон ҳамрозу ҳамнафаси онҳо бошанд. Мушкили онҳо ва ё нақшаю ниятҳояшонро бо шеваи хос тадбир созанд, на талаботу пешниҳоди худро иҷборан ба эшон таҳмил кунанд. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назарҳо миёни ноболиғону калонсолон дар зеҳну шуури кӯдакон эҳсоси нобоварӣ, ноумедӣ ва танҳоӣ зуҳур мекунад. Ҳангоми пайдо кардани ҳалли масоили бамиёномада, агар ҳамфикру хайрхоҳи худро дар паҳлӯи худ надиданд, ба роҳи хато рафтанашон аз эҳтимол дур нест.
Тадбир
Дар ин маврид борҳо гуфтему гуфтанд, ки чӣ бояд кард, то насли наврас дар интихоби роҳи минбаъдаи зиндагӣ хато накунад. Зиёд намегӯем ва танҳо ишора мекунем, ки агар аз фарҳанги танзими низоми тарбия ва таълими фарзандону оила бархурдор нестем, беҳтар аст талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҷиддӣ риоя намоем. Ва шеваю услуби тарбияи суннатӣ боз ҳам шояд дархури имрӯзи ҷомеа бошад. Ҳарчанд, баъзан мутахассисон ба педагогикаи миллии мо, ба вижагиҳои тарбияи ахлоқии фарзандон дар муҳити хонавода хӯрдагирӣ менамоянд, аммо гузашти вақту замон исбот кардааст, ки гоҳе шеваи тарбия бо услуби маъмулу суннатӣ баманфиат хоҳад буд. Ва дар хулоса шоҳбайтеро аз донишманде манзуратон медорем, ки фармудааст:
Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,
Саги девонаро дору кулӯх аст…