Гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои мактабӣ, озмуну викторинаҳо ва шабҳои саволу ҷавоб барои аз худ намудани дониш, васеъ гаштани лаёқати дарсазхудкунӣ ва ҳисси кунчковию ба китобу адабиётҳои фаннӣ рӯ овардани шогирдони мактаб мусоидат мекунад.Хусусан,олимпиадаи фаннӣ барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, шавқу ҳаваси онҳо ба фанҳои гуногун, ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон, барои бархурдор шудан аз пешрафти илм, ташвиқи онҳо ба касбҳои мухталиф нақши муҳим мебозад. Олимпиадаи фаннӣ бо тартиботи муайяншудадар ҷумҳурӣ ҳамасола дар чор давр баргузор мегардад.
Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ дар байни мактаббачагони шаҳри Душанбе бо ташаббус ва дастгирии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, рӯзи 8 январи соли 2014 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Олимпиада нахуст аз 8-ум то 13-уми январ танҳо аз фанҳои дақиқ гузаронида шуда, сипас аз 14-ум то 18-уми январ аз фанҳои гуманитарӣ озмунҳо баргузор гардиданд.
Дар ташкил ва гузаронидани олимпиада масъулияти асосиро кормандони Маркази рушди истеъдодҳо бар дӯш доштанд, мегӯяд муаллимаи забон ва адабиёти ин марказ Гулсара Саидова. То баргузории олимпиада аз тарафи Маркази рушди истеъдодҳо рӯйхати иштирокчиёни олимпиада, талаботи баргузорӣ, ҷадвали баргузории ин чорабинӣ мураттаб гардид. Бо назардошти шаффофият ва сифатнокии раванди санҷиш, аз ҷониби Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе мактуби даъватӣ ирсол гардид. Вобаста ба ҳар як фан ба сифати ҳакамон устодони донишгоҳҳо, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода иштирок намуда, ба донишу маҳорати хонандагон баҳогузорӣ намуданд. 1256 нафар ғолибони даври дуюми олимпиада дар даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаи фаннӣ иштирок карданд ,ки аз ин шумора 593 нафараш хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва 663 нафараш хонандагони литсею гимназияҳо буданд. Олимпиада мувофиқи талаботи Низомномаи олимпиадаи фаннӣ ва ҷадвали мураттабгашта хуб газаронида шуда, натиҷаҳои он фавран дар сомонаи Маркази рушди истеъдодҳо бароварда мешуд. Ҳамчунин рафти олимпиада якчанд маротиба тавассути шабакаи телевизионии наврасон ва кӯдакон “Баҳористон” намоиш дода шуд.
Дар таърихи 20-ум ва 21-уми январ кори комиссияи апеллятсионӣ баргузор гардид. Комиссияи апеллятсионӣ тайи ду рӯз дар асоси аризаҳои пешниҳодшудаи хонандагон кори худро пурра анҷом дод. 326 нафар хонандагон дар олимпиада бо натиҷаҳои хуб ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Нуқтаи дигар низ маврид ба қайд аст,ки аксари иштирокчиёни олимпиадро духтарон ташкил медоданд,ки дар ғолибият низ сафи онҳо кам нест.
Мавриди қайд аст,ки сол ба сол шумораи довталабон,иштирокчиёни олимпиадаи фаннӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зиёд мегардад. Хонандагон барои иштирок дар озмунҳои гуногун ва олимпиадаҳои фаннӣ таваҷҷуҳи хоса доранд, зеро онҳо дониш ва маҳорату малакаи худро санҷидан мехоҳанд . Албатта, шогирдон бо ин амалашон ,ки мақсад аз он сайқал додани дониш аст,барои ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ ба худ эътимоди қавӣ пайдо мекунанд.
Рустами Назир