Оре, баъди маргаш ҳаққу ҳамсояҳо ин байти пандомези ӯро ба ёд оварда, бибиро ба некӣ ёд мекарданд. Ӯ як кадбонуи ҳунарманду хушзавқ байни аҳли деҳа соҳиби иззату эҳтиром буд. Қисмати талхаш чунин буд, ки Бибӣ Ситора дар айёми ҷавонӣ бо ҳафт фарзанд аз шавҳар маҳрум шуд. Ба мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда ӯ дигар ба шавҳар набаромад ва фарзандони худро ба заҳмати хеш тарбия ва ба воя расонид. Ҳамагӣ 27 сол дошт, ки шавҳараш аз олам гузашту ӯ барои таъмини фарзандон ба мактаби деҳа ба кори фаррошӣ даромад. Бар замми ин, аз ҳунарҳои гуногуни занона, ки бархурдор буд, тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагонро обод мекард. Ин зани покдоману солеҳа ҳаёти хешро ба тарбияи фарзандон бахшид, то тифлонашро таълим дода соҳиби манзилу касбу ҳунар гардонад. Соли 1991 фарзанди бузургаш Суҳроб бо мақсади дастгирии модар дар таъминоти оила ба Руссия ба мардикорӣ рафт. Вале солҳо паси ҳам мегузаштанду аз ӯ ному нишоне набуд. Тӯли ин солҳо дарду алами ҷудоӣ аз фарзанд дили бе ин ҳам дардманди модарро захминтар менамуд. Модар дарун- дарун месӯхту танҳо ҳамин қадар мегуфт: «Худоё ба фарзандам инсоф бахш, то бори дигар ба хона баргардаду рӯйи ӯро ба серӣ бубинам». Аммо фарзанди дар муҳоҷират тағйирёфта ба бонуи русе, ки аз ӯ 10 сол бузург буд, оила барпо намуда, модару хоҳару бародаронашро гӯиё фаромӯш карда буд.
Баъди 15 соли Суҳроб нахуст ба аҳли оилааш мактуб фиристода пайвандонашро огоҳӣ намуд, ки ба наздикӣ ба Ватан хоҳад баргашт. Вақте ӯ ба назди пайвандонаш баргашт, модари интизор бо умеди аз даст надодани ҷигарбандаш барои ӯ яке аз духтарони хушрафтори деҳаро хостгорӣ намуда, бо тӯю хурсандии бепоён Суҳробро оиладор намуд. Муддате нагузашта Суҳроб бо баҳонаи кору зиндагиашонро обод намудан азми сафар намуда боз ба Русия сафар кард.
Ранҷу заҳмати рӯзгор ва солҳои тӯлонии интизориҳои фарзанд оқибат солимии модарро табоҳ намуд, ки бистарӣ гардид. Гарчанде, модарро рӯз аз рӯз бемории саратон харобу лоғар менамуд, аммо ӯро на дарди бадан, балки сӯзу фироқи ҷудоӣ аз фарзандаш Суҳроб азият медод. Ҳатто дар лаҳзаҳои вопасини умраш охирин суханонаш ҳам ин буд, ки:
Дар зиндагиам накардиам ёд,
Пас аз маргам чӣ суд зи фарёд?
Вақте Суҳроб ба хона баргашт, аллакай модар дар қайди ҳаёт набуд. Фарзанд ба хотири шод намудани рӯҳи модар маъракаҳои бодабдаба ороста гӯиё заҳматҳои кашидаи модарашро дар тарбияи онҳо қадрдонӣ мекард. Аммо дар ин маъракаҳои серхарҷи фарзанд на «хайру саховат»-и бемавриди фарзанд, балки ранҷу азоби солҳои охири ҳаёти Ситора пеши назар меомаданд, ки интизори Суҳроби ҷигарбандаш ба ғаму ғусса ғуттавар гардида буд. Зеро модар ба ҳазор орзуву армон рӯйи писарашро нодида дунёро падруд гуфту фарзанди аз вопасин дидори модар маҳрумшуда акнун ба хотири осудагии рӯҳи модар маъракаҳо меорояд.
Мутаассифона, чунин мисолҳо дар ҳаёти рӯзмараи мо зиёданд, ки фарзандони муҳоҷир бо баҳонаи серкорӣ муддатҳои тӯлонӣ аз ҳолу аҳволи модару зану фарзандон хабар намегиранд. Аммо баъди марги онҳо вақт пайдо намуда ба хона бармегарданду ба хотири пайвандони аз дастдодаашон барои оши ҳафту бисту чил ва ғайраҳо маблағҳои ҳангуфт масраф мекунанд.
Хулоса, бештари фарзандонамон, ки дур аз Ватану пайвандонашон кору зиндагӣ доранд, шояд ба дарки он ҳақиқат намерасанд, ки ба ҷойи ин ҳама маъракаҳои бодабдабаи хайру худоӣ, дар зиндагӣ аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор мешуданд. Лаҳзае ҳамроҳи онҳо менишастанд то хосса модарон дар охирин лаҳзаҳои ҳаёти хеш дидори ҷигарбандони хешро ба серӣ медиданд. Охир, модарон тамоми ҳастии хешро барои хушбахтии фарзанд мебахшанд, вале баъзе фарзандон ба дарки ин нукта дертар мерасанд, ки мояи хушбахтии модарон чист? Дидори фарзанд ё хайру саховати беандозаи писар баъди фавти модар?
Зебо Давлатова