Бо пешниҳоди лоиҳаи мазкур барои муҳокимаи вакиклон муовини вазири молияи кишвар Аъламхон Наимӣ, иброз дошт, ки ин лоиҳа давоми мантиқӣ ва марҳилаи навбатии лоиҳаҳои Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф аст, ки се марҳилаи он дар давоми солҳои 2006-2013 ба маблағи 156 миллион сомонӣ бо муваффақият амалӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи чаҳоруми Фонди глобалӣ баҳри рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, ҷиҳати татбиқи он 77,3 миллион сомонӣ аз тарафи ин фонд пешбинӣ гардидааст, ки онро соли 2013 вазири маориф ва илми Тоҷикистон татбиқ намуда буд. Мақсади амалӣ намудани ин лоиҳа беҳтар намудани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ арзёбӣ мегардад.
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муҳокимаи ин мавзуъ дар назди вакилони МН МО ин лоиҳа аз чаҳор қисмат иборат иборат буда, барои амалӣ намудани онҳо маблағҳои зерин нигаронида шудааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба барномаҳои босифати рушди барвақтии кӯдак 11,9 миллион сомонӣ.
Баҳри такмили барномаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ва усулҳои амалии таълим 15,3 млн сомонӣ.
Бо мақсади беҳ гардонидани муҳити таълим барои сохтмон, таҷдид 30 мактабу 240 синфхона, харидорӣ намудани мизу курсӣ, ҷевону тахтаҳои синфӣ барои 11 ноҳияҳои вилояти Хатлон, 2 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ва 5 ноҳияҳои тобеи Ҷумҳури ба маблағи умумии 38,5 милн сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар қисмати чаҳоруми лоиҳа бошад бошад, масоили такмили санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани иқтидори идоракунии системаи маориф дар назар дошта шудааст, ки барои иҷрои он 11,4 млн сомонӣ ҷудо мегардад.
Вазири маориф ва илм ҳамчунин илова намуд, ки дар баробари рӯи кор омадани барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ, инчунин лоиҳаи навбатие таҳия шуда истодааст, ки ба самти беҳдошти вазъи муассисаҳои томактабӣ равона карда шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 дарсади кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондод дар муқоиса ба дигар кишварҳои ИДМ камтарин маҳсуб меёбад. Фарогирии бештари кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ бештар дар шаҳрҳои кишвар мушоҳида мешавад, - мегӯяд Н. Саидов.
Ба гуфтаи ӯ Аз замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 муассисаи томактабӣ хусусӣ шуданд ё дар ихтиёри дигар идораҳои давлатӣ аст, ки ба сифати бинои давлатӣ истифода мешаванд.
-Тибқи дурнамои давлатӣ то соли 2016 сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ то ба 20 дарсад расонида мешавад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки тифлон дар боғча хушзеҳну қаввиирода тарбия ёфта, дар илмуомӯзи аз дигар ҳамсолонашон фарқ мекунанд. Аз ин рӯ лоиҳаи чоруми Фонди глобалӣ, ки аз 250 ҳазор доллар иборат хоҳад буд, ба рушди соҳаи мазкур равона карда мешавад.
Дар ҷавоб ба суоли вакили парлумон Шодӣ Шабдолов, ки «Оё кафолат дода метавонед, ки ҷониби маблағгузор бар ивази маблағҳои грантӣ барномаҳои таълимиеро, ки ба арзишҳои миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, барои амалӣ намудан шартан намегузоранд?» Нуриддин Саидов чунин гуфт: «Ман бо камоли масъулият изҳор медорам, ки аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Фонди глобалӣ ягон шарт гузошта нашудааст, ки бар ивази кӯмакҳои молиявӣ барномаҳои таълимиеро қабул намоем. Мақсади ҷонибҳо танҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сатҳи таълиму тарбия дар кишвар аст.
Зимни барасии ин мавзуъ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон зарфи 20 соли охир меъёрҳои давлатӣ муқаррар карда шудаанд, аммо то ҳол меъёрҳои фаннӣ арзи вуҷуд надоранд. Дар мавриди барномаҳои таълимӣ вазири маорифи Тоҷикистон иброз дошт, ки онҳоро профессору академикҳои соҳавӣ таҳия менамоянд. Ҳамчунон зикр гардид, ки солҳои охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғанӣ намудани мазмуну муҳтавои китобҳо ва барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи замон мувофиқ кардани барнома ва китобҳои таълимӣ корҳои самарабахш бурда истодааст.