Чун ба таърихи зуҳури педагогикаи миллӣ ва ё роҳу усулҳои вижаи тарбияи фарзанд то ба замони шӯравӣ менигарем, мебинем, ки мураббигӣ решаҳои густурдае доштааст ва бо ҳаёти ҳамарӯзаи инсонҳо дар раванди тарбияи наслҳо иртиботи густурдае доштааст. Дар аҳди бостон падарон фарзандони худро барои таълиму тарбияи хуб гирифтан ба дасти фозилону олимон ва донишмандони давр медоданд. Ва эшон рисолати мураббигӣ доштанд дар ин кор. Албатта, на ҳама имкони истифодаи ин гуна хизмати мураббиҳоро доштанд ва фарзандон дар муҳити оила зери назорат ва тарбияи волидон ба камол мерасиданд. Имрӯз ҳам ин шеваи тарбия дар усули шаклгирифтаи замони шӯравӣ маъмул ва роиҷ аст, яъне ҳар нафаре мехоҳад, фарзанди худро то замони ба мактаб рафтан ба боғчаҳои кӯдакона бидиҳад ва онҳо он ҷо тарбия ёбанд. Тарбиятдиҳандагон масъулияти мураббигиро ба зимма мегиранд ва аксар бонувон ин рисолатро ба дӯш доранд, аммо чаро маҳз бонувон?
Чаро маҳз бонувон?
Дар аҳди бостон вазифа ва масъулияти мураббигиро бештар мардҳо доштанд, зеро ба донишу таҷриба ва маҳорату мактаби тарбиявии онҳо бештар эътимод буд ва ҳоло ҳам ҳаст, аммо чун мураббигӣ ҳамчун вазифаи масъул дар доираи боғчаҳои кӯдакона маҳдуд гардид, занон ба он вобаста гардиданд. Модарон дар муҳити хонавода ин рисолатро чун мураббии аввалину охирин ва азалӣ бо шеваи хоси анъанаҳои авлодӣ анҷом медиҳанд, аммо боваре, ки имрӯз миёни ҷомеа талқин мегардад, кӯшиши тарбияи фарзандонро дар боғчаҳои кӯдакона бештар сохтааст. Кадом бовар? Ҳама эътиқод мекунанд, ки кӯдакон дар боғчаҳо таълиму тарбияи зарурӣ мегиранд ва ба зинаи аввали таҳсил хуб омода мешаванд. Ва ҳамон меҳру навозишу муносибату муколамаи муҳимро бонувони мураббӣ ба ҷойи модарон ба кӯдакон дода метавонанд. Чаро мардҳо наметавонистаанд, ки сарвари боғча ва ё мураббӣ бошанд? Метавонанд, аммо дар мо ин шеваи анъанавӣ шудааст, ки кор дар боғчаҳои кӯдакона танҳо хоси занҳост ва ин рисолати мардон нест! Аз ин нигоҳ, имрӯз ҳама мураббиён бонувон ҳастанд, аммо таҳлилу пажӯҳиш ва мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ба ҷурми коста будани касбияту таҷрибаю малакаҳо на ҳама бонувон аз ӯҳдаи ин масъулияту рисолат баромада метавонанд. Рафтану омадани кӯдакон ба боғчаҳо бештар ба хотири муҳайё сохтани фаъолияти кории модарон аст, ки аз субҳ то шом пайи шуғле ҳастанд, яъне кӯдаконашонро ба боғчаҳо месупоранд то анҷоми кори худ. Ё дар хона машғули кору бор мешаванд ва масъулияти тарбияю нигоҳубини кӯдакони худро ба боғча, ба дӯши мураббиён месупоранд. Аксар таваҷҷӯҳ надоранд, ки фарзандонашон дар боғчаҳо чӣ гуна таълиму тарбият мегиранд. Муҳим як рӯз ё чанд сол, то вақти ба мактаб рафтанашон он ҷо раванду оянд. Ин омил ба ҳукми анъана даромадааст ва бештари мураббиҳо ҳам аз ин мавқеъ кори худро анҷом медиҳанд.
Касбият ва масъулият
Мураббӣ бояд касе бошад, ки аз усулҳои вижаи таълиму тарбия, принсипҳои асосии илмҳои педагогика ва психология огаҳӣ дошта бошад. Душвортарин давраи тарбия ин овони тифлӣ ва кӯдакӣ аст. Ба хусус, айёми синну соли ба мактаб омода шудани онҳо ва муҳим аст, ки дар ин давра дар ташаккули завқу шавқу рағбат ва рӯҳу равони онҳо кӣ нақш мегузорад. Созгор будани муҳити хонавода бо муҳити муассисаи томактабӣ ва ё афзалияту умумиятҳои дигар дар муносибати калонсолон (падару модар, мураббӣ) метавонад дар ташаккули минбаъдаи кӯдак нақши манфӣ ва ё мусбӣ бозанд. Рисолати мураббӣ дар муассисаҳои томактабӣ таъмини шароити мусоиди рӯҳӣ, равонӣ ва дар ин замина тарбияи ахлоқӣ ва маънавии кӯдакон аст. Дар ин раванд мутахассисон касбиятро дар мақоми аввал мегузоранд, яъне мураббӣ бояд аз ҳама ҷузъиёти ин рисолат бархурдор бошад. Масъулият бошад, паҳлӯи дигари он аст. Агар касбият баланд бошад, масъулият дар ҷараёни кору фаъолият ташаккул меёбад, аммо агар масъулият бошаду касбият коста, дар раванди тарбия муваффақ нахоҳем шуд. Ин нукта хеле муҳим аст,зеро мураббӣ аз нигоҳи касбият бояд асосҳои илми психология, педагогика ва усулҳои вижаи таълиму тарбияро донад. Ноқис будани кӯлвори донишу малака ва касбият наметавонад муҳити созгори мактаби мураббигиро дар боғчаҳо тавлид созад.
Воқеият
Тайи чанд соли охир мутобиқи таҳлилу мушоҳидаҳои коршиносону мутахассисон вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, минҷумла, боғчаҳои кӯдакона нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Чаро чунин хулоса мекунанд? Сараввал, сатҳи донишу малака ва касбияти на ҳама мураббиҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯст. Анқариб ду соли охир сарварони аксар боғчаҳои кӯдакона ба таври фаврӣ иваз шуданд ва ба ҷойи онҳо дигарон таъин гардиданд. Имрӯз салоҳияти сарварӣ дар боғчаҳо ба дӯши бонувон аст. Баъзеи онҳо собиқаи хуби корӣ доранду дигарон нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Албатта, сарварон боз ба кор занҳоеро ба ҳайси мураббӣ ҷалб менамоянд, ки бо эшон шинос буданду иртиботе ҳам доштанд. Дар баъзе ҳолатҳо касбият, маҳорат ва донишу малакаи онҳо ба эътибор гирифта намешаванд. Зан бошад, мешавад. Ба пиндори ин гуна сарварон ҳама гуна занҳо метавонанд бо кӯдакон кор баранду дар таълиму тарбияи онҳо саҳм гиранд, аммо ин гуна мавқеъгирӣ иштибоҳест, ки дар раванди кор зуд маълум мегардад. Ҳамин гуна муносибат ва услуби кор имрӯз дар боғчаҳои кӯдакона роиҷ аст. Аз надонистани вижагиҳои илмҳои психология ва педагогика чунин мураббиҳо наметавонанд таълиму тарбияро дар доираи талаботи ҷомеаи муосир ба роҳ монанд. Ба пиндори онҳо реҷаи рӯз барои кӯдакон дар боғчаҳо хӯрдану хоб кардану ба бозӣ машғул шудан аст. Шеваи муомилаю муносибати мураббиён давоми рӯз бо кӯдакон мухталиф ҳам аст. Кудаконе ҳастанд, ки инҷиқӣ мекунанд, зуд ба муҳити боғча одат намекунанд ва бо онҳо хеле нозукона рафтор бояд кард, аммо аксар мураббиҳо ба ҳамаи кӯдакон бо як шева муомила доранд. Сахтгуфторӣ, тарсонидан ва услҳои дигари «ором» сохтан кӯдакон аз ҷониби баъзе мураббиён ҳам ҷой доранд. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки аксари боғчаҳо барои фарогирии кӯдакон аз ҷониби волидон маблағгузорӣ мешаванд. Сарварони ҳамаи боғчаҳои кӯдакона таваҷҷӯҳи асосии худро ба ин масъала равона месозанд, яъне дар мадди аввал пул меистад ва баъд тарбия! Дар ҳолати саривақт пардохт накардани моҳона барои тарбияи кӯдак дар боғча муносибату муколама ҳам бо волидон ва баъзан бо худи кӯдакон ҳам дигар мешавад. Ва баъзан ба худи кӯдак ҳам мураббиаш гӯшрас месозаду «таъин» мекунад, ки пулро падару модараш биёранд, набошад ӯро дигар ба боғча роҳ намедиҳанд. Чунин муомила ва шеваи рафтор албатта ба зеҳну рӯҳу равони кӯдакон бетаъсир намемонад ва мутаассифона, ин раванд имрӯз мушоҳида мешавад.
Саволҳо
Боғчаҳои кӯдакона имрӯз мақому мартабаи хосеро бояд касб намоянд, зеро ба онҳо ниёзе бештаре дорем, аммо вақте ҳам фаро расидааст, ки атрофи касбияту масъулияти сарварони онҳо ва мураббиёнашон ҷиддӣ андеша намоем. Киҳо бояд, воқеан, сарвару мураббӣ бошанд? Ва оё муассисаҳои томактабии мо, ба хусус, боғчаҳои кӯдакона воқеан, рисолати худро анҷом дода истодаанд ё ба номаш арзи вуҷуд доранд? Оё сарварони чунин боғчаҳо мактаби вижаи соҳавиро гузаштаанд ва донишу маҳорату малакаи касбиашон ҷавобгӯи талаботи ҷомеа ҳастанд? Усулҳои таълиму тарбияи кӯдакон муосир ҳастанд? Ва саволҳои дигаре, ки имрӯз посух ва таҳлили коршиносону мутахассисон ва масъулонро тақозо доранд!
Р.Камол