Кадбонуи беҳтарин кист?
Тобистону тирамоҳ барои бонувони ноҳияи Қумсангир мавсими ҷамъу бастабандӣ ва хушконидани меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ аст. „Кадбонуи беҳтарин дар баробари пухтупаз бояд ҳунару малакаи мевахушккунӣ ва бастабандии нӯшобаву мураббо ва дигар хуришҳоро дошта бошад“, – мегӯяд Саврӣ Ҷавонова, сокини шаҳраки Дӯстӣ.
– Омӯзиши донишу таҷрибаи захирасозии ғизои зимистона қарзи ҳар модар буда, ҳамдеҳагони мо кадбонуи оиларо аз рӯи ҳунари шарбату мураббопазӣ ва малакаи саришта карда тавонистани захираи зимистон баҳо медиҳанд. Умуман захира барои зимистон ва усулҳои сифатноки хушконидани меваю сабзавот аз мавзуъҳои асосии суҳбатҳои мардум аст. Сокинони ноҳияи Қумсангир бештар ба хушконидани зардолу, олуча, себу шафтолу ва ангуру анҷир таваҷҷуҳ доранд, –мегӯяд Саврӣ.
–Зеро дар фасли сармо талабот ба ин маҳсулот зиёд мешавад. Аз ин рӯ, ҳамасола барои ғизо 200–300 зарф бастаҳои шарбату мураббо ва дигар хуришҳои аз меваю сабзавот тайёр намударо захира менамоям.
Ҷуворимакка ва зардолу
–Гузаштагонамон дар зимистон аз гандуму ҷуворимакка, нахӯду лӯбиё ва дигар ғалладона ғизоҳои хушмаззаи гандумоб, кашк, паниру қаннодиҳои гуногунро омода менамуданд, – идома медиҳад Саврӣ Ҷавонова. – Аз ҷуворимакка, ки донагии серғизо маҳсуб меёбад, паниру қаннодиҳои болаззат тайёр мешавад, аммо бо фаровон шудани гандуму орд пухтупази хӯришҳо аз дони ҷуворимакка аз байн рафт. Ғизои дӯстдоштаи ман дар фасли зимистон зардолуоб аст, ки тайёр кардани онро аз бибиам омӯхта будам. Дар зарфи ғизохӯрӣ нон ё фатири гармро реза карда, аз болои он шарбати аз зардолуи хушк тайёршударо мерезем. Баъдан ба болои он равғани доғкардашударо илова мекунем.
Маслиҳати духтур:
Ба гуфти Назокат Дӯстматова, духтури кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳияи Қумсангир, истеъмоли хушкмеваю сабзавоти бастабандишуда дар зимистон норасоии витаминҳоро бартараф намуда, иммунитети инсонро дар муқобили вирусҳои мавсимӣ пурқувват менамояд. Зеро дар фасли сармо норасоии витаминҳои А-В-С-Д ва хлориди калсий мушоҳида шуда, боиси хурӯҷи бемориҳои мавсимӣ мегардад.
– Сокинони навоҳии Панҷу Қумсангир бояд ба захирасозии тути заминӣ, қот (смородина) ва тамашк (малина) бештар таваҷҷуҳ намоянд. Бахусус қот, ки дар таркибаш витаминҳои В-С зиёд дорад, масунияти баданро мустаҳкам намуда, инсонро аз бемориҳои зимистонӣ муҳофизат мекунад. Мо дар зимистон қотро ба ҷойи чой ҳам истифода мебарем, – мегӯяд ӯ.
Табибони қумсангирӣ мегӯянд, ки бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба захирасозии ғизои зимистона, метавон бисёр мушкилиҳои вобаста ба солимии модару кӯдакро дар мавсими сармо бартараф намуд. Зеро хурӯҷи бемориҳои камхунӣ ва норасоии витаминҳо аксар дар охири зимистону оғози баҳор мушоҳида мешаванд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки кӯдакони ноқису иллатманд аслан аз модароне ба дунё меоянд, ки дар марҳилаи ҳомиладорӣ аз камхунӣ ва норасоии витаминҳо азият мекашанд.
Замина барои захираи зимистон
Қумсангир дорои заминҳои ҳосилхезу иқлими мусоид барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар баробари ғанӣ намудани бозорҳои кишвар ҳамасола ҳазорҳо тонна лимуву помидор, тарбузу харбуза ва сабзию дигар маҳсулоти ноҳия ба хориҷи кишвар содир мешаванд. Салим Неъматов, роҳбари хоҷагии деҳқонии „Исмат“, талаботи бозорҳои дохилу хориҷро омӯхта, дар 4 гектар боғи зардолу, шафтолу ва себи биҳиштӣ бунёд намудааст. Дар баробари афзоиши талабот ба маҳсулоти истеъмолӣ, сол ба сол таваҷҷуҳи мардум ба захирасозии ғизо барои зимистон низ афзуда, хушкмеваю баставу нӯшобаҳои мевагӣ, шакаробу дигар хӯришҳо арзиши баланд пайдо мекунанд. Ният дорем, то ҳосилдеҳ шудани боғистон барои нигоҳдории хушкмева ва бастаҳои зарфӣ барои зимистон шароит муҳайё намоем, –мегӯяд ӯ.
Тоҷикистон на танҳо метавонад аҳолии худро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намояд, балки имкониятҳои васеъ дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
аз 24-уми апрели соли 2013
Ойбибӣ Неъматова, яке аз фарзандони ин боғпарвар, ки саргарми бастабандии меваю сабзавот буд, мегӯяд: „Обу ҳавои мусоид, оби фаровону заминҳои ҳосилхез дорему метавонем тамоми сол дастархонро бо помидору сабзавот ва меваҷот ғанӣ гардонем. Бояд ҳар сокини деҳа аз донишу ҳунари мевахушкунӣ, бастабандии сабзавоту зироатҳои полезӣ бархурдор бошад“.
Тибқи иттилои Солеҳҷон Ҳасанов, мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Қумсангир, масоҳати заминҳои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба 11 ҳазору 862 гектар мерасад, ки 11 712 гектари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Аз 1900 гектар заминҳои кишти ғалладона 1350 гектари онро гандум ва 350 гектарро ҷуворимакка ташкил медиҳад. Ҳамасола 50 дарсади пиёз ба дигар манотиқи кишвар ва берун аз он содир мешавад. Дар фасли зимистон пиёзи воридотӣ ҳамагӣ 20 дарсади талаботи аҳолиро таъмин месозад. Бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони мардум ва афзудани ҳаҷми содироти маҳсулоти мевагӣ ва коркарди он, имсол дар ҳудуди ноҳия 150 гектар боғҳои нав бунёд мегарданд.
Омори захираи сӯзишворӣ барои мактабҳо
Илчейзан Паллаева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир, иброз дошт, ки барои сари вақт захира намудани сӯзишворӣ ба 44 адад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз буҷети ноҳия 290 ҳазору 762 сомонӣ ҷудо гардидааст. То 21 сентябри соли 2013 нақшаи захираи ангишт барои мактабҳо 84 дарсад ва ҳезум 93 дарсад иҷро шудааст. Вобаста ба иқлими минтақа гармкунии синфхонаҳо аз 15 октябр оғоз гардида, то 15 март идома меёбад. Дар асоси меъёри муқарраргардида барои гарм кардани як синф дар як рӯз ба ғайр аз ҳезум 7 килограмм ангишт дар назар дошта шудааст.
Ҷамолиддин Сайфиддинов