Ҳамкоре баъд аз мулоқот бо ҳунарманде, ки замоне байни мардум шинохта шуда буд, мегуфт, ки ӯ хеле хаставу руҳафтода аз он аст, ки аксаран дар хиёбонҳо вайро танҳо духтарони деҳотӣ шинохтаву салом медиҳанд, аммо шаҳриён ва ҷавонони пойтахт ӯро намешиносанд. Ҳунарманд аз он шикоят дошт, ки солҳои зиёди ҳаёти худро ба ин ришта бахшидаасту, лекин қадршиносӣ нест. Мусаллам буд, ки ҳамкорам таҳти таъсири суханони ҳунарманд қарор дошт ва сояи андуҳи мусоҳиб дар чеҳраи ӯ дида мешуд.
Мардум маро дар хиёбон намешиносад
Ва ин бори нахуст нест, ки баъзе намояндагони ҳунар, адабиёт ва фарҳанги замони шӯравӣ дар ҷараёни мулоқот бо рӯзноманигорон шикоят аз он доранд, ки онҳо умри худро „қурбон“ -и санъату илм намудаанду имрӯз онҳоро намешиносанд ё ба қадрашон намерасанд.
Ин „қадрношиносӣ“ -ро онҳо чӣ гуна шарҳ медиҳанд? Ба пиндошти эшон „дар кӯчаву хиёбонҳо аксари мардум, бахусус ҷавонон онҳоро намешинохтаанд. Ба маҳофилу нишастҳо даъват намекардаанд, маош ва ё нафақа барои зиндагӣ намерасидааст... Ва ҳамин гуна гилаву шикваҳо...
Чизеро, ки солҳо интизори шуниданаш ҳастам, боре аз забони онҳо садо надод, ки барои кадом кор ва қаҳрамонӣ бояд мардум дар хидмати эшон боз қарор дошта бошад. Агар ҳунарманде дар чанд филм нақши марказӣ бозидааст ё дар театр фаъолият доштааст, барои ин заҳмат баробари дигарон маош гирифтаву рӯзгори хешро таъмин намудааст. Агар филм ё намоишнома миёни мардум шуҳрат ёфтааст, аз ҷониби роҳбарияти театр, „Тоҷиккино“, Вазорати фарҳанг ва ҳатто роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ қадр шуда, миёни мардум низ онҳо он замон азиз будаанд. Аммо чизе, ки маро ба тааҷҷуб меорад, ин ба назар нагирифтани омиле бо номи „вақт“ аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар шоир, нависанда, олим ва ё ҳунарманд намояндаи насле буда, дар замони муайяне миёни мардум барои ин ва ё он эҷод шинохта ва маъруф мегардад. Истисно танҳо нобиғагоне ба мисли Суқрот, Арасту, Мавлонои Балхӣ, Ҳофиз, Саъдии Шерозӣ, Фирдавсӣ, Эйнштейн, Нютон, Шекспир, Калашников ва чанде дигар мебошанд, ки бо маҳсули эҷоди худ миёни инсоният бо номи накӯ мондагор шудаанд. Дигар ҳазорон шоиру нависанда, файласуфу донишманд, ҳунарманду варзишгароне буданд, ки замоне миёни ҷомеа шинохта шудаву маъруф будаанд, аммо бо гузашти вақт таърих номи онҳоро дар варақе сабт сохтаву ба бойгонии хеш ниҳодааст, зеро насли дигар ниёзҳои дигар дорад. Насли нав ба шоиру файласуф, нависандаву ҳунарманди асри худ арҷ мегузорад ва ин раванди мантиқии таърих аст, ки новобаста аз хоҳиши мо сурат мегирад.
Маризие бо номи „ситора“
Фикр мекунам, сабаби дигари он беморие бо номи „ситора шудан“ аст, ки мутаассифона, хоси кормандони театру кино, адабиёт ва телевизион аст. Албатта, ин гуфтаҳои мо ба қисме дахл надоранд, зеро онҳо дар худшиносӣ ба ҷойе расидаанд ва дар тахассуси хеш низ муваффақ ҳастанд. Вале гурӯҳе ба ин „маризӣ“ гирифтор шуда, лаҳзае сари он андеша намекунанд, ки дар баробари онҳо пизишкон, муҳандисон, иқтисодшиносон, омӯзгорон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, варзишгарон ва боз намояндагони риштаҳои зиёде дар пешрафти ҷомеа, дар замони худ нақш гузоштаанд, аммо дар муқобили хидматҳои хеш аз миллат чизе талаб надоранд. Шояд нафаре эътироз намояд, ки муаррификунандаи миллат дар арсаи байналмилал ҳунармандон ё нависандаву шоиронанд ва чаро ба онҳо арҷ нагузорем. Қабул дорам, ки дар ҳолати адами иқтисоди пешрафта ҳунармандону эҷодкорон метавонанд миллатро дар арсаи байналмилал муаррифӣ созанд. Аммо даст рӯйи сина гузошта, бояд эътироф намоем, ки намояндагони ҷумҳурии мо дар замони шӯравӣ марзи кишварамонро бо эҷоди худ убур накардаву ба сатҳи ҷаҳонӣ набаромадаанд. Агар чанд нобиғае ҳам доштаем (ба мисли Комил Ёрматов), дар вақташ масъулини соҳа ба қадри заҳматҳои онҳо нарасиданд ва эшон фарҳанги кишвари дигарро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтаанд.
Сабаби дигар рукуди тахассусии кормандони театру синамо аст. Аксари онҳо ҳамқадами замон нестанд ва мантиқан ниёзи мардумро бароварда намекунанд. Бо даст додани аввалин имкон ва сафарҳои хидматӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳон аз чанд намоишномаи театрҳои ин кишварҳо дидан мекунам. Дарёфт намудани билет ба театр чандон кори саҳл нест, зеро эҷоди ҳунармандон бо зиндагии ҳамонрӯзаи мардум тавъам аст. Дар намоишномаҳо ва синамо масоили доғи рӯз мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Оё метавонем дар мавриди синамо ва театри тоҷик чунин ҳарфҳоро бигӯем? Драматургияи мо ҳатто замони шӯравӣ рушд накард, чӣ расад ба имрӯз. Сатҳи дониш ва бозомӯзии аксар ҳунармандони театрҳои ҷумҳуриямон низ нигаронкунанда аст. Аз адабиёт ва драматургияи муосири ҷаҳон хабар надоранд ва барои такмили тахассус низ чандон талош намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои муваффақ аслан дар эҷоди худ аз замон пеш мегузаранд ва ҷасорату худфидоӣ доранд. Монеаҳоро убур месозанду ҳаёти зоҳир ва ботини инсонро жарф омӯхта, ба саҳна меоранд. Худкифову худшиносанд.
Ҷавонон, синамо ва фарҳанг
Ҳоло фурсат расида, ки ба қисмати дигари гуфтаҳои ҳунарманд посух бигӯем. Чаро қисме аз ҷавонони деҳотӣ онҳоро мешиносанду ҷавонони пойтахт не. Ба андешаи инҷониб, сатҳи ташаккули фарҳангии ҷавонони деҳот аз шаҳр хеле фарқ мекунад, зеро гурӯҳи аввал ба синамо, адабиёт ва сиёсати ҷаҳонӣ чандон дастрасӣ надорад. Ҷойи таассуф аст, аммо воқеият чунин мебошад. Ҷавонони муосир ба роҳатӣ аз тариқи Интернет ва моҳвораҳо метавонанд филмҳои муваффақ ва тасхиркунандаи коргардонҳои маъруфи ҷаҳонро бубинанд ва ба ҳунари ҳунармандони шинохтаи дунё ошно шаванд. Ин сифати онҳоро метавон ба унвони пешрафт арзёбӣ намуд. Он ки Мадонна, овозхони маъруфи Амрико, солҳо боз рӯйи саҳна аст ва то имрӯз миллионҳо ҳаводорон дар ҷаҳон дорад, натиҷаи заҳмати шаборӯзии ӯст. Ҳар рӯз чанд соат дар толори варзиш заҳмат кашидан, барои шахсе, ки аз 50 сол бештар дорад, чандон кори сода нест, илова бар ин, барои эҷоди мусиқӣ моҳҳо меҳнат мекунад. Тавассути чунин ашхос имрӯз мусиқии поп дар баробари рэп, ки дунёро тасхир намудааст, зиндаву побарҷост. Аз мусиқии тоҷик метавон аз наслҳои гуногуни он – Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯраев ва Аҳмад Зоҳир мисол овард, ки бо эҷод ва ҳунари ноб номи худро дар саҳафоти таърих бо ҳуруфи зарин сабт намудаанд.
Мушк он аст, ки худ бибӯяд…
Мушкилоти иқтисодӣ ҷиҳати пешрафти ҳунар ва синамо дар баробари илму варзиш монеъ эҷод менамояд. Ҳамзамон сатҳи фаҳмиш, зарфият ва завқи бинанда низ коҳиш меёбад. Новобаста ба ин, таърих тасбит намудааст, ки пешрафти ҷомеа ва тамаддуни инсонӣ аз шахсиятҳо бастагӣ дорад. Нақши онҳо дар шакл гирифтани завқ, густариши ҷаҳонбинӣ ва рушди иҷтимоъ бузург аст. Дар чунин мароҳили тақдирсоз аҳли эҷод набояд бечоранолӣ кардаву дар пайи дарёфти унвон ва эҳтиром бошанд, балки бо андешаи жарф, дониши қавӣ ва эҷоди асарҳо ва намоишномаву нақшҳо дар шаклгирии тафаккури мардум саҳми бориз дошта бошанд. Намунаи ин гуфтаҳоро метавон дар симои коргардони яке аз кишварҳои ҷангзада ва фақири югославӣ Эмир Кустуритса дид. Барои ҳунарпешаҳо ва коргардонҳои аксар кишварҳои дунё дидан ва мулоқот бо „ситораҳо“-и Ҳоливуди Амрико орзуи якумра аст. Аммо ин коргардон бо такя ба фарҳанги мардумии худ ва истифода аз таҷҳизоти муосир тавонист шуҳрати синамои кишвари худро ба қуллаҳои дастнорас бирасонад. Дар нахустнамоиши филмҳои ӯ „ситораҳо“-и Ҳоливуду дигар кишварҳои дунё ҳазинаи бузурге аз ҷайби худ сарф намуда, ба Сербия меоянд, то аз эҷоди ин коргардони барҷаста дидан намоянд. Аз ин маълум мешавад, ки обрӯю шуҳратро на бояд аз касе талаб кард, балки бо эҷод ва заҳмати хеш метавон беминнат ба он сазовор гашт.
Фароруни Сабзқадам