«Хонаи шӯ арра дорад» ?!
Дар ҳама оилаҳои тоҷик духтарро дар як рӯҳия тарбия мекунанд, тарс аз хушдоман ва пайвандҳои шавҳар. Занҳои калони хона дар як рӯз даҳ бор ба духтараки дар ҳукми гул гӯшрас мекунанд, ки бозию шӯхӣ , дарсу сабақомӯзиро яктараф гузошта аз пайи ёд гирифтани корҳои рӯзгор шав! Чунки фардо дар назди хушдоман забонкӯтоҳ нашавӣ, кор то дараҷае мерасад, ки дар назари духтар то ба шавҳар баромадан хушдоман на чун зан-модар, балки чун як аждари дусар ҷилвагар мешавад. Духтарак ба тан либоси арӯсии сап-сафед, вале бо дили чун шоми зимистонӣ сиёҳ вориди хонаи шавҳар мешавад, зеро борҳо дар хонаашон ба гӯши ӯ зарбулмасали машҳури «Хонаи шӯ арра дорад-арраи шашпара дорад»-ро такрор кардаанд. Хушбахтона кам нестанд, занҳое, ки келинро чун духтарашон қабул намуда, дар пешбурди корҳои рӯзгор мададрасонаш мешаванд. Аммо боз ҳастанд модароне, ки бо қадам мондани келин ба остонаи дарашон худро «душмандор» ҳисобида кушиш мекунанд дами «арра»-ашонро тезтару буротар кунанд. Дар оила ба хушунати равонӣ гирифтор гаштани занҳо, низ маҳз аз ҳамин ҷо оғоз меёбад. Дар баъзе оилаҳои тоҷик ба келин ҳамчун каниз муносибат мекунанд ва ин гуна мардум як шиор доранд, келин бояд хизматашро назди хусуру хушдоман ба ҷо биёрад! Ин албатта, хуб аст ва як рукни бисёр ҳам муҳими мустаҳкамии оилаҳои ҷавон низ хизматгор будани келини хонадон аст, аммо дар ин роҳ ба бераҳмӣ роҳ додани хушдоманҳо ва ба ҳар кори келин эродҳои дағалона гирифтани хушдоман алаккай аз ҷо доштани хушунати равонӣ дар ин хонадон хабар медиҳад.
Занро мазан эй мард!
Хушунати ҷисмонӣ хоси оилаҳоест, ки марди хонадон майхора, нашъаманд ва ё беодобу бадахлоқ аст, зеро марди асил ҳеҷ гоҳ ба сари зан даст намебардорад. Баъзе мардон асабонияти аз кӯчаю коргоҳ бардоштаашро ба хонааш оварда, алами Исоро аз Мусо гирифта модари фарзандонашро зери мушту лагат мегирад, ки ин дур аз оини ҷавонмардист. Тоқат кардан ба хушунати ҷисмонӣ ва таҳқиру озори шавҳарро дар байни мардуми мо чун як чизи муқарарӣ қабул мекунанд, ки хеле дардовар аст. Ин тоқатпазирию ба ҷое шикоят набурдан аз рӯи шавҳар, низ аз тарбияи яктарафаи оилавии мо тоҷикон сурат мегирад. Боз ҳамон калонсолони оила ба духтарони синнашон ба арӯсӣ расида насиҳат мекунанд, ки сари кафидаатро зери рӯймолу дасти шикастаатро зери остин пинҳон намуда ҳеҷ гоҳ сирри хонаатро ба берун набарор! Аз рӯи шавҳари муштзӯр ба милиса арз намудан бошад, шармандагии калон маҳсуб меёбад. Аммо аксарият ба писаронашон насиҳат мекунанд, ки албатта «алови чашм»-и занро гирифтан лозим то фардо ба болои сарат набарояд. Чаро мо ба писаронамон намегӯем, ки бо ҳамсари худ муросо намо, ҳеҷ гоҳ ба сараш даст набардор, хатогияшро ба сухани нарм фаҳмон, занро ҳеҷ гоҳ назан, заро зани хуб давлати мард аст! Ногуфта намонад, ки дар бисёр мавридҳо бемаърифатию аз фарҳанги оилавӣ огаҳ набудани бонувони мо онҳоро ба хушунати ҷисмонӣ дучор мекунад, зеро гӯё мард бо сухани хубу насиҳат наметавонистааст занро ба «роҳи рост» дарорад.
Хушунатӣ ҷинсӣ
Боре барои хабаргирии як бонуи шиносам, ки фарзанддор шуда буд, ба яке аз таваллудхонаҳои пойтахт рафтам. Ман бо шиносам сӯҳбат мекардам, ки як ҷавонзани хушқомати зебо тифлаки парпеч дар даст бо ашки шаш-қатор бо марди миёнсоле аз пешамон гузашта рафт. Бонуи шиносам нақл намуд, ки духтарчаи ин ҷавонзани бисту панҷсола бо бемории оташак (сифлис) ба дунё омадаасту аз дидаи бино низ маҳрум аст. Марди миёнсоли ҳамроҳаш хусураш буда шавҳараш дар Руссия мардикор аст… Сад ҳазор лаънат ба он марде фиристодам, ки як ҷавонзани порсои хонашинро ба ин бемории ифлоси нанговар мубтало намуда, гузашта аз ин боиси маъюб ба дунё омадани тифлаки бегуноҳе низ гаштааст. Имрӯз ба ҷойи дар бари ҳамсару фарзандаш будан, гурехта мегардаду бори зиндагии ӯро падари муйсафедаш мекашад. Мутаассифона, ин гуна ҳодисаҳои нангин на танҳо дар оилаҳое, ки шавҳаронашон мардикор ҳастанд, балки байни он мардоне, ки бо ҳамхобаҳои тасодуфӣ алоқаи ҷинсӣ мекунанд, дида мешавад. Онҳо аз шарми бадномӣ ба беморхона нарафта ба худмуолиҷа машғул мешаванд, ки оқибатҳои фоҷиабор дорад.
Зан –дастнигари шавҳар?
Хушунати дигаре, ки байни оилаҳои тоҷик васеъ доман густурдааст, молӣ-иқтисодӣ ном гирифтааст. Ба ин гуна хушунат бештар бонувоне гирифтор мешаванд, ки дастнигари марди хонадон ҳастанд. Аз азал дар байни мардуми мо одате роиҷ аст, ки мард ризқрасони оила асту бояд зану фарзандони худро хӯронаду пӯшонад, вале баъзе мардоне ҳастанд, ки даромади худро аз ҳамсарони хеш пинҳон дошта вазифаи азалии худро ба гардан гирифтан намехоҳанд. Дар ин ҳолатҳо зан агар таҳсилдидаю соҳибҳунар бошад, ҳаргиз гирифтори хушунати молиявӣ-иқтисодии шавҳар намегардад. Зеро аз рӯи касбу кори доштааш як пора нони худу фарзандонашро меёбад. Баъзе мардон ақида доранд, ки зани хонашин ба пул бояд кордор нашавад ва сарфу харҷи он бар зиммаи шавҳар бояд бошад, вале ин иштибоҳ аст. Зани хонашин низ рӯзи дароз овораи кори рӯзгор, тарбияи фарзандон ва хизмати падару модари шавҳар аст ва бояд ҳуқуқҳои ӯ ҳимоя шаванд. Хушунати иқтисодии аз ин ҳам сахттар баъди талоқ бесарпаноҳ мондани зан аст. Дар аксар мавридҳо зани аз шавҳар ҷудошуда бехона мемонад, зеро шавҳар бо баҳонаи пул надорам ва бародарон аз рӯи анъанаи хеле бади тоҷикон «духтар ба мероси падар ҳақ надорад», ба тақдири бонуи баргаштабахт бепарвоӣ мекунанд. Ба ботлоқи бадбӯи фоҳишагӣ афтидан, ба фурӯши маводи мухаддиру дигар корҳои ношоям даст задани бонувон низ маҳз аз хушунати молӣ-иқтисодӣ дидани онҳо манша мегирад.
Мардон ҳам мегирянд…
Мегӯянд, ки ҳар як ҳодисаю воқеа паҳлуҳои дигар низ дорад. Мо низ агар ба хушунати хонаводагӣ аз паҳлӯҳои дигар назар андозем саволе ба миён меояд, ки дар оилаҳои тоҷик танҳо занон хушунат мебинанд? Чуноне ки аз рӯи мушоҳидаҳои рӯзмарраи хеш медонем, мардони зиёде ҳам хастанд, ки дар оилаи худ ба хушунати хонаводагӣ гирифтор ҳастанд. Ду-се сол пеш дар ноҳияи Панҷ марде худро овехта кушт. Тафтишот маълум намуд, ки ин мард ба хушунати пайвастаи равонии ҳамсараш тоб наоварда ба худкушӣ даст задааст. Мард ба нафақа баромадаю бо нафақаи ночиз хостаҳои ҳамсарашро иҷро намуда натавонистааст. Зан дар ғазаб шуда ӯро таъна задааст, ба ин ҳам қонеъ нашуда ба сари ҳамсараш, ки солҳои тулонӣ ҳамроҳ зиста буданд, даст мебардоштааст. Пас аз муштзӯрии охирини зан марди шарафи мардияш помолшуда раҳоӣ аз ин ҳолатро дар худкушӣ мебинад…. Ин ҳодисаи ягона нест, ҳолатҳои ба хушунати хонаводагӣ гирифтор будани мардҳо кам бошанд ҳам вуҷуд доранд.
Меваҳои хушунати хонаводагӣ
Новобаста аз он ки дар оила модар хушунат мебинад ё падар, аз ин кӯдакон азоби зиёде мекашанд. Кӯдакони кӯча, ноболиғони моҷароҷӯю ҷинояткор, кӯдакони хонагурезу мактаббезор, аксарият меваҳои хушунати хонаводагиянд, ки аз бемеҳрии волидон ва тарсу ваҳми дар қалбашон лонакарда рӯ ба кӯча меоранд. Чанд сол пеш барои «Кӯдакони кӯча» ном мақолаам мавод ҷамъ меовардаму бо чанд нафар кӯдакони оворагарди хиёбонҳои пойтахт ҳамсӯҳбат шудам. Симои Анвар ном писараки 11-сола, ки дар бозори «Саховат» талбандагӣ мекард, ҳеҷ аз пеши назарам дур намеравад. Ӯ чашмакони маҳзунашро бо ҳайрат ба ман дӯхта гуфт:- Ман рӯзона дар бозор талбандагӣ мекунаму шабона болои боми мағозаҳо картонро паҳн карда мехобам, чунки агар ба хона равам, падарандарам боз сағираи дарди сарат омад гуфта модарамро зери мушту лағат мегирад. Чанд бор милисаҳо маро дошта ба хонаамон бурданд, аммо азоби модарамро дида боз аз хона гурехтам. Кормандони милиса гуфтанд, ки агар як бори дигар туро дорем ба сағирахонаат мебарем….
Хашму ғазаб зиндагиро тира месозад ва бар замми он мушкилоти зиёде ба бор меорад. Пас, ба хотири ояндаи хушбахтонаи фарзандони хеш месазад, ки хашмамонро фурӯ бурда, сабру таҳаммул ва ақли солимро дуруст кор фармуда , зиндагиро пеш бубарем. Охир, дар пирӣ бе мадагор мондан азоб аст.
Ҷавҳари Саидназар