Мусаллам аст, ки мактабу маориф, театр, китобхона, осорхона, соҳаи варзишу санъат ва ҳунар аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли начандон хуб қарор доштанду то ҳол дар музофотҳо ба беҳбудӣ ниёз доранд. Дар ҷаҳони муосир, ки тағйирёбии вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон пешгӯинашаванда аст, абарқудратҳои дунё ҳам аз хатарҳои идеологӣ изҳори нигаронӣ карда, баҳри ҳифзи суботи ҷомеа ва давлати худ аз шеваҳои мухталиф истифода мекунанд.
Дар баробари масоили глобалӣ ва нашъамандию ифротгароӣ имрӯз мушкили ҷудошавии оилаҳо, ҷинояткорӣ, коҳиш ёфтани маънавиёти ҷавонон ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Гарчанде ба назар мерасад, ки баҳри пешгирӣ аз равандҳои номатлуб аз воситаҳои тарғибию фарҳангӣ хуб истифода мешавад, аммо дар самти омӯзишу таҳияи барномаҳои ҳифзкунанда аз равандҳои хатарзо мушкилу норасоиҳо ҳам ҳастанд.
«Ҷомеаи дардманд»
Тамошои як рӯзи барномаҳои телевизионии шабакаҳои сартосарии Тоҷикистон ва муқоисаи онҳо бо шабакаҳои хориҷии моҳвораӣ посухи мушаххас ба суолест, ки; «Чаро мардум таваҷҷуҳи бештар ба телевизионҳои хориҷӣ доранд?». Рекламаҳои тӯлоние, ки ҳатто барномаҳои муҳими иттилоотиро печида гирифтаанд, ба шабакаҳои телевизионӣ суди молӣ оранд ҳам, тамошобинро дилбазан менамоянд. Имрӯзҳо дар баъзе шабакаҳои телевизионии кишвар маводи тиббӣ ба ҳадде зиёд тарғиб мешавад, ки тамошобини хориҷ аз кишвар моро ҷомеаи дардманд меҳисобанд. Телевизиони тоҷик то ибтидои солҳои 90 асри гузашта барномаҳое сертамошобине дошт, ки мардум рӯзҳои пахши онҳоро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Баъзе муаллифону таҳиягарони он барномаҳои дилошӯб ҳоло дар қайди ҳаёту дар ин соҳа фаъолият доранд, вале бо кадом сабабҳо чунон барномаҳо дубора ба эфир намебароянд, мавзӯи баҳси алоҳида аст.
«Тӯфон» дар халои маънавӣ
Таваҷҷуҳ ба маводи видеоӣ ба афкори мардум таъсири бадтар аз барномаҳои ноҷолиби телевизионӣ расонида истодааст, ки мутаассифона мардум онро дарк намекунанд. Сатҳи пасти матни «диск»- ҳои бозорӣ, бадзабонию тарғиби фарҳанги бегона аз ҷониби клипсозони тоҷикистонӣ ва филмҳои хориҷӣ ба афкору маънавиёти ҷавонон ончунон асар намудааст, ки дигар эшон ба олами китобу театр таваҷҷӯҳ надоранд. Гарчанде соле пеш мақомот дар мавриди сабту паҳни филмҳои бадтаъсири туркӣ тадбирҳое рӯи даст гирифта буданд, аммо имрӯз бозори синамои туркӣ бештар аз ҳарвақта гармтар аст. Ҳамзамон дар бозори сиёҳи синамо филмҳои тасвирию бадеии даҳшатфикани ҷаҳони ғарб, Амрикоу Россия зиёд паҳн шудаанд, ки тӯфонвор халои маънавии ҷомеаро пур мекунанд. Имрӯз дар аксар хонадони русто баста-баста дискҳои синамои туркиро дидан мумкин аст, аммо ҷойи китобу дигар ашёҳои таълимӣ дар ҷувздони фарзандонашон холист.
«Теле»-хатар
Телефонҳои мобилӣ бар зами пешрафтҳо дар таъмини алоқаи ба роҳат ва осон гаштани садҳо мушкилоти қаблӣ, яке аз воситаҳои дигари коҳиш ёфтани хулқу атвори ҷавонон хоса духтарон арзёбӣ мегардад. Бесабаб нест, ки солмандон сабабгори бадахлоқию бадбахтии баъзе духтарон, муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ ва дигар масъалаҳои ахлоқии ҷомеаро ба истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ рабт медиҳанд. Соли гузашта шоҳиди ҳодисаҳои зиёди тариқи телефон талоқ додани ҳамсарон аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ будем. Ва дуруст аст, ки агар телефони мобилӣ намебуд, мардон сари ҷаҳл ҳамсарони бегуноҳро талоқ намедоданд.
Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо баъзе ширкатҳои мобилии дар кишвар фаъол, сабаби бадахлоқии ҷавонон мегарданд. Зеро ин ширкатҳо бо баҳонаи он ки барномаву паёмномаҳои онҳо бо тарзи «автоматӣ» сурат мегиранд, ба телефонҳои муштариён матнҳои бемаъниеро ирсол мекунанд, ки метавонад ҷавононро саргарми шуғлҳои номуносиб намояд. Албатта, муштариёни тарбиятдида паёмакҳои нолозимро нохонда, аз телефон ҳазф мекунанд. Вале аҷиб менамояд, ки вақте барои муайян кардани тавозуни мобилӣ рақамҳои лозимаро пахш мекунем, аз ширкати мобилии Tсell дар идомаи маълумоти зарурӣ чунин паёмакҳо меоянд; «Ба 0930 занг бизан ва ошиқ бишав», «…Шаҳриёр ту бераҳмӣ… занг бизан 0222», «Дар ин зимистон туро шиносоиҳо ва ишқ интизор. 0930 ройгон»… Маҳз ба ҳамин монанду «ишқ» -у «корҳо»-и ройгони барои маънавиёти мардуми мо бегона, метавонад таваҷҷуҳи баъзе ҷавонро аз илму донишандӯзӣ дур созанд.
Охир, бузургони ин миллат ҳазорсолаҳо ин ҷониб ишқу муҳаббатро чун арзиши муқаддаси инсони медонистанду мекӯшиданд онро аз амалу рафторҳои ғайриахлоқӣ поку беолоиш ҳифз намояд. Яъне ошиқӣ на амри ҳатмию зарурӣ, балки як навъ гирифторӣ буду ошиқу маъшуқ эҳсосоти хешро овоза намекарданд. Аммо ширкатҳои мобилӣ имрӯз вазифаи даллагиву миёнаравиро анҷом медиҳанд. Мутаассифона, имрӯз падидаҳои манфии зиёде, ки барои ахлоқи ҷомеа хатарзоянд, зиёд ба назар расанд ҳам ҷомеашиносону таҳлилгарон гӯё онҳоро намебинанд. Аз ин рӯ, дар баробари баланд бардоштани масъулияти падару модар, оила ва мактаб дар тарбияи ҷавонон, масъулонро мебояд равандҳои носолимро дар ҷомеа ошкору фазои маънавии онро аз «дом»-ҳои густурда ҳифз намоянд. Агар имрӯз иттилооту маънавиёти бегона аз решаашон барканда нашванд, ҳарчӣ қадар дар самти тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, рушду бунёди муассисаҳои варзишӣ - фарҳангӣ корҳои назаррасе анҷом бидиҳем ҳам бефоида. Инро бояд фаромӯш насозем, ки пешрафти технологӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари беҳбудии зиндагии башарият, боиси аз байн рафтани фарҳангу арзишҳои миллии халқҳои аз лиҳози ҷурғрофӣ хурду иқтисодашон заиф ҳам шудааст.
Ҷамолиддин Сайфиддин