Тули таърих тоҷикон бо фарҳанги волову тамаддунофарӣ номвар гаштаву аз хирвори ганҷи хеш дурдонаҳои санъату адаб, кашфиёти улуми диниву дунявӣ, суннату анъанаҳои воло, сохти оқилонаи давлатдориву девонро ба башарият эҳдо намудаанд.
Агар ба саҳфаҳои гузашта назар афканем, мардуми тоҷик бо назофату покизагӣ, хулқи нек ва кирдорҳои писандида шуҳравар буд.
Нишотангез аст, ки насли имрӯз бо гузаштаи хеш меболаду русуми ниёкон ва таълимоти оламшумули ононро мавриди омӯзишу баҳрабарӣ қарор медиҳад, ки намунаи возеҳи онро метавон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мушоҳида кард.
Рушду нумӯи бесобиқаи кишвар, ободу зебову пироста шудани шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳои дурдаст далели нуктаҳои болоанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватандӯст роҳандозӣ мегарданд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то чӣ андоза мардум имрӯз анъанаи покизарӯзгории ниёгонро пос дошта, ба қадри дороиҳои кишвар мерасанд ва чӣ гуна муносибатро нисбат ба обу хоку ҳаво, иншооти тафреҳиву солимгардонӣ, гулу майсазорони боғу гулгашту хиёбонҳо доранд. Гоҳо бо таассуф шоҳид мегардем, ки нафаре коғази қанд, пӯсти офтобпараст, зарфи холии нӯшокиҳо ва дигар партовҳоро бепарво рӯи раҳ, ё даруни об афканда, аз олудашавии тадриҷии муҳит намеандешанд. Мушкилоти тозагии шаҳрро аз фаъолияти номунтазами хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, ки масъули поксозии кӯчаву хиёбонҳо ҳастанд, медонанд, аммо қоидаи муҳиме сарфи назар мегардад, ки тоза на он ҷост, ки пайваста пок месозанд, балки ҷоест, ки онро шаҳрвандонаш покиза нигаҳ медоранду хасе рӯи раҳ намепартоянд.
Заҳмати шаҳрдорӣ
Чун шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии кишвар буда, дорои иншооту корхонаҳои азим ва шумораи зиёди аҳолӣ нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ мебошад, дар мисоли он метавон масъалаи тозагии муҳитро матраҳ кард. Бояд гуфт, ки ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, шинондани ниҳолу буттаҳо ва ба мураттаб даровардану тоза нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо метавон эҳсос намуд. Дар доираи тадбирҳои шаҳрдорӣ боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳои зиёде бунёд ва навсозӣ гардиданд. Ин нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба истироҳату фароғат ва фароҳам овардани фазои солим барои фаъолияти шаҳрвандон аст. Мутаассифона, ҳар рӯз мушоҳида мегардад, ки дар ҳузури мо партов ҳаво медиҳанду ҳама хомӯшем, рӯи раҳи тозаву озода чизе партофтаанду онро аз ба қуттӣ партофтан ибо мекунем.
Покизагии муҳит, аз як тараф, агар хавфи сар задани бемориҳои сироятиро пешгирӣ намояд, аз нуқтаи назари равонӣ мояи ифтихор ва болидаруҳии инсон мегардад. Равоншиносон ба он муътақиданд, ки муҳити покизаву бароҳату батартиб дар шахс майлу хоҳиши шарики дигаргунсозиҳо буданро бедор сохта, масъулияти ӯро назди ҷамъият меафзояд. Аммо, агар рӯи раҳи тоза партове ҳавола кунем, беихтиёр гунаҳкори силсилаи партовпартоиҳо мегардем, чун дигаре аз пайи мо ин амалро такрор хоҳад кард, бо иддаое, ки ин мавзеъ қаблан партов дошт. Пас, чӣ бояд кард?
Ба партовпартоӣ хотима бахшем
Иддае тарбиятдидаанд ё огоҳанду дарк месозанд, ки муҳитро набояд олуда кард, дигарон баръакс. Мебояд, ки ҳамроҳ рафтори худро тағйир диҳем – партовро ба ҷойҳои ба ин мақсад муайяншуда партоему покизагиро на танҳо дар зистгоҳи хеш, балки дар даромадгоҳи биноҳо, саҳни ҳавлӣ, майдону кӯчаву хиёбонҳо таъмин намоем ва аз ин амал ибо накунем. Масалан, дар Ҷопон новобаста аз вазифаву мансаб хурду бузург, агар рӯи раҳ партове бинанд, ҳатман онро мегиранду дар ҷойи муайяншуда мепартоянд. Ҳайвони хонагиро, агар ба сайр бароранд, бо худ халтаи полиэтиленӣ ва дар зарфи пластикӣ об мегиранд. Мабодо, агар саг қазои ҳоҷат кунад, саргинашро ба халта гирифта, ба лахти макруҳ об мепошанд ва ба партовгоҳ бурда мепартоянд. Дар як қатор кишварҳои Аврупо низ, чунин амал роиҷ аст.
Тозакориро омӯзем
Анъанаи маъмулии ба шанбегӣ баромаданро идома диҳем. Агар бо аҳли хонавода ва ҳамсояҳо роҳраву зинапояҳо, гирду атрофи биноҳои истиқоматиро ба тартиб орем, эҳсоси ҳамбастагӣ карда, аз амали худ болидаруҳ мегардем. Шояд бархе андешанд: «Бароям магар зарур аст?», «Ба ман дахл надорад» ва «Ҳамоне, ки ифлос кардааст, тоза намояд». Ҷасорат мебояд, то худхоҳиву худбиниро аз худ дур андохта, аз назари атрофиён наҳаросему шаҳри худ, маҳали зисти худ, дунёи худро пок созем.
Кӯдаконро омӯзонем
Дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна, агарчи ба кӯдакон муносибати ғамхорона ба муҳити зист ва тозагиву олуфтагӣ омӯзонанд ҳам, берун аз девори таълимгоҳ онҳо рафтори дигар, манзараи дигарро мебинанд. Волидон бояд ба тарбияи экологии насли наврас эътибор дода, дар мисоли худ нишон диҳанд, ки дар кӯчаҳо чизе напартоянд, баъди нишаст дар табиат (пикник) бозмондаҳоро ҷамъ оранд, сатили партовро аз хона то партовгоҳ расонда, на дар замин, балки даруни қуттӣ резанд. Агар бо фарзандон дар кӯча ё табиат партовҳоро даруни халтаҳо ҷамъ оварем, бо ин роҳ шояд дар зеҳни мардум ҷой диҳем, ки ба атроф чизе партофтан ҷоиз нест. Мисли албом-эстафета ин иқдоми наҷибро давом диҳему бо чунин шева ташвиқоту таблиғот барем.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии ифлосшавии муҳит як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расондааст, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, маърифати экологии аҳолӣ, иттилооти экологӣ, партовҳои истеҳсоливу истеъмолӣ ва ғайра. Масалан, дар дастурамали «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» омадааст, ки поймол кардани мавзеи кабудизор, гулгашт, канда партофтан ё бо худ гирифта бурдани гулу сабзаҳо, шикастану буридани дарахтону буттаҳо, дар мавзеи кабудизор ё назди он партофтани маҳсулоти кимиёвӣ, обҳои саноатӣ, моеъҳои зараррасон ва ғайра қатъиян манъ буда, дар ҳолати вайрон кардани чунин тартибот мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нафарон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бояд гуфт, ки донишҳои экологии шаҳрвандон баланд гардад, ғамхорӣ ба муҳит низ меафзояд.
Ба қадри заҳмати дигарон расем
Ҳамагон шоҳидем, ки субҳгоҳон кӯчаву хиёбонҳои пойтахт тозаву озодаанду обзада, гулу сабзаҳои муаттар роҳат нумӯ кардаанд. Аммо кам сари он меандешем, ки ин зебоиҳо самари заҳмати дастони кист. Тозакоронанд, ки ҳама фасли сол шаҳрро аз ғаждиҳо, барфу хазонҳо пок месозанд. Табиат, агар ба заҳмати тулонии онҳо тараҳҳум накунад, мо қодирем, ки заҳмати онҳоро қадр намоему аз партофтани ашёву ҳаво додани партовҳо худдорӣ варзем. Бо меҳнати дастаҷамъона тозагии муҳитро таъмин намоем. Масалан, халтаҳои селофанӣ, ки метавонанд озод ҳар сӯ парвоз кунанд, то 300 сол ҳам намепӯсанд. Онҳоро батак¬рор истифода барем, ё пурра аз онҳо даст кашему ба борхалтаҳои коғазӣ ё матоӣ гузарем. Фарзандон лоиқи он нестанд, ки ба онҳо ояндаи пур аз партовҳои рангорангро ба мерос монем.
С. АШӮРОВА