МУШКИЛКУШОЙ
Мушкилписанд модар, мушкилкушой модар,
Ҳам роҳпой модар, ҳам раҳнамой модар.
Не шамс ҷогузинат, не моҳ ҷонишинат,
Ҳастӣ чу арш барҷо бе тахту ҷой, модар.
Осоише надидӣ аз дарду ғусса, аммо
Андуҳзудой модар, шодифизой модар.
Моро гусел карда, дар кунҷи хона танҳо,
Бигристӣ зи қисмат бо ҳой-ҳой, модар.
Ашки ниҳониатро ҷуброн чӣ сон тавон кард?
Бахшой, ой модар, эй вой-вой, модар.
Гаҳ бахт ҷуста рафтам, гаҳ тахт ҷуста рафтам,
Ғофил, ки дар кафи туст мурғи ҳумой, модар.
Қадри туро агарчи мо - ғофилон надонем,
Болост қиммати ту, назди Худой, модар.
Мо зангбаста ҳастем, оинакорӣ аз туст,
Ин ҷурму кини моро аз дил зудой, модар.
Роҳе, ки мерасонад моро ба растагорӣ,
Бо як ишораи нек бар мо намой, модар.
Дар ин саройи куҳна бас навҳаҳо кашидам,
Як лаҳза аллаатро аз нав сарой модар.
То дасти сарди пирӣ аз доманам нагирад,
Баҳри Бузургмеҳрат ту дер пой модар.
АНҶУМАНИ НАВРӮЗ
Пайдост, ки Аҳриман мағлуби Аҳуро шуд,
Аз нуру зиёи Ҳақ оина муҷалло шуд.
Наврӯзи бузурги мо иди ҳама дунё шуд,
Вораста зи танҳоӣ «ман»-ҳо ҳамагӣ «Мо» шуд.
Дилҳо бари дилҳоянд,
Дилдода саропоянд.
Бо омадани Наврӯз,
Саргарми таманноянд.
Наврӯзи Ватан хуш бод,
Дар боғу чаман хуш бод.
Дар анҷумани Наврӯз,
Наврӯзи сухан хуш бод.
Наврӯз, ту дунёӣ, Наврӯзи аҳуроӣ,
Наврӯз, ту яктоӣ, Наврӯзи авастоӣ.
Наврӯзи ҳама рӯзӣ, Наврӯзи пур аз рӯзӣ,
Наврӯз, ту имрӯзӣ, Наврӯз, ту фардоӣ.
Дилҳо бари дилҳоянд,
Дилдода саропоянд.
Бо омадани Наврӯз,
Саргарми таманноянд.
Наврӯзи Ватан хуш бод,
Дар боғу чаман хуш бод.
Дар анҷумани Наврӯз,
Наврӯзи сухан хуш бод.
БАҲОРПАРВАР
(Ба хоҳарам)
Ту нусхаи сиришти поки модарам,
Ба неку зишти зиндагонӣ доварам.
Ту ҳам чу модарам гулу баҳор парварӣ,
Баҳорпарварам.
Барои ман,
Барои кӯдакони ман зи ҳар чи ҳаст, бигзарӣ,
Фишонда даст бигзарӣ.
Зи пушти дар чу ҳар гаҳе садот бишнавам,
Дилам пур аз фараҳ шавад,
Ва кулбаи хароби ман пур аз шунаҳ шавад.
Илоҳӣ, боз бишнавам,
Садои хушнавои ту.
Ҳамин бувад баҳои ту –
Гулу баҳорпарварӣ,
Ба модарам баробарӣ.