Суҳбати идона бо Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона
- Аз Наврӯз то Наврӯз… Як соли аҷдодии мо сипарӣ гашт. Соле, ки гузашт, дар хотири Шумо чӣ таассуроти мондагоре баҷо гузошт?
- Наврӯзи гузашта дар милодгоҳи Одамушшуаро Рӯдакӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ба номи Лоиқ Шералӣ Пешвои миллатамонро шодбош гуфтем. Чи урдибиҳишти атргардоне буд, ки чанд рӯзи хуҷастааш дар оғӯши Самарқанди қандманд босаодат гардид. Самарқанде, ки дили Ҳофизро ба шӯр оварда, ин байтро аз сувайдои дилаш бароварда:
Хез, то хотир ба он ёри самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме.
Дар «Шоҳнома» ишорае ҳаст, ки Рустами Таҳамтан на сол ба солу моҳ ба моҳ, балки рӯз ба рӯзу соат ба соат қад мекашид. Аҷиб, ки таҷаддуду таҷаммули оламорои Душанберо мебинаму меандешам, ки пойтахти азизи мо ҳам, шукр, ки сония ба сония зеботар мешавад.
Тирамоҳи гузашта Наврӯзи дигаре дар ҳаёти миллат буд: Наврӯзи Роғун. Бигзор миллати мо бо тааҳҳуди бузурги ҷовидонааш давом бахшад ва ба аҳли олам нури воқеиву нури рӯҳонӣ эҳдо созад.
- Соли гузашта бо чаҳор фаслаш дар ойинаи тамомнамои ашъори диловези Шумо бо кадомин рангҳо инъикос гардид?
- Чӣ суоли муносибу мувофиқ ва дархӯри ҳоли маро пеш овардед, бародари арҷманд. Барҳақ, ки чаҳор фасли сол ва кадомин фаслҳои дигари рӯъёиву маҷозӣ дар ойинаи ҳуруфи мо акснамо шуданд ва ин ашъорро ба фаслнома шабеҳ намуданд. Ман мехоҳам, ки чакомаҳои дилам аслнома бошанд, на фаслнома.
- Ба пиндори Шумо нақши бонувони суханвари тоҷик дар адабиёти имрӯз чӣ гуна бошад?
- Мо дар дабистону адабистони устодон Лоиқу Қаноату Гулрухсор омӯзаву афрӯзаҳои бешумор бардоштем. Масалан, устод Гулрухсор ба забонҳои тоҷикию русӣ шеър мегӯянд, роман меофаранд, драмаҳои манзуму мансур менависанд, осори бузургони оламро тарҷума мекунанд ва як умр бо садоқати ҷовидона дар посгоҳи ҳунар пояндаву мондагоранд. Магар хидмати як бонуи тоҷик дар баробари миллат ва ақвоми башар, дар баробари фарҳангу адаби имрӯзу фардо метавонад аз ин фузунтар бошад?!
Орзу меварзам, ки нозанинони навтулӯи мо низ бо ишқу хулуси бетардид худро ба коргоҳи таҷрибаҳо баранд ва дар адабиёти чандинҳазорсолаи мо офарандаву оварандаи тозакориҳои бемонанд бошанд.
- Таманниёти наврӯзии Шумо ба ҳама тоҷикистониён ва мардуми ҷаҳон, чун Наврӯзи оламафрӯзи мо кайҳо байналмилалӣ гаштааст?
- Ин саодати бузург аст, ки мову шумо ба табрики ҳамдигар расидем. Гӯё кори одиву маъмулӣ менамояд ҳамдигарро муборакбод гуфтан, аммо аз Наврӯзи пешин то Наврӯзи тоза чӣ қадар инсонҳо ҳамин кори одиро наметавонанд анҷом диҳанд. Барои азизони мафқуд, яъне ба рафтагон аз ин ҷаҳон, дигар офтоб бирешими тилло наметанад, дигар субҳҳои нилуфарӣ ваъдаи саодат намедиҳанд, дигар гулҳои навтулӯъ ҳамосаи зебоӣ намехонанд, дигар ишқ дар дилҳояшон талалуъ намекунад, дигар Наврӯз намеояд… Ёдашон ба хайр, Боғи фирдавс барояшон Наврӯзгоҳи сармад бод! Мову шумо шукри беадад мегӯем Эзиди ҷаҳонсозро, ки боз атри гули зардолуро шамидем, боз ба саломи субҳгоҳи баҳор алайк гуфтем, боз башорати инсонҳои навпаёмро шунидем.
Рӯзе, ки ниёгони мо нахустин бор найшакарро пайдо карданд, шоҳ Ҷамшед амр намуд, ки ин рӯзи хуҷаста барои мардуми форс Наврӯз бошад. Дар назари ман қалам низ мушобеҳи най аст, найе, ки оби наботу шакар аз ӯ тарашшуҳ мекунад. Бошад, ки дар Наврӯз ба ҳамдигар ҳарфи шакарпора тақдим кунем. Ҳарфи шакарпора таъми хурӯсқанду себқанде дорад, ки дар рӯзгори 7-солагиамон бо пули маъсуми идӣ мехаридем ва ҷаҳонро шодикадаву фариштазор медидем. Бошад, ки худамон шабеҳи Наврӯз бошем ва Наврӯзи ростинро тақдим кунем: ба кӯҳу барзан, ба ношиносу ошно, ба субҳу шом, ба Ватан, ба миллат, ба фардо.
Дили пиру ҷавон Наврӯзгоҳ аст,
Замину осмон Наврӯзгоҳ аст.
Дар ин якчанд рӯзи сабз дар сабз,
Насабзидан, насабзидан гуноҳ аст!
Наврӯзатон муборак, устодони муаззам, қаламварони фардоафрӯз, азизони тозаоғоз, аҳли завқу аҳли роз, ки бо хомаи муъҷиза аз дил ба дилу аз марз ба марз ва аз имрӯз ба оянда нақб меканед. Ман бо иродати азиму хулуси беғуруб шуморо шодбод мегӯям ва аз Халлоқи олам мехоҳам, ки барои идомаи рисолати арҷманд, барои саломату саодати мудом, барои ибтикору тозакориҳои бемонанд ва барои тапиши ҷовидонии дили ҳурмуздии шумо имрӯзу фардо ҳамеша рухсату фатво диҳад.
Наврӯзатон муборак, пирони замин, ки гандумҳои навсабзатон хокро нусхаи биҳишт мекунанд.
Наврӯзатон муборак, эй равандагони бозор, ки кӯлборҳои вазнинро лаҳзае аз дӯш ба замин мегузореду дарахти зардолуи гуловезро, ки дар сари роҳатон шукуфтааст, тамошо мекунед.
Наврӯзатон муборак, эй кӯдакони гулгардон, ки моҳе пеш гули баҳман дар даст хона ба хона мегаштед. Шумо аз ҳама пештар садои баҳорро мешунавед. Наврӯзатон муборак, эй бунафшаҳову ҳулбӯҳову лолаҳои маъсум, ки дар ҳар сулулатон зебоӣ фарёд мезанад.
Наврӯзатон муборак, эй дилҳое, ки ҳама мафоҳими хуҷастаи дунёро аз ҳалокат наҷот додаед: Ишқро, Ҷавонмардиро, Наврӯзро…
Суҳбатнигор
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд