Ҳуҷраи кории ӯ моломоли китоб аст. Рӯи мизи корӣ, ҷевону рафҳо ва рӯи фарш ба андозаи ним метр китобҳои тозанашру бештар бачагона ботартиб ҷой гирифтаанд. Айнак ба чашм орому ҳамеша пайи мутолиа аст…
Хоҳари бузургаш чор ва ӯ як сол дошт, ки модараш вафот кард. Чанде пас падар низ тифлаконашро абадӣ падруд гуфт. Ягона бародараш, ки адои хизмати ҳарбӣ мекард, рухсат шуду ба парастории хоҳараконаш омад. Ӯ аз таҳсил дур монд ва дар колхоз ба фаъолият пардохт, то таъмини рӯзгор кунад. Агарчи аҳди шӯравӣ буд, хоҷагии деҳот аз ҳама чиз танқисӣ дошт. Бар ивази заҳматҳо бародараш на маош, балки ғалла ва зироат мегирифту бас. Бад-ин минвол, хоҳаракон дар хонаводаи бародар, ки акнун оиладор буд, тарбия ёфтанд. Ин духтараки аз меҳру навозиши волидайн маҳрум, ташнаи илм буд, ки ба китобхонаи мактаб рӯ оварду баҳри худ дунёи рангинеро кашф намуд. Дунёи бачагии поку беғаш, навозиши падар, меҳри модар ва дӯсти ҳамрозашро аз саҳфаҳои китоб дарёфт. Китобдори мактаб – Рухсатхола бо тааҷҷуб ҷаҳду талошҳои духтаракро мушоҳида мекард. Рӯзе гуфт: «Духтарам, китобе намондааст, ки ту нахонда бошӣ, ба китобхонаи ноҳия рав, он ҷо китобҳо зиёдтаранд». Ҳамин тавр ҳам шуд.
Пас аз хатми мактаб, агарчи ҳаваси донишҷӯӣ дошт, аз вазъи иқтисодии бародар бохабар, аз азми худ даст кашид. Хабари озмуни «Ҳаваскорони бадеӣ»-ро шуниду беқарор гашт ва аз бародараш хоҳиш намуд, ки ҳамагӣ 40 рубл роҳкиро то Душанберо баҳри ӯ пайдо кунад. «Ваъда медиҳам, ки дигар шуморо ҳаргиз ташвиш надиҳам», - гуфт. Моҳи июни соли 1967 ҳамроҳ бо бародар озими пойтахт шуд. Дар озмун ширкат варзиду шеъри «Савганд»-и Мирзо Турсунзодаро қироат намуд. Худи устод Турсунзода бо Аминҷон Шукӯҳӣ дар сафи пеш нишаста буданду барояш гарму самимӣ кафкӯбӣ карданд. Вай лоиқи дипломи дараҷаи олӣ шуд. Ба ҳамин минвол, тавонист ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин супорад ва донишҷӯ гардад.
Ба қавли додааш вафо кард. Нимсолаи аввал ба гирифтани стипендия ба ҳаҷми 35 сӯм (рубл) мушарраф шуд. Донишҷӯи фаъолу пешқадам, ки буд, аз нимсолаи дувум 50 сӯм ва ниҳоят, ба гирифтани стипендияи ленинӣ ба ҳаҷми 110 сӯм сазовор гашт. Ба пайвандон, хусусан ба бародар дасти мадад мерасонд. Иллате дошт, ки бо он зистан барояш гаронӣ меовард. Айёми хурдсолӣ афтида, пояш шикаста буду андаке кӯтоҳ, ки роҳгардиро барояш ниҳоят душвор месохт. Соли панҷуми таҳсил дар донишгоҳ азм намуд, то ҷарроҳӣ кунад. Рухсатии академӣ хост, аммо декани вақти факулта шодравон Воҳид Асрорӣ аризаи ӯро рад карду қатъи назар аз вазъи тандурустӣ барои идомаи таҳсил ӯро таҳрик дод. Ҳамин тавр, тӯли як сол миёнаш то нӯги пой гаҷбаста буду дар беморхона бистарӣ. Ҳамсабақон зуд-зуд ба аёдати ӯ омада, барои аз худ кардани барномаи дарсӣ ёрӣ мерасонданд. Бо ин мақсад, сардухтур низ ҳуҷраи кории худро, ки мизи калон дошт, аз ашёи нолозим тиҳӣ сохту барои навиштани кори дипломиаш онро ба ихтиёри духтараки донишҷӯ супурд. Рӯи занбар ӯро ҳар бегоҳ ин ҷо меоварданд ва то поси шаб мутолиа мекарду менавишт. Ҳине, ки аз беморхона гусел шуд, аввалин нафаре, ки кори дипломиро муваффақ супурд, ӯ буд…
Ин бонуи фарҳангдӯст Латофат Кенҷаева аст, ки барои зебову рангин кардани дунёи кӯдакон ба эҷоди шеъру тарона, афсона, ҳикоя ва дигар жанрҳои бадеӣ даст дорад. Фаъолияти меҳнатиашро аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Муҳаррири шуъбаи адабию драмавӣ, муҳаррири калони шуъбаи сиёсӣ ва баъдан дар радиожурнали «Фирӯза», ки барои бонувон таҳия мегардид, муддати 10 сол заҳмат кашид. Пас, бо даъвати Мавҷуда Ҳакимова ба маҷаллаи «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») ҳамчун муҳаррир ба кор гузашт ва то соли 2014 сардабири ин маҷалла буд. Алҳол роҳбари созмони ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» асту ба табъу нашри адабиёти бадеӣ, бахусус адабиёти бачагона масруф аст.
- Сарфи назар аз вазъи нобасомони кишвар дар солҳои 1992–1994 маҷаллаи «Машъал» сари вақт чоп ва дастраси хонанда мегардид. Азбаски барои ҷавонон дигар нашрияҳо аз чоп монданд, соли 1994 «Машъал»-ро ба «Истиқбол» бадал кардем. Дар пояи он маҳфиле низ доштем бо номи «Фестивали китоб ва мусиқии Истиқбол», ки дар навоҳии дуру наздики Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон баргузор мегардид, - иброз дошт Л. Кенҷаева.
Ба «Машъал» ба кор омадани ӯ тасодуф набуд. Ҳанӯз айёми мактабхонӣ шеър менавишту дар озмунҳои ин маҷалла ширкат меварзид ва пирӯз мешуд. Солҳои нахустини донишҷӯӣ ба кор дар «Машъал» ҷалб гардид.
- Шавқу ҳаваси барои кӯдакон чизе эҷод кардан аз ҳамон вақт пайдо гашт. Он ҳама орзуҳое, ки дар кӯдакӣ доштам, шояд ба ин восита хостам онҳоро амалӣ созам. Ҳарчанд насру назм барои калонсолон ҳам навиштаам, вале дунёи кӯдакон бароям наздику маҳбубтар аст. Бо забони содаи фаҳмо, бо назардошти мавзӯъҳои тарбиявӣ барои кӯдакон шеърҳои ҷолибу шавқовар мебояд навишт. Тариқи шеъру афсона кӯдак дунёи худро месозад ва бузург мегардад. Агарчи бархе эҷоди ашъори бачагонаро саҳл мепиндоранд, дар ин бора гуфтаи адиби оламшумул Максим Горкийро овардан бамаврид аст: «Барои калонсолон зиёд навиштаанду менависанд. Баҳри кӯдакон низ ба мисли калонсолон мебояд навишт, вале аз он беҳтар», - иброз дошт бонуи адабпарвар.
Давоми фаъолияти пурмаҳсули хеш ин бонуи ташаббускор зиёда аз 300 номгӯи адабиёт барои бачагонро бо 9 забони дунё дар ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр намудааст. Бар он назар аст, ки китобҳои бачагона бояд бо расму тасвирҳои ҷолибу зебо ороиш ёфта, бо сифати аъло нашр гарданд, зеро кӯдак нахуст таваҷҷуҳ ба тасвир менамояд.
- Вақте ки ба кӯдак китобҳои пастсифатро рӯи коғазҳои газета нашр мекунем, ин маънои онро дорад, ки мо кӯдаконро бо завқи паст тарбия менамоем. Ҳамқадами замон мебояд буд. Ба мисли кишварҳои Аврупову Амрико бояд китобҳои беҳтаринро ба тифлакон пешниҳод созем. Ҳар қадаре, ки ба кӯдакони худ бо меҳр дониш диҳем, ҳатман рӯзе он ба мо бармегардад, - иброз медорад Латофатбону.
«Сандуқчаи марворид», «Баднафсак», «Гаҳвораҷунбон», «Нома ба бародар», «Мӯрчаяки баднафс» ва як қатор китобҳои дигари ин бону миёни хурдсолон маҳбубияти хосса пайдо кардаанд. Китобҳои «Садранга пуфак баҳри Юсуфак», «Регистон» ва «Духтари баҳор» соли 2018 дар кишвар китобҳои сол эълон гардиданд.
- Ҳоло ҳам имкон дорам, ки аз сидқи дил барои фарзандони миллатам заҳмат кашам. Алҳол, наздики 60 китобро барои чоп омода намудаем, вале, мутаассифона, барои нашри онҳо аз лиҳози маблағ танқисӣ мекашем. Умед дорем, ки соҳибкорони ватандӯст барои ғанӣ гардондани маънавиёти кӯдакон ёрии худро барои чопи ин китобҳо дареғ намедоранд,- изҳор намуд Л.Кенҷаева.
Латофатбону дар матбуоти тоҷик ғайр аз маҷаллаи «Машъал» (минбаъд «Истиқбол») ҳамчунин барои маъюбон рӯзномаи «Дилсӯз»-ро бо теъдоди 10 ҳазор нусха рӯи чоп меовард.
- Сухани соҳибқаламон бояд зебову дилнишин бошад ва ба мардум шодмонӣ оварад. Ҳар он чизе, ки барои халқ менависем, бояд сухани боандеша бошаду созанда. Қалам бояд барои некӣ, зебоӣ ва ободкорӣ масраф шавад. Ҳар он чизе, ки дар зиндагӣ дарёфтам, аз китоб аст, - ироа намуд дар интиҳо адиби хушкор Латофат Кенҷаева.
Ситора Ашӯрова