Тавсия ва андешаҳои мутахассиси соҳаи мӯд, тарроҳи сатҳи ҷаҳонӣ - Мавлуда Ҳамроева пиромуни мӯд ва фарҳанги либос.
- Аслан, ба кори тарроҳӣ замоне, ки фарзанди нахустинамро интизор будам, ҷиддан машғул шудам. Ба ман писанд буд эҷоди либосҳои кӯдакона. Аз ҳамин рӯ, аввалин маҷмӯи либосҳои эҷоднамудаам кӯдакона буданд.
Дӯхтудӯзро дар 18 – солагӣ, вақте бибиям аввалин мошинаи дӯзандагиро ба ман туҳфа намуд, оғоз кардам. Касбамро бениҳоят дӯст медорам. Ҳангоми ба шогирдон омӯзондани нозукиҳои касб ва аз ҷараёни амали васлу насби пораҳо ва рӯи коғаз овардани тарҳи нави либос ҳаловат мебарам. Худро устоду онҳоро шогирд эҳсос намекунам, балки ҳамкори худ меҳисобам. Ҳамеша дар интихоби нақше ё навоварие бо онҳо табодули назар мекунам. Мо ҳамкасбем, фарқ танҳо дар он аст, ки яке таҷрибаи бештар дораду дигаре камтар. Вале, ба ин нигоҳ накарда, ҷавонон гоҳо тарҳҳое пешниҳод месозанд, ки дар ҳайрат меафтам. Бо камоли майл аз таҷрибаи андӯхта ва ҳунарам ба онҳое, ки дар дил завқи дӯзандагӣ доранд, ройгон омӯзиш медиҳам, - мегӯяд бону Мавлуда…
Яке аз орзуҳояш мактаби худро кушодан аст. Ба қавли ӯ, мактабе, ки дар он бо сабку услуби Мавлуда кор баранд, бояд бо диди нав ба эъҷози ҳунари худ назар афкананд. Бештар сариштакор бошанд. Ӯ ҳамеша аз дастпарваронаш тақозо менамояд, то дар эҷоди намунаи либос аз тарзи ҷадиди тарроҳӣ бо истифода аз унсурҳои фарҳанги миллӣ кор бигиранд. Ҳатто аз матои резгӣ барои кӯдакон куртача ё дастӣ (клатч) омода сохтану бо ин усул ҷалб намудани онҳо низ яке аз тариқаҳои кори ӯст.
Намунаҳои эҷоди Мавлуда Ҳамроеваро имрӯз метавон дар бари бонувони Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбок», меҳмондорони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», дастаи мунтахаби варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ширкати «Tcell», сарояндагону ҳунармандон ва боз саду як ҷои дигар дид.
Либоси эҷоднамудаи Мавлуда дар худ рангомезии фарҳанги шарқу ғарбро таҷаллӣ месозад ва хати нозуки нақшу нигори миллӣ вижагии ҳар як офаридааш аст.
Имрӯз дар баробари шаҳри Душанбе ӯ бо дастгирии ҳамсараш дар Истамбул низ мағозаи «M - Stile»-ро фаъол намуда, бренди тиҷоратиашро дар Туркия ба қайд гирифт. Хонаи мӯди Мавлуда ва тамғаи тиҷоратии ӯ «M – Stile» худро дар Аврупо муаррифӣ намудаанд.
Ӯ мехоҳад имрӯз зани тоҷик либоси замонавӣ, зебо ва шинам ба бар гирад. Дар дӯхтани либос бештар аз матоъҳои пахтагину маҳсулоти табиӣ истифода бурда, аз пӯшидани либосҳои синтетикӣ ва ҷилонок худдорӣ намоянд.
- Бонувони мо аз бозор барои худ либосу матоъ мехаранд. Онҳо бояд донанд, ки маҳсулоти сунъӣ ба саломатиашон ва тифли дар батнбуда таъсири бад мерасонад. Соҳибкорон низ дар ворид намудани маҳсулот ба сифати он бояд аҳамият диҳанд. Зеро онҳо бо ин роҳ баробари тиҷорати худ фарҳанги либоспӯширо низ ҷорӣ мекунанд, - изҳор медорад Мавлуда.
Имрӯз ӯ сари пружаи телевизионӣ кор мебарад. Мехоҳад тавассути барномаи телевизионӣ ба бонувони тоҷик дар интихоби либос тавсияҳои муфид диҳад. Аз раванди ҷаҳони мӯд онҳоро огаҳ созад.
- Вақте мебинам занҳои мо хилъати хонапӯшӣ ба бару дар по «иринка» дар кӯчаву бозорҳо гаштугузор мекунанд, ғамгин мешавам. Бале, барояшон харид намудани ҳамин сарулибос дастрас аст, вале бо ҳамин маблағ мешавад одӣ, зебо ва хуштарҳу шинам пӯшанд. Барномаи телевизионие, ки ба наздикӣ пешкаши тамошогарон мешавад, бештар ҷанбаи маърифатӣ ва эстетикӣ дорад. Ба иззати нафси бонувони муҳтарам расиданӣ нестам, вале вақте мо ба онҳо дар интихоби рангу матоъ, пойафзолу рӯсарӣ ва дигар унсурҳои либос намунаҳо бо диди нав пешниҳод созем, бонувон, албатта, қабул хоҳанд кард. Дониставу фаҳмида ба бар намудани либос низ фарҳанг аст. Ҳар як чорабинӣ ба худ либос ва ранги хосро дорад. Аз сарулибоси шахс метавон ба сатҳи маданиятнокии ӯ баҳо дод. Сарфи назар аз он ки зан хонашин аст ё коргар, шаҳрнишин аст ё аз русто, бояд зебову олуфта бошад. Тавассути барномаи телевизионӣ дар ниҳоди занону духтарон завқи зебопарастиву зебопӯширо бедор намудан зарур ва ҳатмист. Бахусус, дуруст пӯшидану назари хуби эстетикӣ доштанро, – зикр кард бонуи тарроҳ.
Алҳол маҳсули дасти Мавлударо хизматчиву омӯзгор, коргари одӣ ба бар мегиранд. Либосҳои дӯхтаи Мавлуда шинаму зебо ва замонавианд. Пайдо намудани матоъҳои хушрӯву босифат аз бозор на ҳама вақт даст медиҳад, аммо ӯ дар таҳияи пироҳан ҳамеша аз матоъҳои аслӣ ва табиӣ истифода мебарад.
- Фаромӯш набояд кард, ки пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат аст. Ва он матоъҳое, ки тоҷирон «паплин» гуфта бо нархи арзон ба харидорон пешниҳод мекунанд, омезиши пахта бо дигар маҳсулоти синтетикӣ мебошад. Фурнитура низ, ки тарроҳону дӯзандагони мо бо он бештар кор мегиранд, аз Чин оварда мешавад ва сифати начадон хуб дорад. Барои дарёфти фурнитураи хуб ба Россия, Аврупо ё Туркия муроҷиат мекунем, ки қимат ҳам бошад, сифати хуб дорад, - мегӯяд ӯ.
- Нахуст ин аз он боис аст, ки тоҷирон молшинос нестанд. Молшиносӣ ин ихтисос аст ва на ҳар тоҷир имрӯз фаҳми онро меравад. Аз ҳамин лиҳоз дар бозорҳо матоъву маҳсулоти синтетикиро ба мардум пешниҳод менамоянд, - меафзояд Мавлуда.
Имрӯз зери тамғаи Мавлуда дар мағозаи «M-Stile» баробари куртаҳои чакану дигар либосҳои милливу аврупоӣ, пойафзолу кулоҳ, дастиву ҳамён, бижутерия ва дигар ҷузъиётҳои мӯду либос ба харидорон пешкаш мегарданд. Нархи маҳсулоташ аз 80 - 100 сомонӣ оғоз меёбад.
- Ҳар либосе, ки тарроҳӣ ва истеҳсол мекунем, на танҳо барои намоиши мӯданд. Ҳамаи онҳо пӯшиданиянду ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар шахс тарроҳи мӯди худ аст. Муҳим, либос ба табъи дил бошаду шумо худро дар он роҳат ҳис кунед. Ман хоҳони онам, ки занони зебои мо сарулибоси рангоранг, сабук ва равшанро ба бар намоянд. Имиҷи худро тағйир диҳанд, ба худ ва атрофиён сафову рӯшноӣ бубахшанд.
Ба гуфти ӯ, рушди соҳаи ҳунармандӣ танҳо бар манфиати кор аст. Занони хонашину духтарони деҳот ба ҳунаре машғул мегарданд. Онҳо набояд фақат барои намоиш чакану гулдӯзӣ ва дигар дӯхту дӯзро омода созанд, балки барои фурӯш низ саҳм бигиранд. Барои ин бояд омӯзишҳои махсус гузаронд, то маҳсули дасти бонувон дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ чанг нахӯрда, ба савдо раванд ва аз ҳисоби фурӯши маҳсулоташон рӯзгор пеш баранд.
Далер Сафар
PS: Дар ин мавсим тарроҳи чирадаст Мавлуда Ҳамроева ба занону духтарон истифодаи либосҳои рангашон гулобӣ, марҷонӣ, сабзи равшан, сурх ва сафедро тавсия медиҳад, аммо будани куртаи атлас ва чаканро дар ҷевони ҳар бону ҳатмӣ медонад.