Айёми кӯдакияш чун намоишҳои фоҷиавии саҳнаҳои театрӣ ғамангезу риққатовар сурат гирифтааст. Роҳгардиву сухангӯии духтарчаашро модар беқаророна мунтазир буд.
Ӯро қадам ба қадам роҳравӣ омӯзонд ва аввалин бор калимаи «оча» гуфтанашро шуниду ормон шикаст. Гӯё модар аз ин гомҳои устувори ҷигарбандаш ба ояндааш бовар ҳосил кард, ки ӯйи хурдсолро ба дасти тақдир супурду дунёро падруд гуфт. Бибияш ӯро саробон шуду дар симои набера духтари азизашро меҷуст ва чун гавҳараки чашм нигаҳбонаш гардид. Ҳамагӣ шаш сол дошт, ки бибии меҳрубонаш низ аз олам даргузашт. Кунун хурдтарин фарзанди бобо ӯ – Ортиқзода Мастура маҳсуб меёфт. Мӯйсафед, ки собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, зиндагиозмуда ва дар кӯраи ҳаёт обутоб ёфта буд, шаш фарзандро парасторӣ намуд. Ба муҳаббати ҳамсараш содиқ монду дигар оиладор нашуд. Ортиқзода Мастура навозиши падар, меҳри модар ва оғӯши гарми модаркалонро дар симои бобо дарёфт. Қавииродагӣ, шикастнопазирӣ, ҳақиқатҷӯиву меҳнатдӯстиро аз ӯ омӯхт.
Ҳанӯз синфи чор буду бо кори саҳро ошно. Дар сафи холаву тағоҳо бо каландчаи худсохти бобояш дар замин заҳмат кашиданро омӯхт. Падарбузургаш фарзандонро таҳсилдида кард, меҳнатдӯстиро дар замири ҳар яки онҳо маъво дод. Пас аз чанд сол Мастура дастёри хуби бобо шуд, вале бо ҳукми роқими сарнавишт, умр ба бобо низ вафо накарду духтарак ба ихтиёри холаву тағоҳо монд…
Аз имтиҳонҳои зиндагӣ Мастура пухта шуд ва ба саҳнаи бузурги ҳунар омад. Ин аст, ки ӯ ба нақши қаҳрамонҳои хеш ба зудӣ раҳ меёбаду онро дар саҳна самимӣ меофарад…
Дарёфти пайраҳа
- Дар синфи 9 мехондам, ки ҳунармандони Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ бо спектакли «Чорсӯ»-и Нур Табаров ба деҳаи мо омаданд. Аз набудани хонаи маданият онҳо намоишро дар берун гузаронданд. Аз наздик дидани ҳунармандони шинохта, тамошои намоиши зинда меҳрамро нисбат ба пешаи ҳунармандӣ бедор кард. Баъди анҷоми намоиш ману дугонаам назди устод Ато Муҳаммадҷонов омадем. Бо ҳаяҷон гуфтам, ки мехоҳам ҳунарманд шавам ва маслиҳат пурсидам. Устод гуфтанд, ки зиёд китоб мутолиа намо ва пас аз хатми мактаб ба театр биё, - иброз дошт Ортиқзода Мастура.
Шармгину камгап буду дар дил меҳр ба пешаи ҳунармандӣ мепарварид ва асарҳои бадеиро зиёд мутолиа менамуд. Дар танҳоӣ ба боғашон медаромаду нақши қаҳрамонони асарҳоро меофарид ва хаёлан худро дар саҳнаи бузурги пур аз тамошобин медид. Чунин «Тамринҳои пайваста» барои барҳам додани тарсу ҳарос пеши издиҳоми бинандагон барабас нарафтанд.
Соли 1985, пас аз хатми мактаби деҳа, Мастура озими Душанбе шуд. Ӯ боре ҳам пойтахтро надида буд. Зориву таваллои ӯро дида, дӯсташ Малоҳат ӯро ба Душанбе овард.
- Хушбахтона, он рӯз устод Ато Муҳаммадҷоновро пайдо кардам. Ӯ маро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бурда, барои ҳуҷҷатҳоямро супурдан ёрӣ расонд,- мегӯяд Мастура.
Довталабон бениҳоят зиёд буданд, сарфи назар аз он, вай аз имтиҳони маҳорати актёрӣ баҳои баланд гирифт. Шодиву нишоташ бекарон буд. Донишҷӯ шуд, хуб таҳсил дид ва донишкадаро сарбаландона ба итмом расонд ва тӯли як сол дар студияи «Нимҷазира», ки роҳбарияшро Валерий Аҳадов ба зимма дошт, фаъолият намуд. Шурӯъ аз соли 1991 дар театри Лоҳутӣ рӯи кор аст.
Сабр мебояд…
- Барои омода намудани як ҳунарманди касбӣ солҳо мебояд, то ӯро тамошобин бипазираду маҳбуб донад. Барои ин сабру таҳаммул ва заҳмати зиёд лозим аст. Барои офаридани нақши мувофиқу муносиб ҳунарпеша гоҳо дурудароз интизор мешавад, то коргардонҳо ба ӯ нақшеро лоиқ донанд. На ҳама ба ин гирудорҳо тоб меорад. Хушбахтам, ки аз оғози фаъолият то ин муддат бе нақш намондаам. Ҳатто дар рӯзҳои нобасомон рӯи саҳна нақш меофаридем, - иброз дошт ин бонуи ҳунар.
Вай дар баробари офаридани нақшҳои мусбат аз иҷрои нақшҳои манфӣ низ моҳирона мебарояд. Ба иқрори ӯ, ҳама гуна образро нахуст мебояд дӯст дошт, ба хубӣ омӯхт ва баъдан метавон олӣ онро офарид. Дар намоишномаҳои Наргис дар «Тарсу»-и Н.Табаров, Модар дар «Роҳгумзада»-и Д.Убайдуллоев, Ситора дар «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н.Абдуллоев, Мастура дар «Драмаи миллат»-и С.Аюбӣ, Назокат дар «Суробҳо»-и Н.Табаров, Шарлотта дар «Дон Жуан»-и Ж.Б.Молйер, рӯбоҳ дар «Шерафган»-и Қ.Сатторӣ, Бону дар «Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ.Ашӯров, Модар дар «Ҳамсафар»-и Р.Қудратов, ҳамсоязан дар «Куҷо равонаем»-и Н.Абдуллоев, Устинова дар «Ҳисоби дӯстон дар дил»-и А.Островский, Смиралдина дар «Хизматгори ду хоҷа»-и К.Голдони, Наргис дар «Чодари найранг»-и Т.Аҳмадхонов (дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту-2015 соҳиби ҷоиза гаштааст), Дилоромхола дар «Бояд донем ва тавонем»-и А.Абдураҳмонов, ҳамсари заргар дар «Қиссаи ғамгину рангин»-и Т.Аҳмадхонов, «Дузди боинсоф», «Оинаи беҷило», «Меҳмони нохонда», «Мусичаро напаронед»-и Н. Табаров, ба хайси режиссёр бошад филмҳои «Қарзи виҷдон» ва «Фарзандони бегуноҳ»-ро ба тамошобинон пешкаш намудааст. Дар ҷодаи коргардонии дубляж низ ҳунари худро санҷидааст. Филмҳои бисёреро аз забони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, дар ин бахши фаъолияти эҷодӣ низ муваффақ шудааст.
Заҳматҳои Ортиқзода Мастура бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст.
Оилаи солим дораду шавҳари ҳунарманд. Дар ҳама кор яке дигареро пурра месозад.
- Мо дар хона бо шавҳарам - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев аз як нигоҳ ҳамдигарро мефаҳмем. Ниҳоят шукргузорам, ки шавҳари меҳрубону дӯсти қадрдон ва чаҳор фарзанди солеҳу арзандае дорам, - изҳор медорад ӯ.
Фарзона ВОСЕЕВА