Бобати хони наврӯзии тоҷикони Бадахшон суҳбате оростем бо Ширингул Азорабекова, ходими илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаи онро пешниҳод менамоем.
- «Ҷашни таомҳои миллӣ дар манотиқи Кӯҳистони Помир», бо чунин унвон дар ҳамкорӣ бо олимони ҳолландӣ Шумо китоберо ба нашр расондед. Лутфан бигӯед, ки мақоми таомҳои миллиро дар хони наврӯзии тоҷикони кӯҳистон чӣ гуна дарёфтед?
- Хони наврӯзии тоҷикон зеботарин ва пурнеъматтарин хони рӯи замин, ҷилои санъати волои кадбонугист. Чун тамошогарону меҳмонон ба дастархони наврӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон назар меафкананд, рангорангии таомҳо аз ширфатир, атолаи равған, шавлаи гандумӣ, кочӣ, амоч, сумалак, бат, боҷ то оши шоҳӣ ва шириниҳову ғизоҳои замонавӣ чашму қалби бинандаро тасхир месозанд. Танҳо дар Бадахшон зиёда аз 20 намуди ғизоҳои наврӯзӣ дастархони идонаро оро медиҳанд.
-Мардум чӣ рамзҳоеро ба нони гандум марбут медонанд?
- Ҳеҷ гуна ғизо муҳимтар аз нон нест ва мардум онро муқаддас медоранд. Кадбонуҳо нонро бо андозаҳо ва шаклҳои гуногун мепазанд ва таркиби асосии бисёр намуди ғизоҳоро нон ташкил медиҳад. Вақтҳои пеш нони гандумӣ, ки алҳол фаровон дар дастархони ҳаррӯзаи мардум аст, барои бештари хонаводаҳои кӯҳистон на ҳамеша дастрас буд ва сокинон нони ҷавин ва фатири арзану мушук ҳам истеъмол мекарданд. Ҷаву арзан дар шароити кӯҳистон ҳосили хуб медиҳанду пештар аз гандум пухта мерасанд ва дар давраи танқисии гандум хонаводаҳо барои тайёр намудани ғизо аз онҳо истифода мебурданд. Нони ҷавин ва фатири арчӣ нони фақирон ҳисоб мешуд, вале он хусусиятҳои давоӣ ҳам доранду барои рафъи бемориҳои ҷигар ва сил муфиданд.
Дастархони наврӯзиро бе «ғӯзқамоч» ва «ғӯзгарда», ки онҳоро нони наврӯзӣ ҳам меноманд, тасаввур намудан мумкин нест. Ин нонҳо аз омехтаи мағзи чормағз ва орди гандум тайёр шуда, як намуди он дар танӯр ва намуди дигараш таги лахчаҳои нимсӯхтаи зуғол ва ё ҳезум пухта мешаванд. Рӯзи Наврӯз расм аст, ки субҳи содиқ чун соҳибхоназан барои овардани об аз хона берун мешавад, ҷуфти нон ва ё кулча бо худ мегирад ва ба нахустин шахси дучоромада пешниҳод мекунад.
Тибқи суннати маҳаллии «Салом-салом» дар рӯзҳои наврӯзӣ вақти зиёрати хешу ақрабо ва ҳамсояҳо дар баробари дигар савғотиҳо аз ин нонҳо чун рамзи таманнои баракат ва ризқу рӯзии фаровон барояшон тақдим мекунанд.
Таомҳое, ки аз нон бо омехтаи равған ва ширу равғани чормағз омода шуда, «ширрӯған» ва «хъувдашав» ном доранд. Ҳоло ҳам он ғизоҳо зиёд истеъмол мешаванд. Гӯштшӯрборо низ дар бештар мавридҳо ба табақи калоне, ки даруни он як ё ду нони танӯрӣ гузошта шудааст, мерезанд ва аҳли оила гирди табақ ҷамъ меоянду онро, ки «хъкана» ном дорад, тановул мекунанд.
Рӯйи нонҳои идона баъзан акси нахчир, барра, хӯшаи гандум, гулу дарахтон ва офтобро дидан мумкин аст, ки таманнои соли серу пурбаракат барои хонаводаи худу бар дигарон аст.
Ба бовари мардум меваи биҳиштӣ гандум қудрати пок кардани замин аз неруҳои аҳриманӣ дорад ва, аз ин рӯ, нони гандуму кафи орд, ки онро «бун» ва ё «бунчак» меноманд, ба таври фаровон дар маросими наврӯзӣ истифода мегардад.
Рӯзи ид соҳибхоназан бо муждаи «Шогун баҳор муборак!» ба хона медарояд ва ба ҳар панҷ сутуни хона чун рамзи хушбахтӣ ва фаровонӣ ва тоза шудани хона аз неруҳои аҳриманӣ кафи орд, яъне «бун» мепошад. Вожаи «бун» ё «бунчак» вожаи ориёӣ буда, маънояш бунёд ва ё сароғози корҳои нек аст.
- Шумо кадом ғизои миллиро бештар дӯст медореду худатон онро омода месозед?
-Дар рӯзҳои ид, албатта, нонҳои наврӯзӣ мепазам ва суннати наврӯзиро ба ҷо меорам. Миқдори муайяни равғани зардро бо ширу орд ва шакару намак омехта намуда, бат тайёр мекунам. Вале, ғизои дӯстдоштатаринам боҷ ва ё ҳалимов аст, ки дар тамоми ҷашнҳо рӯйи дастархони хонаводаамон мегузорем. Тарзи омода намудани он чунин аст: дар дег 100–200 грамм равғанро доғ намуда, ба он як килограмм гӯшти чарбудор меандозем. Каме бирён карда, ба он об мерезем ва дар муддати як соат меҷӯшонем. Сипас, як килограмм гандуми кӯфташударо ба дег меандозему бо об ва гӯшт омехта карда, як ё яку ним соати дигар то пухтани гандум меҷӯшонем. Мувофиқи таъм намак илова мекунем ва таоми дар назари аввал сода, вале боқувват ва солими миллӣ омода мешавад.
-Барои ҳунармандон ҳам дастуре таълиф намудед?
-Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ такони бузург бахшида, барои олимони соҳаҳои гуногун, аз қабили таърихнигорону мардумшиносон имкониятҳои васеи таҳқиқи фарҳангу ҳунарҳои миллиро фароҳам сохт. Дар доираи ин иқдом барои ҳунармандоне, ки ба коркарди чӯбу пашм ва пӯст машғуланд, дар асосҳои илмӣ ва таҷрибавӣ тарзи дурусти истифода аз ин масолеҳро ба шакли дастур пешниҳод намудам.
Устоҳое, ки бо риояи нозукиҳои касб асбоб месозанд, маҳсулоташон садсолаҳо умр мебинад. Масалан, барои рубобтарошӣ чӯбро дар соати саъд бо дуо ба умеди оғоз ва анҷоми хайр бурида, қариб ду ҳафта дар оби равони ҷӯйбор мемонанд, то аз кирм ва ҳар гуна микробҳои дохилаш тоза шавад. Сипас, онро то хушк шудан даруни пору ва ё сафедкаҳ нигоҳ медоранд, ки ҳам аз кафидашавӣ эмин мемонаду ҳам мустаҳкам мегардад ва ҳам ранги табиии ҷигарӣ мегирад. Тайёр намудани маҳсулоти бофандагӣ ҳам қоидаҳои хосси худро дошта, дар он фақат аз рангҳои табиӣ истифода мебурданд.
- Чаро дар пажӯҳиши хеш мавзӯи таърих, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва таомҳои миллиро мавриди таваҷҷуҳ қарор додед?
- Эътирофи ҷаҳонии Наврӯзи тоҷикон ба маънои эътирофи фарҳангу ҳунари бостонии мардуми тоҷик аст, ки ҷашни таомҳои миллӣ як бахши муҳими он мебошад ва ба ин фарҳанг ифтихор дорем. Рӯзҳои ҷашн занони солманди деҳаи Ҷирӯҷи ноҳияи Шуғнон ҷамъ шуда, бо риояи тамоми суннатҳо таом мепухтанд ва аз ҳама пеш мехостанд, дили мо - кӯдаконро, ки дар интизори ком ширин намудан аз таоми ҷашнӣ гирдогирдашон ба бозӣ машғул будем, хурсанд кунанд. Модарам дар ҳаёти рӯзмарра ҳам таомҳои миллӣ зиёд мепухт, зеро ки онҳо серғизо, солим, тавонбахш ва пешгирикунандаи ҳар гуна бемориҳо ҳастанд. Воқеан, барои мардуми кӯҳистон чунин бемориҳо ба мисли азият кашидан аз вазни зиёд ва фарбеҳиву фишори хун ва бемории қанд қариб бегона буданд. Афзоиш ёфтани ин намуди бемориҳо солҳои охир баёнгари он аст, ки фарҳанги омода кардан ва истеъмол намудани таомҳои миллӣ коста мешавад. Бо мақсади саҳм гузоштан дар эҳё ва ҳифзи ин рукни фарҳангӣ ба омӯзиши таомҳои миллӣ бештар диққат додам.
Суҳбаторо
М. саид, шаҳри Хоруғ