Меросбар
Шоираи хушбаёни тоҷик Хосият Вализода дар хонаводаи шоири халқӣ ва мутриб Сайдалӣ Вализода ба дунё омадааст.
Хосият бештар шеърҳои лирикӣ эҷод намуда, дар ашъори гуногунрангаш ишқи Ватан, зиндагӣ, ҷавонию сурурро таҷаллӣ менамояд. Ӯ муаллифи як қатор маҷмӯаҳои шеърӣ буда, барои хизматҳояш дар рушди адабиёти тоҷик бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.
Бузургони миллат баҳри осуда зиндагӣ кардан ва дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ташаккул ёфтани ҷомеаи башарӣ орзуҳои беҳтарину олиро дар дил мепарваранд. Ва ин ҳамаро ҳангоми мутолиаи ашъори пурғановаташон метавон пай бурд. Яке аз чунин соҳибсуханони ҳавзаи адабии Кӯлоб шоираи ширинкалому ширинбаён Хосият Вализода мебошад. На танҳо бо забони шеър, балки дар амал дар тамоми гӯшаву канори диёр сулҳдӯстӣ, ватандӯстию созишро ташвиқу тарғиб менамояд.
Хосиятбону дар таронаҳояш Ватанро макони орзую ормонҳо медонад, чашмаҳои мусаффояшро дармони дардҳо шумурда, хурраму шод зистанро дар канори зебои диёр ва хушманзараш тараннум менамояд. Вай бо рисолати аслии худаш бо ҳунармандии шоирона, тозагуфториву навҷӯӣ дар шеър содиқ мондааст.
Такя ба заминаҳои таърихӣ дар лаҳну тасвиру баёнаш таровату тозагиҳоеро, ки хоси шеъри ӯст, метавон мушоҳида кард. Вижагии дигари шеъри равону сода ва аз ҷиҳати мазмуну баён ба хонанда дастрас будани он аст.
- Ба шеърнависӣ дертар оғоз намудам. Ҳини мактабхонӣ ҳамсабақонам шеърҳои навқаламонаамро ба падарам рабт медоданд. Ва ин боис гардид, ки шеърнависиро муддате қатъ кунам, - мегӯяд Хосият.
Вале хуни шоирӣ дар шараёни ӯ туғён мекард. Бахусус замони ба ҷанги таҳмилӣ кашида шудати кишвар ӯ хома ба даст гирифта бо сухан ба ҳимояи Ватан бархост.
- Аз он, ки дар хонаводаи шоир, мутриб, сарояндаи хушовоз, хуллас як инсони фарҳангӣ ба дунё омадаам, шукрона мегӯям. Дар олами шеър ба воя расидаам. Гирди дастархони падар устодони адабу фарҳанги мамлакат Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳикмат Ризо, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулӣ ва дигарон ҳамеша маҳфили шеъру шакар доир мешуд. Борҳо назди ин устодони шеър суруд хондаам.
Ҳарчанд дер ба шеърнависӣ оғозида бошам ҳам, кунун бо шеър нафас мегирам. Маънои зиндагии ман шеър аст, зеро оғозам шеър аст. Аз ин ҷост, ки шеър ҳамеша ба суроғам меояд, - мегӯяд шоираи рангинбаён.
Хосият Вализода аслан шоири лирик аст. Тавре зикр намуданд, шоҳиди даврони ҷанги шаҳрвандӣ буд ва аз он, ки бародар зидди бародар ва писар бадхоҳи падар муқобили ҳам сангар кашида меҷангиданд, азият мекашид.
- Медидем, ки душманони давлат мехостанд Тоҷикистонро пора - пора созанд. Ба бахти мо шахсе Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, ки ӯро ному насаб Эмомалӣ Раҳмон аст. Зери ливои ин қаҳрамони поксиришту фарзонасолори миллат халқи таҳаммулпазири тоҷик ба по хест ва худро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Зиёда аз 10 маҷмӯаи шеърҳои Хосият Вализода пешкаши муштариён гардидааст. Алҳол китоби насрии муаллима «Қисмати шоир», ки ба 120 - солагии шоир Сайдалӣ Вализода бахшида шудааст, омодаи чоп мебошад. Чакидаҳои назмии Хосиятбонуро бисёре аз сарояндагон ба оҳанг даровардаву хуш месароянд
Бону Хосият бо шеъру шоирӣ иктифо накардааст. Соли сеюм аст, ки роҳбарии ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» – ро бар зимма дорад.
- Соли 2017 ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» – ро созмон додам, ки аъзои он зиёиёни кишвар, аҳли адабу фарҳанг, шоирону нависандагон мебошанд. Ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, бо мардум, бахусус ҷавонон дар бораи сулҳу осоиштагӣ ва оқибатҳои ҷангу нооромӣ сухан мегӯем. Барномаи ташкилоти мо «Биё то ҷаҳонро ба бад маспарем» ном дорад. Ҳадафи асосии ташкилот муайян намудани омилҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва садди роҳи ин гуна амалҳоро гирифтан мебошад.
Тавре муаллима иброз намуданд, барномаҳои ташкилот пурра аз ҳисоби ҳаққи қалам, пасандозҳо ва нафақаи худаш тадбиқ мегарданд.
- Самти дигари фаъолияти мо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон аст. Аъзои ташкилот ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар ташриф оварда, бо бонувони хонашин корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Дар вохӯриҳо масъалаи ба танзим даровардани оила, тартиб додани нақша ва буҷети оилавӣ таблиғу ташвиқ мегардад, - мегӯяд Хосият.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки бо ибтикор ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ин гуна чорабиниҳои бузург шавқу завқи китобхониро дар байни мардум, бахусус кӯдакону наврасон меафзояд.
МУЗЕИ ВАЛИЗОДА
Хосиятбону зиёда аз 30 сол директори хона- музеи ёдгорию адабии шоир ва ҳофизи
халқӣ Сайдалӣ Вализода мебошад.
- Ин осорхона ба муносибати 80 - солагии падарам, шоир Сайдалӣ Вализода ифтитоҳ ёфта буд. Бино аз 5 толори экспозитсионӣ иборат аст. Хазинаи хона - музей 3000 нигора дорад, ки аз ин миқдор зиёда аз 1800 адади он дар намоиш мебошад. Дар фонди муассиса алҳол беш аз 10000 нигора маҳфуз аст, - мегӯяд меросбари падар.
Дар қисми адабии осорхона китобҳо, шеърҳои алоҳида, тарҷумаи русии ашъори шоир, хотираву ёддоштҳо дар бораи Сайдалӣ Вализода маҳфузанд. Ин толор дастнависҳо, ҳуҷҷатҳо, гpамотаҳои фахрӣ, телеграммаҳои ҳукуматӣ ва табрикоти дӯстонро низ фаро гирифтааст.
Хонаи хоб ва меҳмонхонаи шоир қисми асосии ёдгорӣ мебошанд. Дар ин ҷо кати оҳанин, шлем, мизи корӣ, чойнику пиёла, офтобаи сафолӣ, радио, думбра ва дигар чизҳои шахсии шоир ба намоиш гузошта шудаанд. Дар хона - музей оид ба ҳаёту эҷодиёти Сайдалӣ Вализода вохӯриҳо, шабҳои адабӣ ва суҳбату лексияҳо гузаронда мешаванд, - мегӯяд роҳбари он..
Д. САФАР