Нигине дар санъати операи тоҷик
Сарояндаи мумтози опера, нафаре, ки шарафи оғоз ва анҷоми маъракаву чорабиниҳои ҳунариву фарҳангии сатҳи баланди давлатиро касб кардааст, чӣ гуна ба кӯи мақсуд расид?
«Дар кӯдакӣ модар фиттаҳои гуногунро ба магнитофон мегузошт. Суруди дилошӯб аз сарояндагони маъруф танин меандохту аҳли хонаводаро мафтун месохт. Аз шунидани лаҳну овоз ба таври худ лаззат мебурдам. Дар хотираам матну оҳанги суруд мақом меёфт. Баъзан онҳоро бо тақлид месароидам»…
Ин суханон аз забони Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ, барандаи озмуни байналмилалӣ, солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, соҳиби овози миёнаи занона (меццо – сопрано) Шарофат Усмонзода садо медиҳанд.
Падар дуредгар, модар омӯзгори забон ва адабиёти рус. Шавқу завқи духтараки мусиқидӯстдорашонро ба инобат гирифта, волидон Шарофати 5- соларо ба синфи фортепианои мактаби мусиқии №5 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ супурданд. Аммо дар мактаб ӯ на навозандагӣ, балки бештар сарояндагӣ мекард. Барои арзанда будан талош меварзид.
Иштирокчии тамоми озмунҳову фестивалҳои кӯдаконаи мактабиву шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ буд. Бештар дар доираи жанри писандидааш - эстрада суруд мехонд. Соли 2004 барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар сатҳи ҷумҳурӣ фестивал - озмуни фарҳангӣ доир шуд. Дар қатори кӯдакону наврасони зиёде Шарофат низ ширкат варзид.
Ходими шинохтаи санъату фарҳанги Тоҷикистон, ректори вақти Консерваторияи миллӣ Талабхӯҷа Сатторов дар баробари мутахассисони ботаҷрибаву касбӣ дар курсии доварон нишаста буд. Маҳз ӯ дар симои Шарофати хурдсол истеъдоди нуҳуфтаеро кашф кард. Дарёфт, ки ҳунари духтарак дурри носуфтаеро мемонад, ки баъд аз коркард сайқал меёбаду муҷалло мешавад. Шарофатро барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон даъват намуд.
Хонандаи синфи 10 - и мактаби мусиқӣ буду муҳассили курси тайёрӣ ба имтиҳонҳои қабули консерватория. Аз устодони шинохтаву таҷрибадори санъат сабақ мегирифт.
- Модар, ки барои худ устоди аввалинаш унвон кардаам ва бе шак аз равшангарони роҳи ман дар ҷодаи санъат аст, бештар ҳаводори мусиқии классикӣ дар жанри опера буд, пахши онро дар телевизион интизорӣ мекашид. Маро ҳам ба тамошо мехонд. «Биё, гӯш кун, ҷолиб аст…», - мегуфт вай, аммо чун ин навъи санъат бароям чандон писанд набуд, бо баҳонае худро канор мегирифтам.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Бурҳон Маҳмадқулов дар консерватория ба мо сабақ медоданд. Шиносоӣ ва дарси аввалини устод дар зеҳнам нақш бастаанд. Муаллим бо садоҳои гуногун тамрини лаҳну овоз мекарду ман барои аз таҳти дил нахандидан бо як азоб худдорӣ менамудам. Ҳамаи ин «нағмаю усулҳо» ба мо чӣ лозиманд, меандешидам, - бо табассум иқрор мешавад Шарофат Усмонзода.
Соли 2005 Шарофат Усмонзода донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон гардид. Чӣ гуна ба дунёи ҳунармандони операсаро роҳ ёфтанашро нафаҳмида монд. Бурҳон Маҳмадқулов тариқи фиттаҳои садову оҳанг ӯро ба олами ҳунарии машҳуртарин ситораҳои ҷаҳонии опера ҷалб намуд. Дигар аз таърихи пайдоиши ҳар асар воқиф будан мехост, бехудона меҷусту меёфту меомӯхт.
- Эҳсос намудам, ки опера жанри нафису ҳариру ғайриодиест. Он аз омезиши якчанд санъат таркиб ёфтааст. Ҳунармандони опера нақшофарони хубеанд, забондон низ ҳастанд. Замони донишҷӯӣ ба мо ғайр аз забонҳои тоҷикиву русӣ, устодон забони аслии операсароёни шинохта Андреа Бочелли (итолёвӣ), Сандрин По (фаронсавӣ), Маргарета Зимс (олмонӣ) - ро омӯзонданд. То забонро надонӣ, ҳиссиёти қаҳрамонҳоятро дарк карда, ба тамошобин нишон дода наметавонӣ, - иброз дошт Шарофат.
Соли дуюми донишҷӯӣ барои кор ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ меояд. Дар гурӯҳи таҷрибаомӯзон фаъолият намуда, пас аз чаҳор моҳ бо аввалин нақш дар намоишномаи «Золушка» дар нақши «Фаришта» рӯи саҳна омад. Баъди ин дар «Қишлоқи тиллоӣ» - и Дамир Дӯстмуҳаммадов дар нақши Лайлӣ ҷавлон зад. Дар нақшҳои аввал ҳаяҷони зиёд ӯро пахш мекард. Аммо барои рафъ сохтани эҳсоси тарсу нобоварӣ бо худ мубориза мебурд. Гоҳҳо чунон ба эҳсосот дода мешуд, ки матни сурудро фаромӯш мекард. Дар чунин лаҳзаҳо худро зуд ба даст гирифта, аз рӯи мазмун месароид ва оҳиста - оҳиста аз вазъи ногувор мебаромад.
Соатҳои фориғи худро баҳри омӯзишу аз худ кардани нозукиҳои санъати операсароёни шинохта Лучано Паваротти, Чечилия Бартоли, Анна Нетребко, Тереса Берганса, Дмитрий Хворостовский, Бурҳон Маҳмадқулов сарф мекунад.
Шарофат дар намоишномаҳои зиёде, аз қабили «Рӯдакӣ» - и Шарофиддин Сайфиддинов, «Дугонаҳо» - и Дамир Дӯстмуҳаммадов, «Кони пурганҷ» - и Шуҳрат Ашӯров, «Комде ва Мадан» - и Зиёдулло Шаҳидӣ, «Найрангҳои Майсара» - и Сулаймон Юдаков нақшҳои асосиро бозидааст.
- Баробари рушди маданияти мусиқӣ ба ғайр аз операи услубӣ, ниёз ба санъати операи муосир ба вуҷуд омадааст. Ҳоло дар дунёи санъати опера намудҳои гуногун - лаунж опера, модерн опера, поп опера, кроссовери классикӣ рӯи кор омадаанд ва намоишномаҳо ҳам, ба қавле мудерну замонавӣ шудаанд. Имрӯзҳо аз рӯи талабот як қатор намоишҳои кӯдаконаро дар шакли нав ва замонавӣ пешкаши тамошобин менамоем. «Найрангҳои Майсара» - и С. Юдаков ва «Дугонаҳо» - и Дамир Дӯстмуҳаммадов ҳам мувофиқи талаботи замона дигарбора таҳия шуданд. Агар маро пурсед, бароям сароидани операи классикӣ бештар хушоянд аст, - мегӯяд Шарофатбону.
Ба шарофати ҳунар ба давлатҳои Чин, Фаронса, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон сафар намуд. Ҳар куҷое рафт, дар андешаи муаррифии ҳунари воло буд. Берун аз Тоҷикистон низ мухлисони опера бо шавқу завқ истиқболаш менамуданд, ҳунарашро пазируфта, офаринаш мехонданд.
- Бояд зикр намоям, ки ҳунари операсаро дар омезиш бо гурӯҳи созию овозӣ пурра мегардад. Намоиши операвӣ ин заҳмат ва ҳатто муваффақияти дастаҷамъист. Ба ҷуз ин, орзу дорам дар жанри «Шашмақом» суруд хонам. Лаҳзаҳои фориғ аз мақомхони варзида Хуршед Иброҳимов хоҳиш мекунам, нозукиҳои санъати мақомсароиро баҳрам омӯзад. Рӯзе хонандаи «Бонувони Тоҷикистон» маҳоратамро дар ин навъи санъат ҳам хоҳад дид, - бо ханда мегӯяд Шарофатбону.
Ҳунару истеъдоди сарояндаи муваффақи ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар бо диплому ҷоизаҳо қадр гардидаанд.
Сарфи назар аз операсароӣ Шарофат Усмонзода тамрини пайваставу сафарҳои зиёд дар Консерваторияи миллӣ баҳри донишҷӯён сабақ меомӯзад. Барои кӯдакону наврасони мактаби мусиқии «Парвин» машқи овоз медиҳад. Шогирдони зиёде дорад ва бо боварӣ мегӯяд, ки онҳо ва гулдухтари ягонааш идомадиҳандаи санъату ҳунараш хоҳанд буд.
Г. бобомуродова