Завқи китобхониро чӣ гуна бедор намуд?
Мусаллам аст, ки бо пешрафти босуръати технологияи муосир аксар рӯ ба китобҳои электронӣ меорад ва пайдо намудани номгӯи асарҳои гуногунро тариқи шабакаҳои интернетӣ афзал меҳисобад. Ба андешаи иддае, ин тарзи хониш завқи китобхониро коста намуда, боиси дур шудани хонанда аз китоб мегардад. Бархеи дигар бар онанд, ки буҳрони иқтисодию молиявӣ ва бекорӣ низ сабаби кам рӯ овардан ба китоб шудаанд.
Пас, чӣ бояд кард, то завқи кӯдакону наврасон ба хондани китоб афзун гардад?
Бӯи нашриёт завқро бедор месозад
Абдуқодир Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ бар он назар аст, ки дар ду соли охир ба шарофати роҳандозӣ шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», сафи аъзои китобхона рӯ ба афзудан дорад. Бахусус, шуъбаи бачагона серхонандатарин гаштааст. Волидону омӯзгорон кӯдакон ва наврасонро ба саёҳати китобхона оварда, хондани ин ё он асарро талқин менамоянд, ки ин тарғиботашон дар мавриди рӯ ба китобхонӣ овардани фарзандон боиси хушнудист.
- Ҳар истеъдодро такон мебояд. Истеъдоди китобхонии кӯдакро низ муҳити хонавода бедор месозад. Ба кӯдакон афсона хондан, ки имрӯз ин усулро барои ҷалб намудани фарзандон ба китобхонӣ дар хонаводаҳои Ғарб тарғиб мекунанд, аслан решаи шарқӣ дорад. Гузаштагони мо пештар сари дастархон ё пеш аз хоб ба фарзандон афсона, қиссаву ривоятҳо мехонданд.
Аслан дар сиришти миллати тоҷик китобхонӣ маъво гирифта ва он имрӯз таблиғу талқинро мехоҳад. Бахусус, дар оила бештар волидон таваҷҷуҳи хосса ба ҳамин самти таълим дошта бошанд, агар не, насли имрӯза бо ворид шудан ба технологияи муосир китоби чопиро бо дигар воситаҳои иттилоотии замонавӣ иваз месозад. Хуб аст, фарзандон ҳамқадам ва донандаи забонҳою дониши замона бошанд, вале рисолати мост, ки бояд онҳоро аз кайфияти хондани китобҳои чопӣ огаҳ созем. Бигӯем, ки бӯи хуши коғазу матбаа завқи китобхониро бедор месозад, - иброз медорад Абдуқодири Абдуқаҳҳор.
Мавсуф мегӯяд, ки ҳар сол ба маблағи 70 – 80 ҳазор сомонӣ китобҳои гуногуни бадеӣ харидорӣ менамоянд. Инчунин, нафарони хайрхоҳ асарҳои китобҳои шахсиашонро ба китобхона месупоранд, ки аз ҷумлаи китобҳои нодиранд.
- Дар баробари пешравиҳои ин самти ниҳоят муҳими ҷомеа, метавон дар бораи камбудиҳои он ҳам сухан гуфт. Зеро сабабҳое ҳам буданд, ки боиси дур гаштани одамон аз китобхонӣ шуданд. Осори адабие, ки сирф таблиғотӣ ё ҳизбӣ набошад, ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад ва дар ҳама давр хонанда дорад. Ба мисли осори Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон, ки ҳоло ҳам хонандаи имрӯза таваҷҷуҳ ба ин асарҳо дорад ва аз пайи дарёфташон ба китобхона меояд.
Баъдан, камбудӣ дар нашри китобҳо дорем. Вақте дар марказ ба хонанда китоб намерасад, пас китобхони ноҳияҳои дурдаст чӣ ҳол дошта бошад? Дар мактабҳо хонанда бо китобҳои дарсӣ таъмин аст, вале барои ғановати маънавии талаба адабиёти беруназсинфӣ мавҷуд нест. Китобҳои иттилоотӣ ва чарогӯякҳо, ки ҷаҳонбинии кӯдакро зиёд мекунанд, камчинанд, - тазаккур медиҳад директори китобхона.
Талқини озмунҳои китобхонӣ
Ба андешаи мудири шуъбаи хизматрасонии китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Назрихоним Аҳмадова завқи хонандаи имрӯзаро тариқи озмуну чорабиниҳои вобаста ба китоб метавон бедор кард. Ҳафтаи аввали моҳи апрели ҳар сол дар ин макони маърифат озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронда мешавад, ки кӯдакону наврасон дар он ширкат меварзанд.
- Бисёр вақт мебинам, ки волидон маҷбуран фарзандонро ба китобхона меоранд. Албатта, ҳар падару модар мехоҳад, ки фарзандаш соҳибилму босавод бошад, вале дар баробари он ҳавасмандгардонии кӯдаконро фаромӯш набояд кард. Китобхон будани волидон василаи хуби тарғибот маҳсуб меёбад.
Баъди вориди китобхона гаштани кӯдакону наврасон кормандонамон бо онҳо саёҳат мегузаронанд. Онҳоро бо ҳар гуна китобҳои аҷоибу шавқовари суратдор ошно месозанд. Барои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ аз расмкашию бозиҳо истифода мебаранд. Бо ин роҳ наврасон ҳавасманд шуда, аъзои фаъоли китобхона мегарданд, - мегӯяд китобдор.
Беҳтарин туҳфа
Савригул Соҳибназарова дар зодрӯзи фарзандонаш барояшон ҳамеша китоб тақдим менамояд ва мегӯяд, ки бо ин васила завқи онҳоро ба китобхонӣ бедор кардааст.
- Ду писар дорам, ки аз хурдиашон вобаста ба синну сол барояшон китобҳо мехаридам. Аввал китобҳои суратдору ҳарфкалон, баъдан китобҳои шеъру пур аз қиссаву ривоятҳои ҷолиб туҳфаашон менамудам. Ба писари калонӣ ба хотири ошноӣ пайдо намуданаш бо технологияи муосир компютер харидам. Истифода аз китобҳои электронӣ ва меҳри компютер ӯро аз хондани китобҳои чопӣ дур намуд. Завқи китобхониаш ҳам суст шуд.
Писари хурдиам 15 - сола аст, муҳаббати зиёд ба китоб дорад. Дар хона барои китобҳояш ҷевони махсусеро сохтааст, - бо хушҳолӣ иброз медорад модар.
Рӯзгори гузаштаҳо ҷолибанд
- Ман инро аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ хондам. Гоҳе зиндагии имрӯзаро бо рӯзгори гузаштаҳоямон қиёс мекунам. Аҷиб аст, вақте нафаре дар шароити сангин зиндагӣ намудаву чун нависанда дар олами адабиёти башар муваффақу машҳур гаштааст, пас, чаро мо бо ҳама шароити хубу фароҳамовардаи волидон аз пайи илму дониш набошем ва оянда номбардори миллати хеш нагардем? – мегӯяд Самия Шариф, хонандаи синфи 5 – и гимназияи ба номи Абурайҳони Берунӣ.
Самияро хондани ҳикояҳои хурди китоби дарсиаш ба китобхонӣ ҷалб намуд ва ӯ айни ҳол узви китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар мебошад. Китобҳои хондаашро ба дигар дӯстонаш тавсия медиҳад.
Омӯзгорон таблиғгар бошанд
Дар баробари саҳми хонавода барои китобхон шудани кӯдак омӯзгор низ нақши муҳим дорад ва сухану даъвати муаллим дар таблиғу тарғиби ҳар амал пуртаъсиртар мебошад.
- «Муаллим гуфт!» ин ҳарфҳоеанд, ки ҳар фарзанд гоҳе бар муқобили сухани мо ёдовар мешавад. Яъне, гуфтаи омӯзгор аз маслиҳату насиҳати волидон авлотар меистад. Пас, омӯзгорон низ дар ҷараёни дарсҳо аз боби китобхонӣ лаҳзае гуфта гузаранд, хуб мешуд, - иброз медорад Шаҳрбону Амирхӯҷаева, китобдори МТМУ № 51 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Аз қадим ҳар миллат бо мардуми китобхону китобдораш маъруф буд. Миллати тоҷик низ маҳз бо ҳамин ҷавҳари ҳастӣ чун миллати фарҳангдору тамаддунофар ҷаҳоншумул гашт. Бошад, ки насли имрӯзу оянда посдорандаи ин фарҳангу тамаддуни хеш гарданд.
Қ. НЕЪМАТУЛЛО