Як товаи нуру шафақ
(Давомаш.
Аввалаш дар шумораи гузашта)
Трактор чолон шуд. Ду нафари ба чашми мардум гӯи аз ҷон сер, шитофтанд аз тирагӣ сӯи чароғи яқин, ки ба кӯи осудагӣ расонад. Бо вуҷуде пури ситаму озори тӯдаи нобакор, ки зиндагиро гулгун ба хун кашиданд, раҳораҳ Зайтуна дили саргардонашро гӯӣ ба қади мӯйрагҳои ҳаёт бикашид. Дуову ниёишу ситоиш хонд мар Худои меҳрубонро, ки фиристонад давлати воқеан кушандаи ҷангу ҷӯшу хусумату бародархорагиро, фурӯзонад резиши нуру шафақи амониву шодхорагӣ.
Дар сари пули даромадгоҳи шаҳрак яке!!! Танки зилзилаафкане пеши рӯ баромад, ки бо як пуфаш тавонад трактори додпурсро ба бурунсӯи ноҳия бипаронад. Зайтуна сари дави трактор худро ба замин ҳаво дод, рост шуд дар дами маргофарини муҷассамаи оҳанин.
Танк шах шуд ҷо ба ҷо. Афсаре парид ба поин ба муқобалаи «сангаргир»-е бад-ин шуҷоату поймардӣ даст луч.
- Э занаки ҷонбарбод, аз Худо хати мир овардай? Ира танк мегӯянд, трактори кӯшгири пахтаву полизат не! Дар тагаш монӣ, дудатро очат намебинад, - дод зад афсар.
- Биёри ҷон, (мухотаби доимии Зайтуна ба ҳама мардони ҳурматхоҳаш), - ҷони ман ҳам дар бари ҳама ҷонҳои барбод рафта. Ҳамаи мо тути лухиворе рехтем аз сари шоҳ. Тарси мурдан мурдаст, дигар дар диломон. Бигӯед, аз барои Худо, шумо пушти чӣ вазифае танк медавонед. Гашти сафаратон ба чӣ соз? Ман Зайтуна Қаландарова – депутати Совети Олии СССР, муллоҳои ҷангара аз вазифа гирифтандам, аммо дар интихоби халқ ҳанӯз ҳам раиси колхози ба номи Дзержинскиям, - гирист зани тигаҳи танкаро гуфтӣ бо тири оҳ шикофанда, пойи зиреҳбандашро аз гардиш баста.
Афсар баадаб салом пеш овард:
- Апаҷон, шинохтам шумора. Газету радиову телевизоре набуд, ки бе номи шумо забон кушояд. Мақолаи Отахон Латифиро хондам дар газети калони СССР. Омадем, ки ҳукумати қонунӣ бар ҷой шинонем. Пойи баду сияҳкорро канда месозем аз хоки Ватан.
- Агар ҳомии ҳукумати қонуниед, дар пеши потон бимирам, биё, акаи азиз, ҳоли ҳозир ба колхози мо надароед, нест касе яроқдору ошӯбгар он ҷо. Ман ҳамаро так – так медонам – яроқдастони бегонаи беруна моро талаву тороҷ карданду куштанду сӯхтанд. Овозаи омадани шумо нақши ваҳшатзадаву кӯфтаву тиррасидаро дигарбора наҷунбонем, ки виззоси занбӯрро шуввасти тӯп мешунаванд. Ба рӯи дидаву дил ҳукумати нав.
Афсар бо камоли ризову эҳсон ва расми ҳарбӣ даст ба чакка бардошту сипоҳиёнашро ишораи рӯгардонӣ фармуд.
Шояд ҳамин дидор хабаррасони зиндаву бар ҷой будани Зайтуна Қаландарова – зане корнамо, пирӯзвар гардид. Масъулину ҳарбиёни ҳукумати тозаистиқбол дар тариқи истиқрори сулҳу амониву нобудии ҷангафрӯзон шахсиятҳои сароҳангу холисан озодманишу фидокори сарзамини осудамандро ҷӯё буданд.
Бихонданду ба исрору пойфишориву таъкиди зиёд шинондандаш дар мақоми роҳбарӣ ба сифати «комендант»-и ноҳия (таъбири он айёми навдавлатӣ). Бо нияту амре, ки дар ин рӯзҳои торик чашме во шаваду барқ занад, дасте, ки тахт созад талҳои фиребу ғафлатро дар маърази ақлҳову синаҳои хушсиришт.
Нахуст иқдоми комендант бо дастаи ҷӯёнаш роҳ гирифтан ба найистону ҷангалаки соҳили рӯди Панҷ – «шаҳр»-и гурезагони паноҳандаи капаҳои хасину салафанӣ шуд.
Зиндаҳои хайманишини дарёканорро аз шакку тардиду ҳарос амин авохт сӯи офтобу суфраи кошонаҳои матрук бо эътинову эътимоду қасами модари ҷонпарвар. Мурдагонро кашонд ба мазори бе ғиреви омурзишу дуову нигоҳи ғурбатии хокӣ, гӯру кафан нӯшонд бо иззату икроми урфӣ.
Шоҳиде, номаш Амиршои Шӯрчӣ, шахси маънавӣ, шеъргӯву хушлабу лаҳҷа саҳнаи ашку маргу фарёдҳои хунинро аз он рӯзҳои пушти симхори сарҳади лаби дарёи Панҷ ҳанӯз бо ҷони пурдард ёдвар мешавад.
- Аз дастам биёяд, Зайтунаро ҳайкали тилло мешинонам. Ҳазор бор гуфтам он аламҳои найистони таҳкаши беватанирову дилам холӣ нашуд, ки нашуд.
Тӯп шудем ба гирдаш дар пушти симхор. Кӯдакони сармозадаву мунтазири меҳрубониву дилнавозиро ба рӯи дил мемолиду менолид, ки умру ҳоли нек бинанд. Баргаштем аз паяш дилпур. Боз соҳиби кошонаҳову дуду алову нони гарми танӯри суфраи худ гаштем.
Зайтунаи раиса дар анбори колхозаш ғаллаи зиёде захира дошт дастёби мардуми замони осоишта. Бар дари ин хирмани нони лоямут аз ҳама кунҷу канори зистангоҳи ноҳия умедкашони гуруснаи мунтазир мешитофтанд. Комендант – раиса, гуфтӣ, ки лабханду ризои мардумро бо тарозу бармекашид.…Саҳни идораи мақомоти ноҳия, кӯчаҳои шаҳраки Панҷ, деҳу диёр битамом, сарандозу пероҳани мотамӣ ба бар дошт. Боду борону хоку моҳу ситора оғушта ба рангу бӯи хун метофт. Чок- чоки гуруснагиву хонумони хокистар, зиндаковиву мурдаковӣ, вой… ноақлӣ. Хок мурда, ҳаво мурда, шодиву даво мурда: бар маргу толеи хунин марсия мехонд Зайтуна пинҳону рӯшод ва чени абри боронӣ мегирист, сари ҳар панҷа задан бо асароти ҷанги худкушу худсӯзон.
- Раҳмати ҳақ расадо, пушт бар пушт, зод бар зоди Султони Чол, Давлати Хол, Саидназар ва чанде дигар сарнишинони ҳарбиву милисаву ҳукуматкунандагони ҷангкушро, - фонуси ёдҳоро гул мезанад Зайтуна. Ва ниҳоят ба шукри нахуст дидори мукаррам, муҷассамаи накуиву Сулҳу Ваҳдату Ватанмардӣ. Пешвои миллату давлатсози муқтадир Эмомалӣ Раҳмон хотироте офтобӣ меситояд.
5-уми ноябри соли 1994. Халқи дар бистари хушунату навмедиву дилтангӣ печида, гуруснаву нимбараҳна анҷуман оростанд перомуни бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ. Кӯчаҳои шаҳрак ҳам ҷӯшида пуропури мардуми гӯи дар кавире дарёи Панҷро мунтазир – Сарвари тозаинтихоби давлати навини тоҷикона Эмомалӣ Раҳмонро муштоқи оғӯш.
Фарзанди гиромигуҳари миллат расид ба кӯи умедворони дилшикастаи оштиҷӯву ватансозу пазирои якоякиву бародарнавозӣ. Аз миёни ду сафи пешбозгирон гузашт бо талиаи некурӯиву дардошнову дастгир. Модаре аз саф баромад ба истиқболаш, бипечид ба дастонаш, бибӯсиду бимолидаш ба шукронаи қадами наҷибаш, тулӯи барқу боди рӯзгори осудаманд.
Яке аз зиёиёни маъруфи ноҳия Пирмуҳаммад Нуров ташрифи Сарвари муборакқадамро нури чашму набзи дили мардуми муташаккири пешбозгир хонд. Аҳли мулоқот ба ҷон пазируфтанд ҷасорату поймардии Сарвари навро дар соҳати санҷиши кишваргироиву қавмпарвариву растагорӣ. Пирӯзваре дар масофи раҳоӣ аз шикасту футуру разолату хиёнат дарёфтандаш. Шиори панҷиёни гавҳаршинос бардамид: мо ба ҷони ҷон пайгират, содиқат, мувофиқат Раҳбари Зиндагисоз. Сарнавиштгар, Фотеҳ.
Зайтуна дар ин саф қад меёзонд, сар боло меафрохт, то серӣ бубинад Қаҳрамони ҷоннисори Сулҳофарин, Ваҳдатгиро, якояксози давлату миллати пошхӯрдаву аз пову пар мондаро. Ва меҳру эътибору вафо баста мекард ба ризову талабу эҳтиёҷи ҳамдиёронаш муносиби Меҳтаре, ки аз ғувваи оташу дуд зодбуми гиронмоя ва мардуми покизагавҳарашро бароварда карда.
Бо ин тавсияту раҳнамоӣ Зайтуна печид перомани ҳамватанони навдавлати демокративу шаҳрвандии по ба по бо мардуми мулку макони озодатабъу бунёдкори ҷаҳон.
Аҳде колхозҳои собиқ ба хоҷагиҳои мухтори деҳқонӣ (фермерӣ) мувофиқи хушдори замон тақсим шуданд. Ӯ хоҷагии деҳқонии зодбуми Сафедоронашро ба уҳда гирифт. Сипас, солҳое чанд интихобан курсинишини раиси Ҷамоати деҳоти Озодагон сафедӣ кард. Ба нафақа баромад. Аммо дили одаткарда ба киштану рӯёнидану анбоштан натавонист фориғдил аз каронаҳо тамошогаре бошад. Сари чойнаки чою фатири гарму косаи ҷурғоташ ҷамъ овард дар як рӯзе ҳамгомони саҳронаварду тадбирҷӯву маслиҳатомӯзи амалҳои хайру салоҳу савобу осоишу ободонии даврони коровариашро. Ҳамгироёни замони бригадириву раисиву давлатмардиашро. Ин дидан фурӯғе буд аз офоқи рӯшани баъди бародарҷанг. Сина бо ҳам оғуштанд шахсиятҳои пешсафу маъруфи вақт – Болта Нидоев – раиси номвари собиқ колхози «Якуми Май», Мирзоқурбон Олимов – собиқ раиси ноҳияи Панҷ, Саидамон Раҳмонов, Аширмат Эсанқулов, Саидакбар Гурезов, Нуралӣ Раҷабов, Муҳаббат Адҳамов, Пирмуҳаммад Нуров – раисони хоҷагиҳои ободону роҳбарони ташкилоту муассисоти қувватманди давлати шӯравӣ.
Пирони ҷавондилшудаи айёми соҳибистиқлолу ватансозиву сулҳпосдорӣ ҷӯшиданду дубора омехтанд ҷону тавони хештанро ба даъвату тарбияти улгуи фарзандону наберагони корнамои имрӯзи диёр. Маҳфили «Дидор» ном гирифт ин ҷамъомади собиқ ҳамравон. Қарор шуд, ки «Дидор»-и пирони ҷавонбахтиро моҳе ба як бор – ҳамгинонӣ.
Соли гузашта сел омаду обхези баҳори пурбориш ба чанде деҳоту роҳу киштзори мардум шадидан табоҳиву харобӣ хол кӯфт. Зайтуна пеш баромад, ҳамтоёнаш бари ба бар хона ба хона гаштанд гирди офатзадагон. Ҳиммат баланд доштанду ба андозаи тавон миқдоре пулу моли шахсӣ бахши кумаки зиёнрасидаҳо карданд. Зайтуна бо атои шахсӣ як хонаи осебдидаро ба эъмор расонд.
Зайтунаи мо дар ҳамоиши «Дидор»-и қарибаш аз шугуни дарёфти навинаш хушхабар дод, ки аз қабули роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон баргашта дилпур. Роҳи калони пайвандгари деҳаи Сафедорон, ки ба гузашти солиёни зиёд чӯкидаву кафидаву резида шуда – ба аҳволи бади регу моҳӣ, акнун қирони нав гирад ва пайванди ҷаҳони мутамаддин.
Роҳбари хушэътибори Вазорати нақлиёту роҳҳои кишвар бишнохташ, бинавохташ, ки ҳамон апаи Зайтунаи дар замонаш номвари меҳнатист. «Сангро мекафонаму дархости шуморо иҷро мекунам. Ҳолӣ дар ҳавои сард таъмири роҳ ба сақичи гарм ҷӯр намеояд. Айёмӣ гармӣ ки расид, дую ним километр роҳи асфалтпӯши базеб аз мо ҳадия ба шумо», ваъдааш дод.
Ҳамдеҳагони ҳимматхоҳ, ҳар кӣ ба андозаи ҷайбаки хайр сари овозашро гирифтанд. Сангрезаи таҳпойи асфалтро худ кашонда рехтанд, ҳамвор карданд. Намояндаи вазорат омаду ба дидан офарин хонд халқи дастобадаст ташаббускорро.
- Рӯзи асфалтрез шудани роҳ маҳфили «Дидор» бо зиёфаташ, - каромот во дошт Зайтуна.
Деҳқонсолор, марди пухтаи корсози роҳбариву сохтангар Болта Нидоев худоҳофизӣ метаконад. «Зайтунамоҳ, охир ту, ба рангу рӯт ҷинси занӣ, аслан гирем, ки дарун ба дарун хироҷи даҳ марди коромадӣ. Гапи ту алмос воре бурандааст».
- Хуб, ин хел ки бошад, боз чӣ гоҳе ба рӯ ранги зард мезанӣ хоҳар, - хаёлам рӯ ба рӯйи касе мегирйӣ, - мепурсам аз ӯ, банда ба суҳбат якҷо шуда.
- Ака, Зайтунаи нозону кавги маст, ки мебинед, аз рӯ маҳтов асту аз дарун кӯзаи зардов. Ҳолӣ талхтарин ёдеро шунавед, ки худам ӯсун, фарзандонамро мегирёнад. Маро, коменданти ноҳияро рӯзе модарони гуреза аз гӯшаҳои Қумсангиру Колхозободу Қӯрғонтеппаву… худиҳо низ, ки дар биноҳои таълимиву фарҳангии пешин паноҳандашон карда будем, ба ҳолпурсӣ хонданд. Рафтам ба наздашон, алове ба рӯям зад, ки ман дидаму эй, Худо, набинад дигаре. Он дидор ҳанӯз ҳам сар то қадамамро лахт-лахт мехояд.
Қариб сад кӯдаки нимбараҳнаву нимҷон «Апа, нон!», «Апа, нон!» - фиғон зада, чок - чок часпиданд ба қадам ранги мурғи чӯҷадор. Кашидам селаи мӯрчаякони донаҷӯро сӯи ошхонаи «Коинот», бо ҳазор худогӯиву худонеруиву бахтталабӣ, ки хӯрдане пайдошон намоям.
Ошпаз дар болои рафи кориш хлебҳои буридаашро тӯб кардан дошт. Кӯдакон ба муҷарраде, ки ин пайдои ҷондамонро диданд, дарафтоданд ба он мисли гургбачаҳои гуруснаи чиллагӣ. Ману ошпаз ончунон телаву тумба хӯрдем дар он ғиреви тӯфонӣ – сохте, ки чоҳе фурӯ кашидмон. Худоёфтагон, ҳар чи ки ба даст хӯрд, ба даҳон заданд…
Ман, занам, модарам, насӯзаму нарезам ба ранги зард аз ин хаёл чӣ мавҷудам, чӣ ҷондорам, чӣ парастандагорам?!
Имрӯз мардуме боз ба ҷӯш омада, аз ҳаросу такони ларзаи сар баровардани кабириҳову дангу дайдуи ғам начашида, ки дар чор чапи дунё худро пуштибону кадхудои давлату миллат метобонанд. Ҳамин гуми шудагитон, гум аз Ватан, гум аз роҳи мо, гум аз дидаи рӯшаншудаи миллати мо!!!
Сад шукр, давроне, ки имрӯз дорем, ҳеҷ кас дилтангу нодор нест. Ҳеҷ кас қурбонии шайтанату дилозори зуннори фиребандаи бегонагони сияҳкор нест!!!
Мирзо НАБОТ