Театру синамо ва осорхонаву китобхонаҳо, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушду эҳё гардидаанд, ҳамчун муҳимтарин унсурҳои фарҳангӣ дар тарбияву ташаккули зеҳнии одамон, муаррифии тамаддун ва арзишҳои миллии халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нақши ниҳоят муҳим гузошта истодаанд. Гузори начандон тӯлонии таърихи давлатдории навини мо собит менамояд, ки маҳз бо истифодаи судманд аз ин ва дигар воситаҳои фарҳангӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои халқ ба сӯи амалисозии ҳадафу андешаҳои бузург мебошанд. Дар радифи сохтмону азнавсозии иншооти гуногуни муассисаҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ сохтмону ба истифода додани осорхонаву китобхонаи мӯҳташами замонавӣ ва инак, бинои бо тарҳи нави меъморӣ қоматафрохтаи Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, аз