Бонуе аз олами зочабозон
ШЕФТАИ ОЛАМИ ЊУНАР
Мунира Зоирова. Ин ном моњи майи соли 2019 дар фазои фарњангии кишвар устувор гашт. Дар таърихи театрњои давлатии пойтахт бори нахуст бонуи љавонеро саркоргардони Муассисаи давлатии «Театри давлатии љумњуриявии лӯхтак» таъйин намуданд. То ба он дам, ба љуз доираи фарњангиёни мамлакат кам касон ин њунарпешаи лӯхтакбозро мешинохтанд. Ӯ аз куљову аз кадомин барзан по ба арсаи њунар нињодаву ба ин мартаба расида ва аз кадом лањза шефтаи «чодари хаёл» гаштааст? Инак, ривояте аз боби рӯзгори ин бонуи њунарманд.
ИБТИДО
Мунира Зоирова дар дењаи Обшорони ноњияи Шањритуси вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Модараш Миниса Юнусова муаллимаи забони русӣ, падараш Абдумумин Зоирови барќкор сарфи назар аз рӯзгори нобасомони солњои 90 – ум духтарашонро хононданд. Ќаблан чанде дар литсейи №1 ноњияи Шањритус ба хонандагон аз фанни информатика дарс гуфт. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоњ роњи пойтахтро пеш гирифт.
Соли 2010 бо њидояти модар, бо Квотаи президентӣ ба Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба факултаи мусиќӣ – омӯзгорӣ дохил шуд. Ду сол дар ин фарњангистон рӯзона тањсил намуд…
Мунира парда аз роз мебардорад: «Њангоми дар мактаби миёна хондан ба расмкашӣ шавќу рағбати зиёде доштам. Аз рӯи њавову њавас мегуфтам, ки омӯзгор ва ё мисли падарам барќкор мешавам» (механдад).
Бо табассум меафзояд, ки бори нахуст дар донишкада фортепяноро ба чашм дидааст. Он солу замони ќањтӣ ва вазнинии њаёт, вазъи иљтимоӣ имкони чунин асбоби мусиќӣ пайдо кардан набуд. Чи равад аз мусиќидонии ӯ.
Пас аз дуву ним соли тањсил, бо сабаби вазнинии шароити зиндагии хонавода ба шуъбаи ғоибонаи њамин донишкада ба ихтисоси режиссёри оммавӣ гузашта, то соли 2014 тањсил намуд…
ТЕАТРИ ЛӮХТАК
Мунира овони донишљӯӣ барои бењбуди зиндагӣ кор мељуст. Бонуи мењрубоне ӯро њидоятгар шуд. Гуфташ ба театри лӯхтак рав. Омад ба театр ва аввал аз рассоми театр Талабшо Саидов нозукињои расмкаширо омӯхт.
Шавќу њавас ва њунари духтараки закиро ба инобат гирифта, роњбарияти Театри давлатии љумњуриявии лӯхтак соли 2012 Мунираро ба симати актриса ба кор гирифтанд.
Вай ду сол саропо ба кори эљодӣ дода шуд. Сирру асрори олами лӯхтакбозӣ ва «њилаву найрангњои» олами зочабозонро андӯхт. Омӯхт шуд, пайи њам бомаром дар кулли намоишњои театр наќш офарид.
НОВОСИБИРСК
Мунира акнун дар театр мавќеъ ёфтаву ба тору пуди театр омехта буд, ки рӯйдоде ӯро пайгир шуд. Соли 2014 аз шањри Новосибирск устодони театри лӯхтак, коргардонњои драма ва кинои донишгоњи ин шањри фарњангӣ ба Душанбе омаданд. Кастинг дар театри лӯхтак доир шуд. Дар имтињон 90 довталаб, 89 писар ва 1 духтар ширкат варзид. Ягона духтар ӯ буд.
Мунира ќоил аст: «Ба ростӣ нияти дар шањри дур хонданро надоштам. Ба њамааш акои Иззатулло Сафарзода, саркоргардони ваќти театр сабабгоранд. Он кас бо ќотеият гуфтанд: «Мунира, меравӣ мехонӣ!»
Сухани устодро ду накардам. Хондам, омадам ва, инак, вазифаашонро гирифтам» (механдад).
Њамин сон Мунира тибќи Барномаи давлатии рушди санъати театрии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014 – 2018 муњассили факултаи актёрии театри лӯхтаки Донишкадаи давлатии санъати вилояти Новосибирск шуд. Њангоми дифои кори дипломӣ дар донишкадаи номбурда афсонаи халќи тољик «Робияи чилкокула» - ро тањия намуда, ба њакамон – устодон ва тамошогарони рус пешнињод кард. Њангоми тањсил (2014 – 2018) сазовори чандин диплому грамотаи озмунњои вилояти Новосибирск гашт. Институтро соли 2018 бо дипломи сурх хатм намуда, бо сари баланд ба шањри Душанбе баргашт.
Ӯ бо ќаноатмандӣ ироа медорад: «Ман ќабл аз њама кӯшиш ба харљ додам, то хуб тањсил намоям ва устодам Иззатулло Сафарзода ќаноатманд гарданд».
САРКОРГАРДОН
Мунира Зоирова моњи майи соли 2019 бо фармони вазири фарњанги кишвар саркоргардони Театри давлатии љумњуриявии лӯхтак таъйин гардид. Дар кӯраи зиндагӣ обутоб ёфта бошад њам, њиљ бовараш намеомад, ки ӯро ба ин вазифаи баланд ва масъул мепазиранд.
Аз дигар сӯ, ӯ нахустин бонуест дар кишвар, ки факултаи актёрии театри лӯхтаки Донишкадаи давлатии санъати вилояти Новосибирск (ихтисоси њунари актёрӣ) – ро бо дипломи аъло хатм намудаву дар пайроњаи театри лӯхтак равон асту равон. Вай дониш, истеъдод ва ваќташро дар театри лӯхтак ва бо омӯзиши њунар сипарӣ менамояд. Боиси зикр аст, ки Мунираро њамчун мутахассиси варзидаву њирфавии соњаи лӯхтак дар љумњурӣ медонанду ба њунараш ќоиланд.
ТАЊИЯГАР
Мунира Зоирова дар сањнаи театр њамчун тањиягар 3 намоиш ба сањна гузошта, ба тамошобинони наврас пешкаш намудааст.
Аз љумла, намоиши «Офтобак ва одамони барфӣ» («Солнышко и Снежные человечки», муаллиф Александр Веселов), намоиши «Озодапаланг» (муаллиф Маљид Салим, дар мавзӯи њифзи табиат ва масоили экологӣ), намоиши «Гули ќоќу» («Одуванчик», муаллиф Мањинабону Гасанова) ва барномаи шоу – консерт тањти унвони «Дасту пою лӯхтакњо» бо иштироки хонандагони студияи кӯдаконаи «Исмоил» - и назди театр.
ЉАШНВОРАЊО
Мунира Зоирова дар чандин љашнворањои байналмилаливу љумњуриявӣ ширкат варзидааст. Љашнворањои байналмилалии театрњои лӯхтаки «Ортеке» (шањри Алмаато, Ќазоќистон, соли 2013), «Шомбай Фест» (шањри Ќазон, Љумњурии Тотористон, 2013), Љашнвораи байналмилалии намоишњои лӯхтакӣ (шањри Люблин, Љумњурии Полша, 2018), «Даврони хушбахтӣ» (шањри Ашќобод, Љумњурии Туркманистон, 2019), «Чодари хаёл» (шањри Душанбе, Тољикистон, 2014, 2018), Фестивал – озмуни љумњуриявии театрњои Тољикистон «Парасту – 2018» аз зумраи онњост. Соли 2018 Мунира Зоирова бо дипломи Иттифоќи ходимони театрии Федератсияи Россия қадр гардид.
СИНАМО
Мунира доимо дар такопӯст. Ӯ орзу дошт, ки ба олами синамо ворид гардад. Ин нияташ дар соли 2019 љомаи амал пӯшид. Бори нахуст дар филми «Роњ» (коргардон Носир Саидов) наќши духтари Манижаро бозид. Соли 2020 ӯро даст дод, то дар филми мазњакавии «Автобус» наќши њамшираи шафќатро биофарад. Коргардони филми мазкур Абдулњай Зокиров аз бозии њунарпешаи љавон изњори ќаноатмандӣ намуд. Филми мазкур моњи ноябри соли равон рӯнамоӣ шуд.
Мунира алњол дар филми кӯтоњметражаи «Бозӣ» (коргардон Мумин Латифӣ) наќши бонуи рус – Вероникаро бозида истодааст.
НАВИД
Мунираро чанде ќабл хушњол дарёфтем. Сабаб пурсидам. Гуфт: «То ба ин дам ифтихорнома, диплому грамотањои созмону донишкадаи њунарӣ ва озмунњои гуногунсатњро дар дохил ва хориљи кишвар ноил гашта будам, ки бо њар яки он менозам. Кунун бо нишони «Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон» шарафёб шудам. Ин дастоварди навбатии банда аст. Аз эњтиром ва ќадрдонии устодам Иззатулло Сафарзода сарам ба осмон расид. Чунин меандешам, ки дар рањи эљод ин охирин мукофот нахоњад буд».
Ин унвон даричаест барои фатњи ќуллањои нав ба нав дар шоњроњи санъат. Мунира Зоирова имрӯзњо тамоми неруи хешро бањри пешбурди театри лӯхтаки кишвар равона сохтааст.
Умар АЛӢ