Соли рушди маорифи Бадахшон
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯњистони Бадахшон соли равон дар ду маъракаи муњими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олӣ ва интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон ширкати фаъол варзида, дар интихоботи президентӣ аксарияти кулли интихобгарон дар вилоят ба љонибдорӣ аз муњтарам Эмомалӣ Рањмон овоз доданд.
Дар љараёни ташрифи Сарвари давлат ба шањру ноњияњои вилоят, њодисаи муњими дигари сиёсӣ дар њаёти сокинон, ки ба моњи августи соли равон рост омад, иншооти зиёди ањамияти иќтисодиву иљтимоӣ ва фарњангу маориф мавриди бањрабардорӣ ќарор гирифтанд. Дар ноњияи Дарвоз коргоњњои истењсоли микрокалсит, маводи зиддиуфунӣ ва коркарди сангњои ороишӣ ба кор андохта шуда, ба иќтисоди ноњия тањким бахшиданд.
Корхонаи «Карон калсит» имкон дорад дар асоси ашёи хоми мањаллӣ дар тӯли сол то 100 њазор тонна мањсулот истењсол намояд, ки дар саноат ба таври васеъ истифода мегардад. Бар асоси арќоми расмӣ ба шарофати фаъол шудани коргоњњои истењсолӣ дар ноњия тайи солњои охир њаљми даромади буљети дохилӣ афзуда, њиссаи он аз 18 ќариб ба 40 дарсади буљети солонаи ноњия баробар мегарад.
Оғози кор дар НБО «Себзор», воќеъ дар ноњияи Роштќалъа, фаъол шудани баландтарин дар љањон неругоњи барќи офтобӣ дар ноњияи Мурғоб ва неругоњњои хурди барќи обӣ гомњои устувор дар раванди тањкими истиќлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии минтаќа арзёбӣ мешаванд.
Сол барои фарњангиёни Бадахшон хотирмон ва бобарор буд. Сарвари давлат муњтарам Эмомалӣ Рањмон дар маросими ифтитоњи театри вилоятии мусиќию мазњакавии ба номи Мењрубон Назаров бо 1000 љойи нишаст, ки бо харљи 27 миллион сомонӣ ва бо љалби тарроњону рассомон ва муњандисону сохтмончиёни бењтарин бунёд гардид, ањли фарњанг ва кулли сокинони Бадахшонро табрик ва изњори боварӣ намуд, ки њунармандони театр ва санъаткорон аз ин туњфаи Њукумати мамлакат рӯхбаланд шуда, бо истифода аз имкониятњои муњайёгардида то љашни истиќлол намоишу барномањои консертии мутобиќ ба талаботи замонро тањия намуда, манзури тамошобинон менамоянд. Бо илњом аз ин њидоятњо дар сањнаи театр аллакай нахустин спектакл ва намоишњои хуби консертӣ рӯйи кор омаданд.
Дар маркази вилоят соли равон навсозии шабакаи обу корез оғоз гардида, дар марњилаи анљомёбӣ ќарор дорад. Дар ин сафар Президенти Тољикистон ба сохтмони пули мошингузар санги асос гузоштанд, ки бунёди он орзуи деринаи сокинони вилоят буд. Бо мавриди истифода ќарор гирифтани пул мушкилоти тамбашавии наќлиётро дар роњи марказии шањри Хоруғ аз миён мебардораду њаракати бемамониати наќлиёти сабукраву боркашро таъмин менамояд.
Дар њамин њол ба бањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва тањлилгарон соли равон, бахусус дар соњаи маориф, натиљањои назаррас ба даст омаданд. Чун нишона ва идомаи таваљљуњи пайвастаи роњбарияти Њукумати љумњурӣ ба соњаи маориф Сарвари давлат муњтарам Эмомалӣ Рањмон дар дењаи Умаракаи ноњияи Дарвоз санги асоси мактаби президентиро гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин мактаб калонтарин ва зеботарин дар масоњати 2 њазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, барои 480 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Мактаб хобгоњ бо 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 љойи нишастро фаро гирифта, дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзиш сохта мешавад.
Њамчунин, бо супориши Сарвари давлат дар маркази вилоят, дар мањаллаи Бархоруғ дар тӯли як сол ба љойи бинои кӯњнаву фарсудашудаи таълимӣ ќисми якуми бинои мактаби нави зебову замонавӣ ќомат рост намуда, маросими ба истифода додани он бо ширкати Президенти муњтарами Тољикистон сурат гирифт.
Бино бар маълумоти масъулони раёсати маорифи вилоят, дар панљ соли охир бештар аз 760 нафар хатмкардаи болаёќат тибќи квота ба муассисањои тањсилоти олии касбӣ дохил шуд, ки 395 нафараш духтаронанд. Бар иловаи наќшаи муайяншудаи Њукумати мамлакат ва бо супориши Сарвари давлат љињати бартараф гардидани камбуди таъмин намудани муассисањои таълимӣ, тиббӣ ва соњањои дигар дар дењоти дурдаст бо мутахассисон барои љамоатњои дењоти Сағирдашт, Язгулом, ноњияњои Мурғоб ва Роштќалъа квотањои иловагӣ људо карда шуданд.
Агар соли гузашта 100 фоизи хатмкунандагони як мактаб дар вилоят ба муассисањои тањсилоти олии касбӣ пазируфта шуда бошанд, имсол њама хатмкунандагони 46 муассисаи тањсилоти миёнаи умумӣ ба унвони донишљӯ сазовор гаштанд. Ќатъи назар аз пањншавии бемории КОВИД-19 тариќи онлайн 176 нафар хатмкардаи вилоят ба донишгоњњои бонуфузи хориљӣ дохил шуд.
Дар соли тањсили гузашта 16 хонандаи мактаб дар озмуни љумњуривӣ соњиби љойњои ифтихорӣ гардид. Ин њам дар њолест, ки дар озмуни ќаблӣ њамагӣ чор хонанда дар маќоми ифтихорӣ ќарор гирифта буд. Њамчунин, се хонанда мактабро бо медали тилло хатм намуд. Ба даври нињоии озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субњи доноӣ китоб аст» 9 нафар роњ ёфт, ки аз сатњи баланди фарњанги мутолиа шањодат медињад. Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов дар љаласаи назди раиси вилоят изњор дошт, ки маориф ба Бадахшон бармегардад ва барои тањкими ин раванд омӯзгорону волидон бояд масъул бошанду барои тањкими ин раванд ва њифзи шараф бори зањмати бешеро бар дӯшашон кашанд.
Амриддин Ватаниев, яке аз таълимгирандагон, ки мактабро бо медали тилло хатм намуд, алњол дар Академияи давлатии авиатсионии шањри Минск тањсил дорад. Ба гуфтаи Амриддин, афзоиши таваљљуњ ба илмњои даќиќ ва техникӣ ва њавасмандгардонии мутахассисон аз љониби давлат ӯро ба ин интихоб водор сохтанд.
- Кишвари мо ба мутахассисони авиатсия ниёз дораду тибќи ояндабинӣ дар ноњияи Ишкошим фурудгоњи байналмилалӣ бунёд мегардад ва мехоњам дар љумњуриамон ба сифати танзимгари наќлиёти њавоӣ фаъолият намоям, - гуфт дар суњбат Амриддин.
Ш. МИРЗОЉАЛОЛ,
ВМКБ