ЗИНДАГӢ
Бечоравор нола накун пеши зиндагӣ,
К-он ҳеч вақт гӯш ба афғон намедиҳад.
Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,
К-ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.
Ёлаш ба дасту панҷаи мардӣ бигир сахт,
Андар рикоби зарҳалаш он гаҳ дарор по.
Гардон сараш ба ҷониби саҳрои орзу,
Дилро бидор маҳкаму сар деҳ лаҷомро.
Оҷиз нашав, ки зиндагиро хуш наояд ин,
Ту мард бош, зиндагӣ худ мардпарвар аст.
Дилхун нашав зи савлати каргастабиатон,
З-он фахр кун, ки рӯзии уқоб камтар аст.
ГУЗАРГОҲ
Зиндагонӣ гузари кутали роҳи адам аст,
Ранҷи ин кутали дамгир кӣ гуфтаст, кам аст.
Хории хам шудани қуллабароӣ бикашем,
Ҳар сари роҳи баландӣ, ки гузаштем, хам аст.
Беасар нест тапишҳои дили чашмаи мо,
Бар раҳи рафтаи дил чун нигарӣ, сабзадам аст.
Ҷуръате кӯ, ки диҳад гӯш касе бар дили мо,
Сабти ин фитта ҳама нолаи дарду алам аст.
Сӯзиши захми дарун пеши кӣ гӯем дигар,
Ҳаркиро менигарам, дида намакдони ғам аст.
Бар хати сафҳа каловида равонам чу қалам,
Бори ангушти қаламкаш чу ба дӯши қалам аст.
ХУН МЕШАВАД ДИЛАМ
Вақте ки нархи ишқ
Бозорӣ мешавад,
Вақте фурӯши ҳусн
Дуллорӣ мешавад
Ёру бародарӣ туҷҷорӣ мешавад,
Хун мешавад дилам,
Хун гиря мекунам.
Вақте суханваре
Бошад суханфурӯш,
Гоҳи дифои ҳақ
Шоир бувад хамӯш,
Хун мешавад дилам,
Хун гиря мекунам.
Соҳибватан агар
Душманпараст шуд,
Қадри ватан агар
Як зарра паст шуд,
Хун мешавад дилам,
Хун гиря мекунам.
АЗМ
Донаи шатранҷи фурсат, ман чаро мебозамат?
Мекунам гашти хатову дар хато мебозамат.
Лоиқи табъи Муродӣ нест фарзин карданат,
Бо талошу ҷаҳд охир подшо месозамат.
Эй саманди вақти саркаш, оқибат зинат занам,
Интиҳои роҳи умед, ибтидо месозамат.
Эй ҷаҳони кинаобод, ишқободат кунам,
Мардуми бегонапарвар, ошно месозамат.
Нағмаи нохуш барорад тор агар ҳамҷӯр нест,
Тори дил, бо тори дилҳо ҳамнаво месозамат.
Зиндагӣ, дар тӯри доми ҷоҳилон афтодайӣ,
Медаронам тӯрашон, охир раҳо месозамат.
ҚОИММАҚОМ
Одамӣ бар бандагӣ, вақте ки одат мекунад,
Ҳар чӣ худ меофарад, бар он итоат мекунад.
Нест ҷуз маҳсули дасту санъати андешааш
Каъбаву бутхонае, к-одам ибодат мекунад.
Ҳар замон афсонае мебофад аз буду набуд,
Мефиребад хешро, аз фанд роҳат мекунад.
Бар малоику фаришта дарси ҳикмат медиҳад,
Аз чӣ бошад, ки худаш кори ҷаҳолат мекунад?
Гарчи маъмури адолат ҳаст аз сӯи Худо,
Ору номуси имонашро тиҷорат мекунад.
Одам аз лутфи Худо қоиммақоми олам аст.
Оламеро, к-ӯ дар он шоҳ аст, ғорат мекунад.