Модар, ман интизор
Абдулқодири Раҳим
Модар, баҳор рафту ба хобам наомадӣ,
Дар лолаҳои байни китобам наомадӣ,
Оҳангҳои зиндагиам куҳнатар бишуд,
Дар тори зангдори рубобам наомадӣ.
Модар, чӣ шуд туро?
Модар, чӣ шуд туро?
Модар, ситораҳои само бе ту хира шуд,
Бе моҳи рӯи ту шабу ҳам рӯз тира шуд.
Деви ғам аз фасонаи бигзаштаҳои дур
Як – як қафас шикаста ба фарзанд чира шуд.
Модар, куҷоӣ ту?
Модар, куҷоӣ ту?
Беҳосил аст анҷиру ангуру ҳам анор,
Беҳосил аст меваи ширини рӯзгор,
Гулҳои дасти ман ҳама пажмурда гаштаанд,
Маълум шавад нишонаи ҳар сол аз баҳор.
Модар, фаромӯшам?
Модар, фаромӯшам?
Бас гиряҳои талхи ман андар гулӯ бимонд,
Бас зардие зи ранги хазонам ба рӯ бимонд,
Бас шеъру рози дарду аламҳои тозаам
Дар қалби чок – чоки алафҳои ҷӯ бимонд.
Модар, дигар шудам?
Модар, дигар шудам?
Ҳар фасл аз барои ту, модар, баҳор ҳаст,
Гирдоби баҳр ҳам зи бароят канор ҳаст.
Ман ҳеҷ яъсро надиҳам роҳ дар дилам,
Оӣ ту, нобарории моро барор ҳаст.
Модар, ман интизор!
Модар, ман интизор!
Меҳри модар
Ту чароғи хонадони мо будӣ,
Ту баҳори ҷисму ҷони мо будӣ,
Ту таронаҳои олами фарзанд,
Ту суруди хуш, равони мо будӣ.
Модар!
Ту сафар кардиву бехабар мондем,
Ту ҳама буду набуди мо будӣ,
Ту сафар кардиву беасар мондем,
Модар!
Гиряҳо моро шарики ғам гаштанд,
Достони тоза бо алам гаштанд,
Хандаҳо моро зи ҳасрати ҷовид
Дар замири дил ба дил рақам гаштанд,
Модар!
Он гуле, ки назди хонаи мо буд,
Аз нигоҳаш ранҷу дард пайдо буд.
Шабнами фасли баҳор ӯро не,
Қатраҳои оби чашми дунё буд,
Модар!
Баъд аз он хуршед муждагонӣ дод,
Зиндагониро роҳи шодмонӣ дод.
Меҳрҳоро ҳам ба меҳри худ пайваст,
Аз вуҷудат меҳри ҷовидонӣ дод.
Модар!
Модар!
Модар!
Муборакат бод!
Шодии ҷаҳон муборакат бод,
Пайғоми равон муборакат бод.
Бо чашми сиёҳи дилрабоят
Ҳам ину ҳам он муборакат бод.
Ҳар рӯз назар кунӣ ба хубон,
Хубии замон муборакат бод.
Пирии ман аст бахти дигар,
Ин бахти ҷавон муборакат бод.
Гуфтӣ, ки зи ёд бурдамат ман,
Ҳам ёду гумон муборакат бод.
Дар умри равони сад равонат
Ин шеъри равон муборакат бод!