Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева симои модарро дар филмҳою намоишномаҳо он гуна таъсирбахш ва барҷаста офаридааст, ки дили ҳазорон мухлисонро тасхир кардааст. Ин бонуи ҳунар то расидан ба саҳна ва тӯли фаъолияташ дар ин ҷода хотироти зиёде дорад, ки аз онҳо чунин ёдоварӣ менамояд.
«Ҳар кӣ шавӣ ҳам, артист нашав!»
Қиблагоҳ интихоби пешаи омӯзгориро бароям тавсия доданд. Розӣ шудам, зеро падар шахси бомаърифат буда, мардум боэҳтиром «муаллим» гӯён, ҳурматаш мекарданд. Ба худ андешидам, «магар кам давлатест, ки мисли падар бошам». Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко супурдам.
Ба синфхонаи барҳаво, ки имтиҳони дохилшавӣ мегузашт, намояндагони Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва ворид шуданд. Коргардони маъруфи театр ва синамо В. Горбунов аз миёни 350 довталаб маро барои таҳсил ба мактаби ҳунарварӣ интихоб намуд. Аз ин навгонӣ волидон огаҳӣ надоштанд. Бо супурдани имтиҳони дохилшавӣ ба шаҳри Москва раҳсипор шудам. Модар ба гуфте хун мегиристу падар ғамбемор буд.
Барои мани духтари деҳотии аз оламу одам бехабар зиндагӣ дар шаҳр ва таҳсил бо забони русӣ осон набуд. Урфу одат ва гаштугузори ҳамсабақон аз ҳам ба куллӣ тафовут доштанд. Бо ин ҳама 5 соли таҳсил гузашту ба назди волидон баргаштам. Модар пайваста мегиристу илтиҷоям мекард, то аз саҳна даст кашам: «Ҳар кӣ шав, вале артист нашав!», - мегуфт ӯ.
Бале, замона ҳаминро тақозо мекард. Барои духтар ҳунарпеша шудану дар саҳна ҳунарнамоӣ кардан даҳшат буд. Волидон аз бадномӣ метарсиданд ва аз ин хотир таҳсили духтаронро, бахусус дар риштаи санъату ҳунарпешагӣ, иҷозат намедоданд.
Вақте филмҳо ва намоишномаҳоеро, ки ман дар онҳо нақш меофаридам, тамошо карданд, хушҳол шуда, фахр аз духтари «артист» - ашон мекарданд. Ниҳоят, волидон якравиамро бахшиданд…
«Модар» нақши ман аст…
Бозидани нақши модарро аз давраи мактабхонӣ дӯст медоштам. Дар саҳначаҳои мактабӣ офаридани нақши модарро ба ман бовар мекарданд. Баъдан, дар саҳнаи театр низ симои модар нақши асосиам шуд. Дар зарфи 55 соли дар саҳна будан, нақши модарони тамоми мавҷудоти оламро бозидам. Ҳам нақши модари инсон ва ҳам ҳайвонотро.
Дарди модарони ҳамаи мавҷудот якест. Ҳамаи модарон дар орзуи рӯзи хушу тани сиҳати фарзандонанд. Имрӯз талош меварзам, ки симои модар табиӣ офарида шавад ва меҳру муҳаббати бепоёни зан – модарро бо тамоми ҳастиам барои тамошобин биофарам. Модаронеро, ки симояшонро офаридаам, занҳои муборизанд ва зиндагиашон шоистаи таҳсину намунаи ибратанд.
Дар намоишҳои «Ҳалокати умед», «Ҳукми модар», «Гумроҳ», «Сухани вопасин», «Либоси сафеди модар», «Ашкҳои хунини модар» ва ғайра нақши модар барҷаста офарида шудааст, ки одамиро ба сулҳу ваҳдат, амну осоиштагӣ даъват менамояд.
Ҳамчунин, дар филмҳои «Рустам ва Суҳроб», «Ҳеҷ будагон…», «Чор нафар аз Чорсанг», «Шумқадам», «Гули санг» ва даҳҳои дигар низ симои модарро офаридаам.…
Замони шӯравӣ ҳунар қадр мешуд ва ба ҳунарпешаю санъаткор мардум эҳтироми хосса дошт. Ҳунар пазируфта мешуд. Мутаассифона, баъди солҳои 90 – уми асри ХХ тамошобин роҳи театрро «гум» кард. Ба ҷойи ба тамошои спектаклҳо омадан, аз пайи дарёфти луқмаи нони хонавода шуд. Ҳунармандон низ бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд. Камбуди рӯзгор маро ҳам маҷбур сохт, то муддате ба тиҷорат шуғл варзам. Тиҷоратам чӣ буд? Фурӯхтани матоъ ба дугонаю хешу ақрабоям. Ва инро тиҷорат гуфтан нашояд. Албатта, барои оне ки фарсахҳо аз ин соҳа дур аст, кори осон набуд. Фиреб ҳам хӯрдам, маблағи гардиши моламро сари вақт ҷамъоварӣ карда натавонистам ва ба қавле дар тиҷорат муваффақ нашудам.
Барои пешрафти зиндагӣ ҳунарро ба кор бурдам, то ба фарзандонам шароити мусоидро фароҳам орам. Зеро мебоист онҳо таҳсили илм менамуданд ва соҳиби касбу кор мешуданд. Ба ҳар ҳол он замон аз вартаи нодорӣ баромадем ва ба ин рӯзҳои хуш расидем. Фарзандонам Таврин ва Парвин соҳиби оила ва хонаю дари ободанд.
Қатъи назар аз мушкилҳо саҳнаро тарк нагуфтам ва то имрӯз беш аз 55 сол аст, ки бо дили пур аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба пешаи хеш ба Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов меоям. Ин даргоҳ маро ҳам нон дод ва ҳам ном. То офарида шудани ҳар як нақш борҳо мемираму зинда мешавам, ки баъд он нақш ба дили тамошобин роҳ меёбад. Ҳар як нақш мисли ҷону танам азиз аст.
Дар баробари соҳибкорӣ барномаи телевизионии «Ӯсмахону Сурмахон» - ро бо Мавлуда Обидова роҳандозӣ намудем. (Рӯҳаш шод бошад). Камбудиҳои давр ба василаи ин барнома тариқи ҳаҷву шӯхӣ ошкор мешуданд ва тамошобини зиёд ҳам дошт. Ба мисли барномаҳои танқидии «Як пиёла чой» ва «Гӯям ё нагӯям?».
Истеъдод
Барои ҳунарпешаи асил шудан ягон кас ё чизе васила шуда наметавонад. Танҳо истеъдод бояд дошт. Воқеан, имрӯз на ҳар ҷавони соҳибзавқ имкони дар мактабҳои бузурги ҳунарварии хориҷӣ таҳсил намуданро дорад. Ин зумра ҷавононро бояд тарбия кунем ва аз пайи худ барем. Ҳамон истеъдоди табииеро, ки дар вуҷуди бархе аз онҳо эҳсос мешавад, бедор намоем. Зеро ин рисолати мост.
Чаро замони шӯравӣ коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои маъруфи театру кино барои дарёфти чеҳраҳо ва истеъдодҳо шаҳр ба шаҳр, деҳа ба деҳа мегаштанд? Зеро барои рушди театру синамо маҳз чунин амалро бояд анҷом дод. Гоҳе баъзеҳо аз «маҷбуран» ба театр ҷалб намудани тамошобин нороҳат мешаванд. Мардуми тоҷик ҳунарпарвар аст ва завқи баланди дарки санъатро дорад.
Андешаҳо
Андешаҳои зиёд дар бобати рушду нумӯи театр ва синамои тоҷик дорам, ки бояд изҳор дорам. Маоши ночиз ва надоштани коргардонҳои воқеан ҳам нозукбин имрӯз мушкили пешрафти соҳаанд. Зеро ҳунарпеша бояд дар андешаи ривоҷу сайқали ҳунар бошад. Баъдан, коргардони аслӣ метавонад истеъдоди нуҳуфтаи ҳунарпешаро кушояд. Агарчӣ бо коргардонҳои маъруф ҳамкорӣ доштам, дар давоми фаъолияти хеш эҳсос менамоям, ки ҳанӯз ҳам истеъдоди ботинам дар гиреҳ аст.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО