Эҳтироми забон воҷиб аст
Мусоҳиба бо доктори илми филология,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Моҳира Мирзоева
- Устоди гиромӣ, аз нигоҳи Шумо васоити ахбори омма дар ташаккул ва мавқеи забони тоҷикӣ чӣ нақш мебозанд?
- Забони адабии ҳозираи тоҷик марҳилаҳои гуногуни инкишофро аз сар гузарондааст. Дар марҳилаи имрӯзаи инкишофи забони тоҷикӣ барандаи асосии он ВАО аст. Тамоми тағйироте, ки дар ҷамъият ба вуқӯъ мепайванданд, пеш аз ҳама, дар он инъикос меёбанд ва табиист, ки ин ба забон ҳам бетаъсир намемонад. Дар чунин ҳолат, тағйирот бояд аз нигоҳи меъёр тозаву беолоиш ва саҳеҳ бошанд. Агар забони ВАО, аз як тараф, суръати инкишофи системаи забон, таркиби луғавӣ ва дараҷаи таҳаввули онро муайян намояд, аз тарафи дигар, роҳнамоест барои интихоби дуруст ва истифодаи бамавқеи воҳидҳои забон аз ҷониби хонандагон. Бинобар ин забони ВАО бояд асил бошад. Дар он ба истеъмоли калимаҳои лаҳҷавӣ, вожаҳои душворфаҳми арабӣ, қолабҳои сунъисохт, ки бо таъсири забонҳои дигар пайдо шудаанд ва унсурҳои дигари ба он эҳтиёҷнадошта роҳ дода нашаванд. Зеро забони ВАО ҳолати кунунии забони тоҷикиро инъикос менамояд.
- Аксар бар онанд, ки чанд соли охир унсурҳои нутқи гуфтугӯйӣ дар радиову телевизион ва матбуот, ҳамчунин, лаҳҷа, вожаҳои забонҳои ғайр, аз қабили калимаҳои арабию туркӣ зиёд истифода мешаванд. Дар ин хусус чӣ гуфтаниед?
- Дар баробари дастовардҳо имрӯз дар забони ВАО камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки яке аз онҳо корбасти унсурҳои лаҳҷа дар барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ мебошад. Маълум аст, ки умри лаҳҷа кӯтоҳ буда, он аз ҳудуди як маҳалла ё деҳа ё минтақа берун намеравад ва дар ягон ҳуҷҷат, асари илмиву бадеӣ ва публитсистӣ амал намекунад. Дар адабиёти бадеӣ барои фардӣ кунондани нутқи қаҳрамон ва ифодаи ҷанбаи миллӣ аҳёнан адибони тоҷик аз диалектизмҳо истифода мебаранд, аммо ин амал низ ҳадди муайян дорад. Бинобар ин истифодаи унсурҳои нутқи омиёна дар ВАО, хусусан, дар мусоҳибаҳо ҷоиз нест. Ба назари мо, огоҳ кардани ҳамсуҳбат аз худдорӣ намудан аз чунин вожаҳо боиси нигоҳ доштани асолати забони миллӣ хоҳад буд. Вақте ки калимаи «аллакай» дар шакли «аллакой», ё «ин дам» ҳамчун «и ғот» кор фармуда мешавад, ин амал манфиатбахш нахоҳад буд.
- Дар мавриди истифодаи калимаҳои иқтибосӣ, ки ин ҳам дар ВАО маъмулист, оё метавон ба ҷойи он аз калимаҳое, ки дар адабиёти классикӣ ҷоиз буданд, истифода бурд?
- Табиист, ки забон танҳо бо калимаҳои аслӣ – решагии худ инкишоф ёфта наметавонад, зеро барои ифодаи ҳама гуна мафҳумҳои нав калимаҳои мувофиқ заруранд. Иқтибосҳо танҳо бо эҳтиёҷи забон ба он ворид мегарданд. Агар панҷоҳ - шаст дарсади аҳолӣ онро ҳазм намояд, он ба қатори калимаҳои таркиби луғавӣ дохил мешавад. Дар баъзе маврид калимаҳои иқтибосӣ доираи истеъмоли вожаи худиро танг карда мебароранд. Интихоб ва истифодаи калимаи созгор барои дақиқ ва саҳеҳ ифода гардидани маъно ёрӣ мерасонад. Баъзеҳо иддао доранд, ки ба ҷойи калимаҳои бегона вожаҳои худиро, ки дар адабиёти классикӣ корбаст мегардиданд, истифода намудан беҳтар аст. Аммо на ҳар вожае, ки дар гузашта истифода мешуд, имрӯз хусусияти умумишавӣ мегирад, зеро ин вобаста ба дараҷаи истеъмоли он вожа аз ҷониби соҳибони забон мебошад. Агар чунин намебуд, имрӯз мо ба ҷойи дукордаи тоҷикӣ «қайчӣ»- и туркиро кор намефармудем, ё ба ҷойи «сунҳор»- и тоҷикӣ вожаҳои «арӯс» - и арабӣ ва ё «келин» - и туркиро. Ин падида бо эҳтиёҷоти аъзои ҷомеа бастагӣ дорад.
- Бархе бар онанд, ки имрӯз забони ВАО – ро иллати мураккаббаёнӣ мушкилфаҳм намудааст ва мебоист бештар содабаёнӣ дар забони ВАО ҷорӣ бошад. Содабаёнӣ, яъне чӣ?
- Содабаёнӣ равониву фасеҳии гуфтор аст, ки аз тарзи баён ҳамсуҳбат мақсади шуморо зуд пай мебарад. Баъзан онро ҳамчун як гуфтори аз ҳад омиёна маънидод мекунанд, ки дуруст нест. Хирадманде гуфтааст: «Барои кӯҳнаварди беҳунар гардани кӯҳро хам кунем?». Он бояд бо тамоми назокату латофаташ ба соҳибони забон рӯнамоӣ карда шавад, чунки ҳар як воҳиди он вазифаи муайяни услубӣ дорад ва содиқона ба мардум хизмат мерасонад. Вазифаи ҳар як сокин, шаҳрванди кишвар эҳтиёт ва эҳтиром кардани забон аст.
- Дар ташаккули забони тоҷикӣ устод Айнӣ бо содабаёнӣ дар асарҳои хеш нақши босазо гузоштанд ва минбаъд истифодаи он меъёр ҳам шуд…
- Бале, устод Айнӣ яке аз он ҷонфидоёни миллати тоҷик аст, ки бо осори пурарзиш ба муқобили онҳое, ки забони тоҷикиро «як шеваи вайроншудаи забони форсӣ» меномиданд, муборизаи беамон бурдааст. Бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» устод исбот намуданд, ки забони тоҷикӣ таърихи хеле қадимӣ дошта, асолати худро то имрӯз нигоҳ дошта омадааст. Адиби оламшумул дар интихоби калима ва дигар воҳидҳои забон бисёр бо эҳтиёт муносибат мекард. Барои ӯ ду чиз ҳамчун меъёр хизмат менамуд: забони адабиёти классикӣ ва забони гуфтугӯйии мардумӣ. Устод ҳангоми истеъмоли ягон вожаи мардумӣ ҳамеша ба нуқтаи назари хонанда такя мекард: агар хонанда интихоби ӯро қабул намояд, он калимаро кор мефармуд, дар ҳолати акс ба қавли нависанда, «аввалину охирин таҷриба дар интихоби он хоҳад буд». Образнок ва нотакрор тасвир намудани як лавҳаи зиндагӣ, табиати зебо ва дигар ҳолатҳои ҳаёт имкон медиҳад, ки диққати хонанда ба он ҷалб гардад ва ӯ аз он тарзи ифодаи марғуб баҳрае бардорад. Осори устод Садриддин Айнӣ аз қабили ҳамин гуна эҷодиёт аст, ки метавонад намунаи забони ноби тоҷикӣ барои кулли хонандагонаш бошад. Қариб дар тамоми офаридаҳои ин абармард нозукадоии ӯро дар истифодаи воҳидҳои забон мушоҳида кардан мумкин аст.
- Боз чӣ камбудиҳоеро имрӯз метавон мушоҳида намуд?
- Имрӯз забони ВАО хеле суфта шудааст, мавод ҳам хонданибобанд, аммо бо вуҷуд баъзан дар таълифоти намояндагони ВАО ва онҳое, ки қаламкашӣ мекунанд, камбудиҳо ба назар мерасанд. Интихоби бемавқеи калима, нодуруст кор фармудани он, ғалатҳои имлоӣ, аломат ва услубӣ, нуқс дар калимаву шаклсозӣ, ибораороиву ҷумлабандӣ мушоҳида мегардад, ки он ҳама аз надонистани нозукиҳои маънои калима, мавқеи воситаҳои калимасозу шаклсоз, қолабҳои наҳвӣ сар мезанад. Ҳамчунин, имрӯз аҳли қалам аз забони мардумӣ воситаҳои грамматикиеро ворид намудаанд, ки онҳо ба меъёри забони адабӣ созгор намеоянд. Доир ба камбудиҳои забони ВАО ду китоби пурарзиши профессори зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов – «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ва «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» ба табъ расидааст, ки онҳо бояд китобҳои рӯйимизии ҳар журналист ва соҳибқалам бошанд.
- Оила яке аз заминаҳои муҳими омӯзиши забони тоҷикист. Дар ин раванд ба волидон чӣ маслиҳат медодед?
- Омӯзиши забон аз муҳити хонавода шурӯъ шуда, дар боғчаи бачагон, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва ниҳоят ҷомеа инкишоф меёбад. Дар ин раванд волидон, мураббияҳо, омӯзгорон нақши муассир доранд. Онҳо бояд муоширатро дар ҳама ҷо, хусусан ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо забони адабии гуфтугӯйӣ ба роҳ монанд.
Талаффузи дурусти калимаҳо аз даврони хурдсолӣ маншаъ мегирад, яъне волидон вазифадоранд, ки бо кӯдаки худ дуруст суҳбат намоянд, чунки хурдсолон ҳамеша ба калонсолон пайравӣ менамоянд. Дар баъзе оилаҳо фарзандон дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, дар муҳити оила низ гуфтугузор бо ин забон сурат мегирад ва дар натиҷа фарзанд забони гуфтугӯйии тоҷикиро оҳиста - оҳиста фаромӯш месозад. Бояд мо барои фарзандон шароити хуби аз бар кардани забони тоҷикиро муҳайё созем, то аз ин ганҷина бебаҳра намонанд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО