Одатан пеш аз мусоҳиба қаҳрамонамро меомӯзам, суол омода мекунам, хулоса барои навиштан тайёр мешавам. Вале бо ходими давлативу ҷамъиятӣ Зебо Сангинова, ки умри худро сарфи соҳаи фарҳанги кишвар кардааст, бе тайёрии пешакӣ ҳамсуҳбат шудам.
Дидор
- Ҳафт – ҳаштсола будам, - дафтари хотироти хешро варақгардон мекунад Зебо Набиевна. - Ҳавлии мо дар гузаре буд, ки ҳоло хона-музейи устод Садриддин Айнӣ воқеъ аст. Сохтмони он хона нав оғоз ёфта буду боре устод ба маҳали сохтмон омаданд. Касе говашро дар замини он кас баста буд. Эшон назди мо - кӯдакон омада, соҳиби онро ҷӯё шуда, номи маро пурсиданд ва сарамро сила карданд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, Айнӣ марди босалобати миёнақад буданд. Асо доштанд…
Бо гузашти солҳо Зебо Набиевна бо устод Айнӣ рӯ ба рӯ шуд, аммо ин навбат ӯ духтарчаи кокулдор не, балки роҳбар ва масъули ҷашни 100 - солагии устод буд. Баъди хатми Институти политехникии Душанбе (1968) ва фаъолияти меъморӣ соли 1976 ӯ ба кори ҳизбӣ гузашт.
- Соли 1978 мудири шуъбаи таблиғоту ташвиқоти кумитаи иҷроияи ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур ) таъйин шудам. Ҳамон шабу рӯзҳо омодагӣ ба ҷашни 100 - солагии устод Айнӣ мерафт. Дере нагузашта, котиби идеологии ҳизби коммунисти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе интихоб гардидам ва масъулияти баргузории ҷашни устод Садриддин Айнӣ ба дӯши мо буд. Яъне қадами нахустинам дар кори ташкилӣ аз ҳамин оғоз ёфт. Ифтихор мекунам, ки баъдан бо аҳли оилаи устод – ҳамсарашон Салоҳатбону, духтаронашон Лутфияву Холида, писарашон Камол ва ҳамсари он кас Муқаддима Ашрафӣ равуо доштам.
Ба ҷузъ устод Садриддин Айнӣ, Зебо Набиевна зимни фаъолияти хеш дар ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ), кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанг ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаҳрамонони Тоҷикистон: Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон кор кардааст.
- Бо тақозои вазифа дар чандин маҷлису маъракаҳои муҳим бо аллома Бобоҷон Ғафуров рӯ ба рӯ ва ҳамсуҳбат шудаам. Соли 1974 китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад. Банда он замон ба ҳайси сардори инспексияи давлатӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва муҷассамаҳои назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор мекардам. Ҳамкорони ӯзбекистонӣ хоҳиш карданд, ки 20 нусха китоби «Тоҷикон» - ро фиристам. Баъд аз он ки китобро фиристодам, маро сарзаниш карданд. Маълум шуд, ки нашри «Тоҷикон» ба чанд нафар миллатчиёни ҳамонвақтаи ӯзбек писанд наафтода будааст, – зикр намуд ҳамсуҳбатам.
Ӯ аз он ифтихор дорад, ки бо Меҳрубон Назаров, Низорамо Зарифова, Ибодат Раҳимова, Муҳаммад Осимӣ, Тамара Абдушукурова, Султон Мирзошоев, Нур Табаров ва дигар бузургони илму варҳанг ва сиёсат кор кардааст.
Орзуи Малика Собирова
- Малика Собирова ифтихори Тоҷикистон буд. Ӯ баъди хатми мактаби хореографии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) ба Театри академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ ба кор омад ва дар санъати тоҷик инқилоб кард. Дар ҷаҳон машҳур шуд ва унвони Артисти халқии СССР – ро сазовор гашт. Дар тамоми маъракаҳои сиёсӣ ва сатҳи баланди фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ мекард. Аммо тақдир ӯро зуд аз мо гирифт. Бемории ногаҳонии саратон ӯро аз пой афтонд. Пеш аз он ки Малика Собирова ба сафари охирини худ равад, ҳар ду суҳбат доштем. Ӯ вакили Шӯрои Олӣ буд ва бояд барои кадом ҷоиза ҳуҷҷат пешниҳод менамуд, вале рад кард. Вақте дар ҳуҷраи кории ман ҳамсуҳбат шудем, он вақт дар ноҳияи Роҳи оҳан кор мекардам, гуфт:
- Зебо Набиевна, хаста шудаам. Монеи фаъолиятам мешаванд. Кор карда намешавад… Ман мехоҳам, ки як саҳна омода созанд, дар телестудия ва ҳафтае як маротиба тариқи телевизион дарси балет гузарам, вале ҳамин корро намемонанд.
Ман ба ӯ ваъда додам, ки бо роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио маслиҳатро мепазонам, вале ӯ аз сафар бемор баргашту дере нагузашта аз дунё рахти сафар баст. Ҷанозаи хеле бошукӯҳ шуда буд. Мо ӯро дар либоси Жизел дафн кардем. Аз ёдам намеравад, ки ситораи балети ҷаҳонӣ Майя Плисетская барои видоъ бо Маликаи мо омад ва аз ноомади кор шабона дар бӯстонсарои ҳукуматӣ афтида панҷаи дасташро шикаст…
Даҳшат
- Пош хӯрдани ҳукумати шӯравиро Зебо Сангинова дар кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе пушти сар кард ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо фараҳ истиқбол гирифт.
- Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мардуми тоҷик онро садсолаҳо интизор буд, бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баробар омад. Тоҷикистон ба гирдоби бало печид. Рӯзҳои душворро аз сар гузарондем. Шукр, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони моро сарҷамъ карданд. Вагарна кӣ медонист ба сарамон чӣ меомад, - гуфт ӯ ва як лаҳзаро аз он давраи ҳассос ба ёд овард:
- Солҳои 90 - ум дар шуъбаи робита бо ҷомеа, иттилоот ва фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат фаъолият мекардам. Ҳамроҳи Мунира Иноятова, вазири маорифи кишвар ва чанд нафари дигар ба минтақаи Рашт рафтем. Дар Тоҷикобод моро мудири шуъбаи фарҳанг Қурбонгул Муллочаева пешвоз гирифта гуфт, ки кадом як мулло 4 ҳуҷраи қасри фарҳангро худсарона забт карда, мадраса сохтааст, вале илтимос кард, ки кордор нашавем.
Ягон нафар масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллиро пайдо накардем, зеро ҳама намози пешин рафта буданд. Як силоҳдор ба ман бо зарда гуфт: «Рӯймолатро банд!». «Ба рӯймоли ман чӣ кор дорӣ?», - гуфтанӣ будам, ки Муллочаева монеъ шуда, хоҳиш кард, ки зуд ба Рашт равем. «Он ҷо бароятон як пиёла чой мекунанд, ҳамон ҷо мехобед», - гуфт ӯ.
Дар Рашт моро посбонӣ мекарданд. Маълум шуд, ки силоҳдорон қасди куштани моро доштаанд. Дар ҳамин сафар мо даҳҳо духтарони бечораро дидем, ки хоҳиши хондан доранд, вале имкон надоштанд. Шукр, ки он рӯзҳо гузаштанду давлати Тоҷикистон ба субот расид. Имрӯз аз ҳамин минтақаи Рашт садҳо бонувони таҳсилдида дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон – мухлиси «Шашмақом»
Зебо Сангинова мегӯяд, ки аз ҳама давраи пурбори фаъолияти меҳнатиаш, кор дар Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат буд, ки бо сари баланд аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.
- Зимни фаъолияти хеш дар шуъбаи робита бо ҷомеа, иттилоот ва фарҳанг дар иҷро шудани лоиҳаҳои муҳим саҳм гирифтам. Ҳуҷҷатҳои ба ЮНЕСКО пешниҳод шудани Саразм, мақоми давлатӣ гирифтани «Шашмақом» ва баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ ба дӯши шуъбаи мо буд.
- Лаҳзаеро аз нахустин ҷашнвораи «Шашмақом» ба ёд меорам. Дар ин ҷашнвора ман танҳо ба Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нигаристам, ки оё мусиқии «Шашмақом» ба он кас маъқул мешавад ё не. Вале дидам, ки Пешвои муаззам сурудҳоро бодиққат гӯш мекунанд ва баъди тамом шудани чорабинӣ ҳунармандонро офарин гуфта, чанд эроди касбӣ гирифтанд, ки дар ҳайрат мондам. Сарвари давлат, воқеан, дӯстдори мусиқии «Шашмақом» ва мероси ниёгон ҳастанд…
Зебо Набиевна феълан аз қуллаи баланди 75 - солагии умри хеш ба гузашта менигарад. Мефахрад, ки барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангии Тоҷикистон талош кард, барои ободонии Ватани аҷдодии хеш саҳм гузошт.
Одил НОЗИР