Жанри хосса
Донишмандон таъкид мекунанд, ки миллатҳо танҳо дар сурате вуҷуди пурдавом ва воқеӣ меёбанд, ки асолати ҳунарӣ ва фарҳанги куҳани таърихӣ дошта, соҳиби эҷоде бошанд, ки танҳо хоси онҳост. Тоҷикон аз қабили чунин мардум ва «Фалак» намунаи инчунин ҳунар аст.
Жанри созию овозии «Фалак» аз даврони куҳан сарчашма мегирад ва арзишҳои умумимиллиро дар худ таҷассум мекунад. Дар он мазмуну моҳияти рӯзгори мардум бо андарз, ҳикмат ва тасаввуру боварҳо печидаанд.
Ифшои эҳсос, розу ниёзҳо ва маҷмӯи донишҳои давронҳост, ки ба василаи суруду мусиқӣ баррасӣ мешаванд. Намунаи ҳунари ҳирфавӣ буда, низом ва шакли устувори иҷро дорад, ки дар тӯли қарнҳо ба як тартиб вомондааст. Ва онҳое дар адояш дасту доман мезананд, ки садои неруманди гиро, дарки мусиқӣ, фаҳмиши шеъру суруд ва ҳофизаи қавӣ доранд. Нола, ниёиш ва авҷу фуруду фарозҳо салиқаи нодирро тақозо мекунанд. Дар гузашта сарояндагон эҷодгарони асил, нахустин шоирон буданд ва инчунин анъана дар асрҳои пасин низ гум нашуда бошад ҳам, коҳид.
«Фалак» чанд вижагӣ дорад: дар асл мусиқӣ ва намунаи сирф тоҷикист, ки олуда нашуда, дар худ сабку услуби кӯҳманзарро нигоҳ медорад. Аз дигар анъанаҳо ва маросиму оин, ки аз асароти таърихӣ баҳра бардоштаанд, бо ҳамин тафриқа дорад. Бо созҳое иҷро мешавад, ки сохту намуди худро аз даврони қадим тағйир надодаанд ва ноҷӣ мебошанд. Манзур ин аст, ки дар маросими суруру сур ва маргу мир истифода мешаванд. Бо омӯзиши дақиқи лаҳн, мусиқӣ, оҳанг ва адоҳо метавон онро аз намунаҳои ҳунари сарояндагии бохтарӣ номид, ки бо таҳаввулоти сиёсӣ ва кашмакашҳои таърихӣ тағйири ном кардааст. Аз ареали густаришаш метавон ба ин нукта пай бурд.
Ниёгонамон фоҷиаҳо ва падидаҳои мудҳишро аз сар гузаронд. Аз фарҳанги юнонию эллинӣ чизаке бардошт, аз мусиқии ҳиндию буддоӣ ва аз дину забони араб фаровон. Ва унвони «Фалак» дар ҳамин рав ҳосил шудааст, ки вожаи арабист.
Мазмуну муҳтавои сурудаҳои жанрро наметавон ҳадд гузошт. Аз ситоишу муноҷот ибтидо гирифта, сӯзу сози муҳаббат, нишоту шодмонӣ, тараннуми зебоӣ, яъсу ноумедӣ, орзуву ормон ва диловарию қаҳрамониро фаро мегирад. Ва бунёди аслии жанр муқовимат аст, ки аз матнҳо дар боби ватанпарастӣ, равиши мусиқӣ ва лаҳн эҳсос мешавад. Ин ҳама аз асли моҳият берун меоянд. Сарояндагон ошиқанду хушахлоқ, тараннумгари озодагӣ ва зебоиҳои ёру диёр ва муборизанд. Онҳо анъана, оин, русум, забонро нигаҳбон, тоифаи хосаанд, ки диловаронро ситоишгар будаанд. Базму ҷашнвораҳоро орою назокат ва шукӯҳ мебахшиданд. Ин ҳама аз таҷрибаи таърихист. Овардаанд: «Дар зодрӯзи Куруш бо овозу соз достони ҷашнӣ месароиданд…». Ин замон низ ҳунармандон вассофони шоистаи истиқлолу ватанпарварианд.
Манзур ин аст, ки жанри овозию созиро мебояд ба маснади сазовор нишонд. Аз андешаи он ки «аз шикояту яъсу навмедӣ ва муноҷоту ситоиш иборат аст» фаротар рафт. Жанри ба истилоҳ «Фалакӣ» мубориза низ ҳаст. Дар сарзаминҳое (Бадахшон, Хатлон ва шимоли Афғонистон) густариш дорад, ки барандагонаш аз бунёд сару гардан ба душман нафуровардаанд. Ёд биёварем аз шикасти араб, исёни Восеъ, то қаҳрамониҳои Аҳмадшоҳи Масъуд.
Жанри созию овозӣ, ки ба «Фалак» машҳур аст, аз қадим барҷост. Агар ин нуктаро бипазирем, пас мебояд ба ҳувияти мардуми минтақа жарфтар бингарем. Дар сарчашмаҳои арманӣ ва чинӣ онҳо ғаюру мубориз қаламдод мешаванд ва қаблан паҳлавононаш дар бунёди занҷираи Ашкониён моя буданд. Ва дар намунаҳои ин жанр ифодаҳое аз ақвоми сакоӣ метавон дарёфт. Пӯшида нест, ки бештари диловарони «Шоҳнома» аз сакоиҳои маъруфанд. Ёд овардани занҷираи шоҳони ҳафталӣ ба кушоиши гиреҳҳо ёрӣ мерасонад. Агар таъкиди Балъамиро ба хотир биёварем, ки: «haytila ҷамъи haital аст. Ва дар Бухоро зӯрмардро гӯянд «манзараи он овон рӯшантар мешавад.
Дар ҳама давру замонҳо мардони озодипарасти сарзамин дар муқовимати душманони миллат буданд. Дар замони давлатдории Сомониён барои ба ифоқа овардан Маҳмуди Ғазнавӣ хоҳарашро ба ҳокими Хатлон ба занӣ медиҳад, ки Байҳақӣ ӯро Ҳураи Хуталӣ ном мебарад.
Аз рӯйи мантиқи матнҳои камёфти давраҳои пурошӯб мардуми сарзамин бар чингизиён муқовимати шадид доштанд ва Хоҷа Исҳоқ дирафши муборизаро бар зидди ворисони темурӣ боло карда буд. Таронаи куҳанмоя:
Дар хоб буд(а)м зилзилаи занг омад,
Шамшери муғул ба гардан(а)м танг омад.
Мардбача б(у)д(а)м гурехтан(а)м нанг омад,
Хуни ҷигар(у)м ба ҳар сари санг омад.
Дар ин маврид андешаҳои моро саҳеҳтар менамояд ва метавон таъкид кард, мазмуну муҳтаво ва таркиби жанр андешаи ҷиддиро тақозо дорад.
Гузашта аз ин, матнҳои маҳфуз дар синаҳои мардум ишора ба хидмати жанри овозӣ дар пос ва покдории забони тоҷикӣ будааст. Як даста дубайтӣ ва рубоиҳо фарҳангоро ва дафтари сабзи луғатнигорианд. «Сари хаму боло» дар адабиёт вар мехӯранд, вале ба гунаи «гардани каҷи интизор» аҳёнан муроҷиат мешавад:
Эй ҷӯраи ҷон дар дили зорут ҷонум,
Дар гардани каҷи интизорут ҷонум.
Ифодаҳои шинаму зебо дар сифати маҳбуба басо ҳунармандона садо медиҳанд, ки ба зебоӣ ва назокати жанри созию овозӣ меафзоянд:
Кафтарзанаки сафеди гардан гули хор,
Шаб қатраи боронию рӯз абри баҳор…
Ё
Рӯят гула мемона танат моҳира,
Раҳгаштанакот кавгаки саҳроира…
Мебояд дар жанри ҳунарии «Фалак» зиндагиномаи мардуми минтақаи паҳновар ва таърихи куҳанро тахсис кард. Ва дар омӯзиши намунаи бисёртаркиба ва ҳирфавии бохтарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд.
Ҷонибек Асрориён