Ман хоки Ватан
ба тӯдаи зар надиҳам!
Бонуи зебои хушқаду баст Ибодат Раҷабова аҷаб гуворову ширин месарояд. Садои ҷаззобу марғуладораш шунавандаро шефтаву шайдо мегардонад. Шефтаи обу хок, шайдои зебоии диёр…
Садои дилчаспи бонуи фалаксарои кӯҳистонӣ гӯё то ба фалакҳо дакка мезанаду пас дар қалби ҳар инсони ватандӯсту худогоҳ ошён мегузорад. Ошёни ишқу умед ва меҳру садоқат, бар хоку зодбуми хеш.
Хонум Ибодат дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст (1974). Баъд аз хатми мактаби миёна оиладор шуда, алъон соҳиби ду духтар асту панҷ набера.
Хонандаи хушовоз мегӯяд:
- Соли 2006 ба воситаи телевизион эълон пахш шуд, ки касе ҳунари овозхониву чеҳраи телевизионӣ дорад, дар ансамбли «Дарё» тариқи озмун ба кор қабул мегардад. Дар озмун ширкат варзидам. Маро бо сабаби овози кӯҳистониву баланд доштанам ҳайати доварон ба ансамбли «Дарё» неву ба дастаи «Фалак» тавсия доданд. Аз ҳамон давра дар Ансамбли давлатии «Фалак»–и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорам.
Мухлиси сарояндаи хушилҳон Муқаддас Набиева будаму мехостам мисли ӯ ҳам варзишгар бошаму ҳам санъаткор. Аз ин рӯ, соли 2009 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдаму онро бо муваффақият хатм намудам. Ҳамон сол боз донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шудам ва онро бо ихтисоси фарҳангшинос поён бурдам. Алҳол дар ин даргоҳ ба донишҷӯён дарс мегӯям.
Дар хонадон ҳамроҳи 10 бародару хоҳар ба воя расидаам. Модарам кадбонуи хубе буданд. Пойи меҳмон аз хонаамон канда намешуд. Аз ин сабаб модарам ҳама вақт серташвиш буд. Соатҳои дар сари дастгоҳи дарздӯзӣ ё ҳангоми дӯғ кашидан дар барашон менишастам. Модар суруд мехонданду ман гӯш меандохтам. Хурд будам, чизе намефаҳмидам, кунун фаҳм мебарам, ки сурудҳои фалакӣ месурудаанд. Модарам ҳамчунон думбраву лабчанг низ менавохтанд. Имрӯз ҳунарҳои модарамро давом дода истодаам.
Солҳои наврасӣ ҳангоми ширкат дар чорабинихои мактабӣ, падарам таъкид мекард: «Бали баланд гирифта, бо сари боло ба хона биё!».
Ягон вақт нашудааст, ки холи паст гирифта бошам. Ҳамин тавр, волидон маро дастгирӣ мекарданд. Орзу доштанд санъаткор бошам. Афсӯс онҳо дар барам нестанд, ки имрӯз ҳунари маро бубинанду хурсанд шаванд.
Аз фарзандони падар ду тан санъаткорем. Бародарам Искандар Раҷабов алҳол роҳбари Ансамбли давлатии рақсии «Лола» аст.
Модарам бисёр мехост ман суруд хонаму ӯ гӯш диҳад. Дар хона гулдӯзӣ мекардаму байт мехондам. Очам гӯш мекарду мегуфт: «бимирам дар ту, сурудҳои аламӣ нагӯ…». Яъне суруди фалакиям ба модарам таъсир мекард, дилаш об мешуд…
Аслан фалак худаш дарду шеван аст. Ман бештар фалаки даштӣ, фарох, зина ба зина мехонам. Аллаи модарон, суруди саршӯён, сартарошон, арӯсу домодбиёрон ҳамааш фалак аст.
Фалак дар созҳои мусиқии бепарда ширин садо медиҳад. Аз ин хотир, сурудҳои фалакиро бо думбраву дафу лабчанг мехонам.
Вақте дар ансамбли «Фалак» корро оғоз намудам, думбраро шогирдона менавохтам. Дар ансамбл Ҷумъахон Раҷабов, мутриби беҳамтое буд, ки чанд сол аз ӯ навохтани думбраро омӯхтам.
Ба ҷуз ин дар жанрҳои халқӣ, эстрадӣ низ суруд мехонам. Барои ҳунарманди фалаксаро хондани суруд дар жанри эстрада ба назарам осон аст. Мусиқии «Шашмақом»- ро низ дӯст медорам ва мехоҳам оянда дар ин жанр низ бисароям.
Мавзӯи асосии сурудҳоямро шеърҳо дар васфи Ватан, модар, ишқу муҳаббат ташкил медиҳад. Китоб ба даст мегираму мекӯшам ягон шеъри хуб ёфта, ба оҳанг дарорам.
Баъзан барои сабти телевизионӣ дар табиат аз фонограмма истифода мебарем. Дигар вақт зинда месароям. Барои ҳунарманди касбӣ истифодаи фонограмма хуб нест. Садо тоза бошад, зиндахонӣ бисёр илҳомбахш аст. Аз шунидани садои зинда на танҳо шунаванда, худи санъаткор низ роҳат мебарад.
Имрӯз ҷавонон бештар ба жанри фалак рӯ меоранд. Вақте рӯзи 10 – уми октябрро (2007) ҳамчун Рӯзи фалак эълон карданд, ба ин жанр таваҷҷуҳ бештар гардид.
Ҷавононе, ки барои омӯзиши мусиқии фалак меоянд, дар бораи ин жанр фаҳмиши хубе доранд. Дар баробари ин ҳофизони собиқадор ҳам аз таҷрибаи худ ба шогирдон меомӯзанд.
Алҳол 90 дарсади ҳунармандонро дар ансамбли «Фалак» ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, бонувони фалаксаро каманд. Ҷавондухтаронро ба ансамбл таклиф мекунем, лекин садояшон ҷавобгӯи жанр нест. Барои фалак сурудан истеъдоди табиӣ, садои диапазонаш баланд, нолаҳои ширин доштан лозим аст. Жанри фалак гардишҳои бисёр дорад ва сароянда бояд аз уҳдаи гирифтани ҳамаи ин гардишҳо барояд.
Дар оила маро дастгирӣ мекунанд. Матни сурудҳои интихобкардаамро, аввал ба шавҳарам нишон медиҳам. Ҳамаи он чизе, ки медонам, ҳоло ба фарзанду набераҳоям меомӯзам…
Агар касе заҳмат кашад, ба мақсадаш мерасад. Ҳунарманд бояд ором нагирад, дар такопӯ бошад. Ман аз касби интихобкардаам розиям.Файзу баракате, ки дорам, аз пушти ҳунарам аст, - зикр мекунад Ибодатбону ва фалак бар афлок мезанад:
Ман хоки Ватан ба ҳулбаи тар надиҳам,
Ман хоки Ватан ба тӯдаи зар надиҳам!
Марям Бойматова