Бибии пурҳунар
Садои радиои момаи Муҳиба аз дуриҳо ба гӯш мерасид. Ӯ завқи корро бо шунидани барномаҳои радиоӣ пуравҷу бобарор эҳсос менамуд. Аз ин хотир, ҳини машғул шудан ба ҳунармандиаш гӯшаки радиоро баланд тоб дода, таҳти садою навои он саргарми кори хеш мегашт. Ин ҳангом низ ӯ дар олами навгониҳои ҷаҳон ғӯтавар буду аз ворид шуданамон ба ҳавлиаш бехабар монд. Болои кати ҳавлӣ нишаста, бо шавқ андармони лӯхтаксозӣ буд. Моро дидан замон зуд боло шуда, ба пешвозамон омад.
- Аз хабарҳои рӯз огаҳ шавам гуфта, аз омадани меҳмон бехабар мондам, - ҳиҷолатомез иброз намуд соҳибхона.
Намунае аз меҳнати дастиаш ҳуҷраро зеб медод. Тахти кӯрпаю кӯрпачаҳои қуроқӣ, болиштҳои гулдӯзӣ ва зардевории болои он бо ҷилваи ҳазор ранг ҳусни ҷаззобу нотакроре доштанд.
- Сағира мондам, духтарҷон. Маҷбур шудам, ки аз хурдсолӣ ба ҳунар пайвандам. Барои наварӯсон то 50 - 100 дастрӯймолакро тӯрбофӣ мекардам. Замоне, ки ҳамсолонам машғули бозӣ буданду парвои дунё надоштанд, барои ҳарчи зиёдтар хоҳиши фармоишгаронро иҷро намудан, шабу рӯз заҳмат мекашидам. Маблағи аз ҳунармандӣ ёфтаам дар рӯзгор сарф мешуд, - мегӯяд момои Муҳиба.
Мутолиа 2000 китоб
- Падарам аз Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 захмдор баргашта, бо хориҳои зиёду дардмандӣ дар синни 25 оламро падруд гуфт. Зиндагии баъдиҷангӣ мушкили зиёд овард. Он замон шароити мардум хуб набуд, - оҳи пурдарде кашида, сухан мегуфт мусоҳибам.
Баробари ҳунар андӯхтан аз модару бибӣ, Муҳиба ба китобхонӣ шавқу рағбати зиёде дошт. Аз китобхонаи мактаб асарҳои бадеии адибони тоҷику хориҷро дарёфа мутолиа мекард. Аз маблағе, ки аз ҳисоби ҳунармандиаш меёфт, қисмеро барои хариди китоб ҷудо менамуд. Дигаронро низ ба китобхонӣ талқин месохт ва асарҳои хондаашро барои мутолиа ба наздиконаш медод. Роҳати китоб хондан дигар аст, мегӯяд бонуи хушзавқ. Ба гуфтаи ӯ ҳар китоби хондааш ӯро бо урфу одат ва зиндагии қаҳрамонҳои асар аз наздик ошно месохт.
- Як ормон дорам, ки то ҳанӯз дар дилам нуҳуфтааст. Аз хурдӣ шавқи беҳад ба донишандӯзӣ доштам, оянда худро чун бонуи таҳсилдидаву бамаърифат дидан мехостам. Талош ҳам намудам, то орзуҳоям амалӣ гарданд. Вале розшунаве надоштам, ки изҳори орзуҳоямро шунавад. Зеро аллакай модарам аз пушти бахти хеш шудаву ман ҳамроҳи бобою бибии пири танҳоям зиндагӣ менамудам. Ба хотири саробон доштан, маро барвақт ба шавҳар доданд.
Ҳанӯз ҳам меҳри китобхонӣ дар қалбам маъво дорад. Беш аз 2000 китоби бадеиро мутолиа намудаам ва аз ҳар якеаш ҷаҳони маънӣ ба худ гирифтаам, - мегӯяд момаи Муҳиба.
Аз пешаи омӯхтааш пушаймон нест. Шукр мегӯяд, ки тӯли зиндагӣ ба қавле бо захми сӯзан 5 фарзандро ба воя расонд. Духтаронаш низ аз ҳунарҳои модар бархӯрдоранд ва барои беҳбудии рӯзгор аз он кор мегиранд.
- Замони шӯравӣ дар фабрикаи дӯзандагии «Гулистон», ки яке аз коргоҳҳои маъруфи давр буд, фаъолият доштам. Аз он ки рӯзҳои ман паси ҳунармандӣ сипарӣ мешуданд, духтаронам низ ба ин пеша завқ доштанд. Ҳарчи ба илмомӯзӣ талқинашон кардам, натавонистам, то якеро дар роҳи илм ҳидоят созам. Онҳо ба ҳунар пайвастанд ва пас аз хатми мактаб роҳ сӯи корхонаҳои дӯзандагӣ гирифта, ин пешаро ба худ муносиб донистанд, - мегӯяд бонуи ҳунарманд.
Лӯхтаксоз
Лӯхтаксозӣ шуғли дигари дӯстдоштаи момаи Муҳиба мебошад. Ӯ ин ҳунарро пештар аз бибӣ омӯхта буд. Бибӣ барои хурсандии кӯдакон аз риштаҳо лӯхтакҳо омода менамуду набера барои зочаҳо либос медӯхт.
Боре аз телевизиони «Баҳористон» барномаеро дар бораи чӣ гуна омода сохтани лӯхтакҳо тамошо намуд. Ду ҷавон яке бо номи Бобоҷон ва дигарӣ Шукрона бо тарзу усулҳои замонавӣ сохтани лӯхтакҳоро нишон медоданд. Шавқи нуҳуфта аз дидани ин барнома аз нав бедор гашт. Тасмим гирифт, то ин ҳунари қадимаеро, ки солҳо аз байн рафтааст, аз нав эҳё созад.
- Барои пайдо намудани Шукрона ба телевизиони «Баҳористон» рафтам. Нишониашро гирифта, ба ҷойи таҳсилаш омадам. Ӯ маро хуш қабул намуд. Аз рӯи фаҳмондаҳои Шукрона дар хона лӯхтакҳо сохтам. Фарқ дар он буд, ки пештар бо латтаю риштаҳо зоча месохтем, вале лӯхтаксозони ҳозира аз пластилин онро омода месозанду рангу бор ва ороиш медиҳанд. Бо тавсияи ин духтараки қобил бо наққоши ороишгар ҳам ошно шудам ва баъдан лӯхтакҳоямро наққош ороиш медод. Ҳамин тавр, лӯхтаксозиро ёд гирифтам ва аз фурӯши он як лаби зиндагиам обод аст, - мегӯяд бибии Муҳиба.
Замонасоз
- Гоҳе намояндагон аз ҷамоату мақомоти ноҳия аз ҳунарам завқ бурда, мегӯянд, ки ба ҷавондухтарон ҳунарҳои мардумиро омӯзонам. Розиям, ки ҷавонон низ ба ин ҳунар ҷалб шаванд ва шуғлеро ба худ касб намоянд. Мутаассифона, якеро натавонистам, дар ин пеша шогирд бигирам. «Ин чӣ ҳунар ва ба кӣ даркор?» мегӯянд. Махсусан, ҳунари лӯхтаксозиро намеписанданд. Ҷавонзанон соатҳо аз тамошои филмҳои туркӣ чашм намекананд ва вақти худро зоеъ мекунанд, - бо таассуф мегӯяд бонуи ҳунарманд.
Муҳиба Холмуродова аз ҳунармандии хеш ифтихор дорад, ки маҳз ба шарофати заҳматаш дар ин ҷода байни мардум обрӯманд аст. Ӯ чун намоянда аз ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявии вобаста ба ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаю ифтихорномаҳо гардидааст.
Қ. Неъматулло,
ноҳияи Рӯдакӣ