САОДАТИ САОДАТ
Саодат Ҳалимова дар ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) ба дунё омадаву соҳиби 5 писар, 2 духтар ва 17 набера аст. Пас аз хатми мактаб ӯро ба шавҳар медиҳанд. Инак, 33 сол аст, ки бо ҳамсараш Раҳмон Раҳимов, собиқадори маориф, ҳамсафари зиндагист.
ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР
- Мо дар оила 11 нафар, 3 духтару 8 писар будем. Модарам Одинабибӣ чевари ҳунарманд буд. Сарулибоси моро бо сӯзану ришта таҳия мекард. Қурамаҳои аҷибе месохт, ки онҳоро «чашмаки гов» мегуфт. Эҷоди сӯзаниву гулдӯзиҳоро аз модар омӯхтем. Модарам доимо таъкид мекард, ки ҳунар беҳ аз симу зар аст.
Рӯйҷо, даврӣ, зардеворӣ, парда, чодару болочодарӣ, сачоқ, болишт, тоқӣ, куртаҳои гулдӯзӣ, зияку шероз, дастбандаку побандак, банди гаҳвораю муҳраи гардан, кокулаку ҷамолак чузъи таркибии ҷиҳози ҳар арӯси замони мо ба шумор мерафт. Мо - духтаракони ҷавон то нимашаб ҳамроҳ бо занони деҳ зери рӯшноии пилтачароғ барои арӯси навбатӣ гулдӯзӣ мекардему кор меомӯхтем, - мегӯяд Саодатбону.
КУЛЧАИ ЧОЙӢ
Гирдача, чапотӣ, фатирхамир, фатири таҳча, сатрӣ, қадмоли варақӣ, қадмоли ғармӣ, кулчаи калон, кулчаи майда, кулчаи чойӣ ва боз чандин номгӯи анвои ноние ҳастанд, ки ин бонуи ҳунар рӯи хонҳои тӯёнаву намоишгоҳу фестивалҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ пешкаши мардум мегардонад.
- Кулчачаҳои майдаи чойӣ, ки танҳо дар ноҳияи мо маъмуланд, як навъ рамзи Нуробод гаштаанд. Бастани кулчаи чойӣ таваҷҷуҳи зиёдро талаб мекунад. Кадбонуҳо дар кафи даст бе рафида панҷ - шаш дона кулчаро гирифта, дар дегдон мебанданд. На ҳар бону аз уҳдаи омода намудани кулчаи чойӣ мебарояд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
ОШИ ТУПА
Кадбонугии Саодатбону кайҳост дар ноҳия ва намоишгоҳҳову фестивалҳо маълум аст. Даҳҳо намуд номгӯи ғизоҳои миллиро номбар карданд, ки онҳоро бисёр моҳирона омода мекунанд.
- Хӯроки маъмулии мардуми минтақаи мо оши тупа мебошад. Бо обу орду равғану намак завола тайёр мекунем. То ҷӯш омадани оби дег себаки заволаро дам медиҳем. Дар оби ҷӯшида пудина, райҳон, шибит ва дигар кабудиҳоро майда реза карда меандозем. Пас аз ҷӯш омадан барои бомаза шудан пиёзи бехӣ ва лаблабуро реза карда ҳамроҳ мекунем. Навбати тупа ҳам расид. Зуволаро бо тахтаву тирак тунук карда бо ошбур майда мебурему ба деги пур аз кабудии ҷӯшидаистода бо навбат даста зада, тупаро оҳиста ҳамроҳ мекунем. Ҳамчунон пайваста маҳсулоти дегро бо чӯб кофта меистем то торҳои зувола бо ҳам начаспад. Баъди омода шудани таом онро дар табақҳо бардошта бо савзавоту кабудӣ ороиш дода, бо дӯғ назди меҳмон мегузорем.
Бону Саодат мегӯяд, аз он фараҳманд аст, ки дар яке аз сафарҳои кории худ ба ноҳияи Нуробод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оши тупаи омоданамудаи ӯ тановул намудааст.
РЕВИЧ
- Ӯмочи бо ширу бо дӯғ, далдаи бо ширу бо дӯғ, ширкаду, кашк, ҳолмун, нашоиста, ревич аз ғизоҳое мебошанд, ки кӯҳистониён омода мекунанд. Ревичро аслан бо равғани зард омода месозанд. Пас аз ҷӯшидани ду коса равғани зард, дар дег кам – кам орд илова намуда кофтан мегирем. Қариби тайёр шудан шир ва 10 – 20 дона тухми латзадашударо ҳамроҳ мекунему дар оташи паст каме намак зада кофтанро идома мебахшем. Ин хӯроки ғизонок, миҷозаш гарм аст.
КЕЛИНҲО
- Мардуми гирду вана Саодат – саодати ҳақиқист мегӯянд. Худ намедонам, вале доим вақтам хуш аст. Аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ, аз ҳар чизаки хубу зебо, сухани нағзу муносибати хуб дилам сурур мегирад. Ба фарзандонам доим таъкид мекунам, ки бо мардум ширинзабону чеҳракушода бошанд. Ба келинҳоям бо чеҳраи кушоду пур аз табассум «Гул» гуфта, муроҷиат мекунам. Онҳоро мисли фарзандонам дӯст медорам. Онҳо низ ҷавобан бо меҳру садоқат хизматам мекунанд. Азбаски худам одами вақтчоқу шӯхтабиатам, келинҳоям низ пайи худам рафтаанд, - завқида бо табассум мегӯяд Саодатбону.
Алҳол Саодатбону ҳунари чеварӣ ва кадбонугии худро ба фарзандону набераҳо, наздикону пайвандонаш меомӯзонад. Вай мекӯшад, то нозукиҳои касбу ҳунарашро онҳо пурра аз бар намоянд ва бо ин васила дар зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ саҳм бигиранд.
- Ҳарчанд ба воя расондани 7 фарзанд мушкил буд, тарбияи дурусти онҳо, хонондану соҳибмаълумот намудан, адабу одоб омӯзондан, ба роҳи рост ҳидоят намудан аз он ҳам мушкилтар буд, - мегӯяд Саодатбону. - Шавҳарам дар маълумотнокии фарзандон нақши муассир дорад. Шабҳои тӯлонии зимистон дар хона маҳфилҳои фарҳангиву ирфонӣ доир менамуд. Дар қалбу зеҳни фарзандон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро аз хурдсолӣ талқин месохт. Ҳатто дар ҷамъоварии ҳосили боғу замини картошка ва дарави ғалла бе байтбараку шеъру масал кор пеш намерафт. Аз ҳама лаҳзаҳо самаранок истифода мебурд. Ба фарзандон китобхониву муколама, муаллиму талабабозӣ мекарданд. Имрӯз набераҳоям низ дар ҳамин рӯҳия тарбия меёбанд.
Саодатбону ҳар лаҳза шукронаи давру замони орому осуда, ободиву созандагӣ ва Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунад. «Ман саодатмандам»,- меафзояд ҳар доим Саодати саодатманд.
сабрина сафарова,
ноҳияи Нуробод