истиқлол
Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлол аст,
Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлол аст.
Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,
Чун дили хеш тапидем, ки Истиқлол аст.
Даст афшондаву по кӯфта дар боғи умед,
Меваи сабр чашидем, ки Истиқлол аст.
Аз дарахте, ки ба шӯр омада дар панҷаи бод,
Хиш-хиши барг шунидем, ки Истиқлол аст.
Найшакар гуфта лапидем ба ҷон хоки Ватан,
Най ба маҳвора кашидем, ки Истиқлол аст.
Хандаи субҳ, ки гулдастаи хуршед бувад,
Гули гулдаста шамидем, ки Истиқлол аст.
Чун кабӯтар ба лаби бом, ки меболидем,
Ҷониби кӯҳ паридем, ки Истиқлол аст.
Қатраи об, ки шӯри дили дарё бошад,
Чун дили қатра кафидем, ки Истиқлол аст.
Ҷомаи фахру фараҳ бар тани дил пӯшонда,
Ҷомаи куҳна даридем, ки Истиқлол аст.
ватан
Шаҳраги ҷону танам васл ба ҷони Ватан аст,
Бонги номусу шараф бонги азони Ватан аст.
Заррае хокам агар, тобу табам дар ҷӯш аст,
Қувва дар бозую зону ба тавони Ватан аст.
Чашмсерем, сари хони касе нест ниёз,
Дар танӯри дили мо кулчаву нони Ватан аст.
Домани сабзи талу пушта, ки сарсабзии мост,
Сабз дар сабз саропои ҷаҳони Ватан аст.
Гар ғарибе накунад ёди Ватан, беном аст,
Ёди даргоҳи падар ному нишони Ватан аст..
ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР
Парандаҳои муҳоҷир, агар сухан гӯед,
Ба ҳар кӣ дур бувад аз Ватан, Ватан гӯед.
Давои дарди парешонӣ аст сарҷамъӣ,
Ҳамин васила зи асрори анҷуман гӯед.
Парандаҳои муҳоҷир, ба сафҳаи тафсир
Нишони шаҳхати парвоз мешавад тадбир.
Ба барги сабзи дарахтон ҳамеша сабт бувад
Рисолате, ки ба дӯш аст дар шумо чу сафир.
Нишони фасли тамузеду фасли армонҳо,
Ба вақти болзанӣ ризқатон шавад пайдо.
Мабод он ки ба гулгашти сабзи хотираҳо
Муҳоҷирӣ алами дил шавад, дили шайдо.
Муҳоҷирии шумо ибрати Ватандорист,
Садоқате, ки шуморо бувад, зи ғам орист.
Аз ин садоқату аз ин раҳи Ватандорӣ
Ба роҳи ёди шумо ашки дидаҳо ҷорист.
Парандаҳои муҳоҷир, агар сухан гӯед,
Ба гӯши боди парешон зи анҷуман гӯед.
Ба номи ҷони азиз эҳтироми тан гӯед,
Ба ҳар кӣ дур бувад аз Ватан, Ватан гӯед.