Наргис Муқимзода:
«Мактаб - интернат бароям дабистони бузурге шуд…»
«Кӯдаконро дӯст медорам, сарфи назар аз он, ки нуқсони ақлӣ доранд ё ҷисмонӣ, умуман солиманд, ё носолим, кӯдак - кӯдак аст. Иқрор мешавам ва шукрона низ мегӯям, вақте ба мактаб - интернат афтодам, куллан тағйир ёфтам. Яъне, солҳои қаблӣ бисёртар ҳаракат мекардам кор кунам, сатҳи дониш, ташкилотчигӣ, умуман худамро нишон диҳам… Аммо, чун дар интернат кӯдакони малул, нотавону беморро дидам, нигоҳам ба зиндагӣ тағйир хӯрд…» - мегӯяд Наргис Муқимзода.
Руҷӯъ
Наргис Муқимзода дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст (1971). Дар байни шаш бародар аз ҳама шӯху нотарс ӯ буд. Таҳсилро дар мактаби шахри Кӯлоб гирифт.
Пас аз хатми факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, соли 1992 фаъолияташро дар боғчаи кӯдаконаи №3 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аввал ба ҳайси мураббӣ оғоз кард.
Бо тақозои замон оилаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч баст. Ӯ дар ҷабҳаҳои сиёсат, маориф, иқтисодиёт ва рӯзноманигорӣ фаъолият намуд.
Моҳи декабри соли 2005 муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъйин ва чаҳор сол дар ин вазифа кор кард. Соли 2009 сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин шуд. Соли 2003 дар Академияи илмҳо таҳсили аспирантураро оғоз карда, пас аз 7 сол рисолаи илмиашро ҳимоя намуд.
Соли 2010 ҳамчун роҳбар ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус барои кӯдакони маъюб, ки дар деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор воқеъ аст, ба кор омада, ҳафт сол заҳмат кашид. Дар маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм ба ҳайси муовини директор се моҳ адои вазифа кард. 10 апрели соли 2017 мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор таъйин гардид...
Дунёи кӯдак
- Даврони шӯравӣ ин калонтарин мактаб - интернат дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Ба он кӯдакони иллати полиомиелит доштаро аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои муолиҷаву таҳсил меоварданд.
Дар давраи кориам 420 кӯдаки маъюб аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҷамъ ва ба таҳсил фаро гирифта шуда буд.
Баъзе кӯдакон, онҳое, ки дар тарбияи падару модар ё бибиву бобоянд, ҳангоми таътил ба хонаашон боз мегаштанд, аммо ятимони кулл дар мактаб - интернат мемонданду ба таълим ва ҳам ба муолиҷа фарогир мешуданд.
Вақте кас ба мактаб - интернат ворид мешавад, дунёи дигареро мебинад. Дили кас аз дидани кӯдаки бемор реш-реш мешавад, баробари онҳо дард мекашад, месӯзаду месозад.
Баъзе кӯдакон худашонро дар ҷомеа нолозим ҳис мекунанд, бархе дар оила ва сабаби дар мактаб - интернат қарор доштанашонро маҳз аз ҳамин ҳисоб медонанд. Шароити интернат нисбат ба хона хуб аст. Чунки аз ҷониби Ҳукумати ҷумхурӣ тамоми шароит муҳайё гаштааст, аммо кӯдакакон пазмони меҳру муҳаббати падару модар мешуданд. Барои ман низ тамоми ин лаҳзаҳоро таҳаммул кардан ниҳоят мушкил буд…
Таҷриба
Ирсият, никоҳи хешутаборӣ, сари вақт нагирифтани ваксина омили асосии зиёдшавии тавлиди кӯдакони маъюбанд.
Соли гузашта бо мақсади омӯхтан ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти синфхонаҳои захиравӣ барои кӯдакони бемор ба давлати Ҷопон сафар намуда, аз буду боши кӯдакони имконияташон маҳдуд дидан кардем. Мутахассисон супориш доданд, то байни кӯдакон дароему фаъолияти эшонро бинем. Дар ҳуҷра ду кӯдаки аутизмдошта саргарми бозӣ буду ногоҳ як нафараш асабонӣ шуд. Ӯ бозичаҳоро бо дастчаҳояш мезаду онҳо ҳарҷо паҳн мешуданд. Ҳарчанд муаллима оромаш мекард, кӯдак намефаҳмид. Ман бозичаҳоро аз замин бардошта бе ягон гап ба бозӣ кардан машғул шудам. Ҳис кардам, ки кӯдак наздикам меояд. Чизе нагуфтамаш. Ӯ мушоҳида кард, ки чӣ кор мекунам. Буд, ки дар паҳлуям нишаст, чунон вонамуд кардам, гӯё намебинамаш. Ҳамин тариқ ӯ низ дасташро дароз карду оҳиста - оҳиста ба бозӣ даромад. Пас аз чанде қаҳру ғазаби кӯдак паст шуд. Вақте психологияи кӯдаки мубталои аутизмро надонед, ӯро ором намудан мушкил меафтад. Ин гуна кӯдакон назари муқоисавӣ доранд. Ҳангоме ки дар паҳлуяшон кор ё бозӣ мекуниву мебинанд, хатояшонро дарк месозанд ва ислоҳ мешаванд.
Оила
Шавҳарам инсони хуб аст. Ҳама вақт, дар ҳама ҳолат ӯ маро мефаҳмад. Боре ҳам ба корам монеъ нашудааст.
Соҳиби чаҳор фарзанд мебошам. Фарзанди аввалинам хатмкардаи Донишкадаи меъморӣ ва дизайни шаҳри Москва буда, алҳол аз рӯи ихтисос дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Духтари калониам оиладор, дар курси шашуми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил менамояд. Духтари дувумам оиладор, дар курси чаҳоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мехонад. Фарзанди аз ҳама хурдиам 8 сол дошта, хонандаи мактаб аст.
Тарбия
Тахмин солҳои 2012 - 2013 духтарчаи калониам дар литсеи донишгоҳи тиҷоратӣ мехонд. Чорабиниҳои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои мактабхонон оғоз шуд. Духтарам низ мебоист он ҷо иштирок мекард. Чун шом аз кор дертар омадам, наздам даромаду пурсон шуд: «Очаҷон, пагоҳ дар олимпиада иштирок мекунам, мебиёед?» Посух додамаш: «Бандам, агар вақт даст диҳад, ҳатман мебиёям…» Он солҳо як профессорро аз шаҳри Санкт - Петербург барои ҷарроҳии баъзе кӯдакони маъюб ба мактаб - интернат даъват карда будем. Дар ду сол мебоист 60 кӯдакро ҷарроҳӣ мекардем. Ҳамон шабу рӯз ташвишам ниҳоят зиёд буд, кӯдаконро аз ташхис гузаронда, ба ҷарроҳӣ омода ва пас аз он нигоҳубин менамудем. Хуллас, дар озмуни олимпиадаи духтарам иштирок накардам. Шаб ба хона омадам, ӯ ба наздам нишасту бо алам гирист. Пурсидам? «Шоираҷон, барои чӣ гиря мекунӣ?» Гуфт: «Мо ганда шудем?» Гуфтам: «Чӣ хел шумо ганда шудед?» Дар ҳайрат мондам. Ӯ гуфт: «Аз он лаҳзае, ки ба интернат барои кор омадед, таваҷҷуҳатон нисбат ба мо камтар шудааст…» Чизе гуфта натавонистам. Саҳар аз ӯ хоҳиш кардам ҳамроҳи ман ба ҷои корам равад. Сари роҳ ба бозор даромада ба кӯдакони интернат бозичаҳо гирифтам, то пас аз ҷарроҳӣ бо он андармон шуда, дардашонро камтар эҳсос кунанд. Он рӯз низ 5 - 6 кӯдаки маъюб бояд ҷарроҳӣ мешуд. Вақте ҳамроҳ бо духтарам вориди ҳуҷра шудем, ӯ кӯдакони маъсуми ҷарроҳишударо дид, беихиёр чашмонаш пурнам гаштанд. Кӯдаконро дӯстдорӣ ва бозичаҳоро тақсим намудаму аз ҳуҷра баромадем. Шоира гуфт: «Очаҷон, ман ба ҳуҷраи дигар намедароям, дар берун мешинам, наметавонам азобашонро бинам, дилам намешавад…» «Не - гуфтам, бояд дароӣ, ба ман ёрӣ расон, то ҳамроҳ бозичаҳоро тақсим кунем.» Баъди аз ҳуҷраи навбатӣ баромадан, бинам рангу рӯяш дигар гашт. Ӯро ба хона роҳӣ кардаму худ аз паи кор шудам. Чун шаб ба хона омадам, давида наздам баромаду худро ба оғӯшам партофт, гиря карду гуфт: «Очаҷон, мебахшӣ, надонистам, ки аз мо дида ба он кӯдакон лозимтар будаӣ…»
Мушкилӣ
Дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои дақиқ, забони русӣ ва англисӣ мутахассисон намерасанд. Сатҳи саводи баъзе омӯзгорони ҷавон ҷавобгӯи талабот нест. З-ин сабаб соли 2019, вақте ки 135 нафар омӯзгори ҷавон тариқи роҳхат омад, роҳбарони муассисаҳо вазифадор гардиданд, то мутахассисони собиқадор ба навомадагон вобаста шаванд. Яъне таҷрибаҳое, ки дар рафти фаъолияташон андӯхтаанд, ба ҷавонон омӯзанд.
Яке аз мушкилиҳои ҳалталаб ин нарасидани муассисаҳои томактабист. Дар шаҳр 10 боғчаи кӯдакона фаъолият дорад, ки аз он сетояш хусусист. Талабот ба кӯдакистонҳо зиёд аст. Мушкил дар сохтан не, дар замин аст, яъне ҷойи сохт. Аз ин сабаб бо дастгирии раиси шаҳр соли гузашта гурӯҳи корӣ ташкил намудему замини ҷамоатҳоро дида баромадем. Дар рафти тафтиш 70 мавзеи гуногун муайян шуд. Аммо чун мавзеъҳои ёфтаамон заминҳои кишоварзиву обист, он ҷо сохтмони ҳар гуна иншоот имконнопазир аст. Ҳамин тариқ то ҳол мушкилии нарасидани муассисаҳои томактабӣ роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Дастовард
Соли 2019 проблемаи нарасидани синфхонаҳои иловагӣ мавҷуд буд, дар як сол бо дастгирии падару модарон, шахсони саховатпеша, соҳибкорон тақрибан дар 20 мактаб 58 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода додем. Ҳоло 70 синфхонаи дигар месозем.
Дар ҳафт муассисаи таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд синфхонаҳои махсус кушодем, ки ҳоло 185 хонанда он ҷо таҳсил дорад.
Пешниҳод
Солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд», - омадааст дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 январи соли 2020 ба имзо расид. Барои иҷрои ин фармон нахуст бояд мутахассисони хубро ҷамъ оварда, баъд соатҳои дарсии фанҳои дақиқро зиёд кард. Соати барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русиву англисӣ низ бояд афзоиш дода шавад.
Шаҳнози Мирзоаҳмад