Модаршоҳи саразм
ва шаҳри 5500-солаи ӯ
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020 - ум 5500 -солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Наҷот аз офтобу боду борон
Бостоншиноси номвар Абдурауф Раззоқов, ки ошнои дерин ҳастам, ҳар гоҳи вохӯрӣ бо шавқ дар бораи ёдгории Саразми бостонӣ сухан меронд ва зарурати ҳифзи ин осорхонаи зери осмонро, ки ҳафриёташ соли 1976 аз ҷониби Абдуллоҷон Исҳоқов оғоз гардида буд, таъкид мекард. Аҳли фарҳанг бонги изтироб мезаданд аз хавфи нобудшавии ин мероси бузург, аммо касе аз зимомдори замони шӯравӣ барои ҳимояи шаҳри аз зери хоки садсолаҳо беруновардаи бостоншиносон чорае намеандешид.
Соли 2006 ба Саразм омадам ва дӯсти бостоншиносамро болидарӯҳ дидам. Зеро,Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонист оташи ҷанги миллаткушро хомӯш кунад ва суботи сиёсию иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намояд, рӯй ба Саразм овард.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001, таҳти № 391 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии «Саразм» эълон гардид. Дар натиҷа 5 иншооти ин ёдгорӣ солҳои 2004 - 2008 бо 1,3 миллион сомонӣ, ки он замон маблағи хеле калон ба ҳисоб мерафт, болопӯш ва атрофаш бо панҷарадевор иҳота карда шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саразмро «хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» номида, дастандаркоронро барои ба ҷаҳониён сазовор муаррифӣ кардани он водор сохтанд.
Эътироф
31 июли соли 2010 Саразм аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид шуд. Ҷованни Боккардо – мудири Дафтари Осиё ва Уқёнусия дар ЮНЕСКО гуфт, ки Саразм дар асоси ду меъёр ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Аввал, Саразм дар давраи муайяне маҳали таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Он чор ҳазор сол пеш аз милод як маркази тиҷорати ҳамон давра дар минтақа ба шумор мерафт. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё ба таври рӯшан нақши ин маҳалро дар мубодилот ва тиҷорати минтақаҳои ниҳоят гуногун, аз ҷумла Туркманистони ҳозира, Байнаннаҳрайн, тамаддуни Ҳинд ва хосатан, Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Омили дуюм он аст, ки Саразм аз як навъ тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чорум ва сеюми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ мавҷуд будааст.
Ба ғайр аз таҳқиқоти мустақилонаи бостоншиносони тоҷик аз соли 1984 бо навбат экспедитсияҳои гуногун дар Саразм таҳқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исҳоқова, А. Т. Пликова, У. Эшонқулов, А. Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Ш.Ф. Қурбонов (аз Тоҷикистон) ва А. Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (аз Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳ, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайраҳо анҷом доданд.
Соли 1985 олимони осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К.К. Ламберг - Карловский низ дар Саразм корҳои таҳқиқотӣ гузаронданд. То ҳол 4 бинои Саразми бостонӣ ошкор шудааст. Масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз 7 хона иборат аст, ки аз хишти хом мебошанд. Бинои дувум 500 метри мураббаъ буда, 48 хонаро дарбар мегирад. Бинои сеюм 350 метри мураббаъ буда, 13 хона дорад. Деворҳои бино 35 - 75 сантимер ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо боқӣ мондааст.
Профессори зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқов ҳамчун нахусткашшофи Саразм бо далелу санадҳои раднопазир дар конфронсҳо ва маҷаллаҳои ҷаҳонӣ исбот кард, ки Саразм нахустин маркази тамаддуни кишоварзӣ, тиҷорат, фарҳанг ва шаҳрсозии Осиёи Марказӣ аст ва ҳанӯз соли 1995 бостоншиносони маъруфи ҷаҳон таърихи 5500 - сола доштани Саразми тоҷиконро дар як анҷумани илмӣ эътироф карданд.
Бонуи раҳбар дар бораи Модаршоҳ
Аз соли 2017 сарварии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент - Саразм ба уҳдаи Норӣ Худоёрова аст, ки алҳол бо роҳбарии ӯ бостоншиносон А. Раззоқов, У. Эшонқулов, Ш. Қурбонов, С. Бобомуллоев ва дигарон дар Саразм пажӯҳишҳоро давом медиҳанд.
Норӣ Худоёрова зодаи Панҷакент, дастпарвари факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, корро ба ҳайси роҳбари маҳфили кишваршиносии «Хонаи пешоҳангон» - и шаҳр оғоз намуда, сипас солҳои 1985 - 2001 дар коллеҷи омӯзгории Панҷакент муаллим, муовини директор буд.
Солҳои 2001 - 2015 дар вазифаҳои мудири шуъбаи фарҳанги МИҲД-и шаҳр, директори литсейи касбии политехникӣ, директори коллеҷи омӯзгорӣ, 2015 - 2017 ноиби ректор оид ба таълим дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буд.
Соле пеш дар яке аз сафарҳоям аз ин бону дархостам то дар бораи нодиртарин кашфиёти Саразм, ки бо номҳои «Малика», «Шоҳбону» ё «Модаршоҳ» маъруф аст, суҳбат ороем.
Норӣ Худоёрова маводи ҷолибе ирсол намуданд, ки онро мухтасар меорем.
- Ба қавли кашшофи аслии қабри «Модаршоҳ» Абдуллоҷон Исҳоқов, афзалияти ин бозёфт, ки тирамоҳи соли 1986 кашф гардид, аз кашфиёти ҳамсони бостоншиносони дигари сатҳи ҷаҳонӣ дар он аст, ки таърихан аз 1000 то 3000 сол қадимтар мебошад. Бостоншиносон пеш аз дарёфти қабри «Маликаи Саразм» аз зери хоктӯдаҳои бинои 4 - ум якчанд хонаҳои истиқоматию хоҷагӣ, ҳавлии васеъро кушодаанд. Баъд барои равшан намудани таркиби хок дар гӯшаи яке аз хонаҳо ҳини кофтани хандақ ба девори мудаввари сангӣ бархӯрдаанд. Баъди кушодани девор қабристон будани он маълум шудааст ва 5 қабри алоҳида кашф шуд, ки саразмиён мурдаҳои худро ба шакли батнӣ - яктоӣ, дутоӣ ва сетоӣ гӯронда будаанд. Дар қабри панҷум дар чуқурии 2,80 см ҷасади се нафар одами гуногунҷинсу гуногунсолро ёфтаанд. Антрополог, доктори илми таърих Т. К. Хоҷаев дар бораи ин се ҷасад чунин хулоса баровардааст: «Скелети якум ҷасади зани 19 - 20-сола буда, як кӯдак таваллуд кардааст. Скелети дуюм ҷасади марди синну солаш 20 – 21- сола ва скелети сеюм ҷасади духтарчаи 13–14-сола мебошанд. Тахмин зан ва мард аъзои як оила бошанд, вале духтарча фарзанди онҳо шуда наметавонад.»
Дороиҳои Модаршоҳ
Абдуллоҷон Исҳоқов ҳамон ҷавонзанро модаршоҳ меҳисобад, зеро ҳамаи бозёфтҳои нодири дар қабри панҷум ёфта аз они ӯ будаанд ва барои иддаои худ далел меорад:
«Аввалан, Модаршоҳ бо кулоҳу сарулибос ва тамоми зебу зинаташ гӯронда шудааст. Худи ҳамин боло будани мартабаи ӯро ифода менамояд. Маълум гардид, ки либоси дар тани Модаршоҳ буда, бо сангҳои қиматбаҳо – ақиқи сурх, лоҷувард, фирӯза ва дигар намуди сангҳо зеб дода шудааст. Ороишҳои номбурдаро дар болои кулоҳ қад -қади остину шарвор ва домани ҷасад, ки кайҳо пӯсидаанд, дида тахмин намудем, ки Модаршоҳ бо либоси хосаи худ гӯронда шудааст. Агар қисми марҷонҳо кулоҳу мӯйҳо, гардану пештанаи ӯро зеб диҳанд, пас қисми дигари онҳо ба либос дӯхта шудаанд. Оид ба миқдори онҳо фақат ҳаминро гуфта метавонем, ки аз ҳазор дона ҳам зиёданд. Шаклан ва ҳаҷман онҳо 16 намуданд.
Ба ғайр аз ин дар вақти тоза кардани қабр дар ҳама ҷои он муҳраҳоеро ҷамъ намудем, ки ҳаҷман монанди донаи арзананд. То ҳол миқдори онҳоро муайян карда натавонистем. Гап дар сари он, ки онҳо хеле гароншумор буданд ва барои он лозим омад, ки қариб ду тонна хоки қабрро обшӯй намуда, бо сӯзанҳои ниҳоят борик ба риштаҳо гузаронем. Ҳоло мо дорои зиёда аз 10 метр ин гуна шаъба мебошем. Аҷоиби кор дар он ки муҳрачаҳои майда басо устодона ба чодаре, ки болои ҳар се ҷасадро мепӯшид, дар шакли нақш дӯхта шуда буданд.
Бузургии мавқеи Модаршоҳ боз дар он таҷассум меёбад, ки мӯйҳои ӯ бо марҷони тиллоӣ зеб ёфта буданд. Пас аз пӯсидани кокулҳо 49 дона марҷон дар ҷояш қатор хобидааст. Агар мо онҳоро дуртар аз ҷасади зан дарёфт мекардему исбот карданӣ мешудем, ки ин донаҳои тиллоӣ ба ҳазорсолаи IV пеш аз милод мансубанд, ҳатто ихтисосмандон низ бовар намекарданд. Зеро дар Осиёи Миёна коркарди тилло асосан хоси ҳазорсолаи III пеш аз милод мебошад.»
Бозёфти хеле муҳими бостоншиносони мо дар масофаи ним метр дуртар аз ҷасади Модаршоҳ пайдо кардани ойинаи мисӣ, дарафши устухонӣ, ду муҷассамаи тасвири зан ва 5 дона сари дарафш буд, ки ба ӯ тааллуқ доштанд.
Ду муҷассамаи Модархудо
Таваҷҷуҳи А. Исҳоқов бештар ба ду муҷассамаи гилӣ ҷалб гардид, ки қади муҷассамаи аввал 4 см, дуюм 2 см буд. «Бо вуҷуди он ки онҳо шакли одӣ доранд, дар муҷассамаи якум тамоми нишонаҳои занро мебинем. Мӯйҳои дарози тор - тори он ба ду тараф мисли бодбезак паҳн шуда, болои китфҳо хобидаанд. Чашмонаш бодомшакл буда, абрувони камоншаклаш бо сиёҳӣ оро ёфтаанд. Монанди ин муҷассамаҳо дар ёдгориҳои Хуросони Шимолӣ ба миқдори зиёд дарёфт шудаанд. Муҳаққиқон В. М. Массон ва В. И. Сарианиди онҳоро модархудоҳои кишоварзон номидаанд, – навиштааст бостоншиноси кашшофи Саразм. - Ҳамин тавр, муҷассамаҳои дар қабри Модаршоҳи Саразм кушодашуда низ тасвири Модархудо буда, рамзи серҳосиливу фаровонӣ ва офариниши ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Оид ба муҷассамаи дуюм, ки аз муҷассамаи якум ду баробар хурд аст ва дар болои биниаш барои гузарондани ришта сӯрохӣ дорад, метавон гуфт, дар ҳамон замон нишонаи муқаддас буд. Вале ин сухани охирин нест, зеро ки ақидаҳои фалсафии ниёгонамон норавшаниҳои зиёде доранд, дарккунии онҳо бозёфтҳои наву солҳои тӯлониро талаб мекунад. Дар айни замон метавон гуфт, ки кашфиёти қабри Модаршоҳи Саразм ба мо имкон дод, ки мавқеи занро дар ҷамъияти шаҳри Саразм омӯзем ва хулоса барорем, ки дар шаҳри Саразм нисбатан ҷамъияти модаршоҳӣ ҳукмрон буд».
Саразмиҳо аз кадом нажод будаанд?
Барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан Абдуллоҷон Исҳоқов антропологи машҳури Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии АИ Ӯзбекистон Телман Хоҷаевро ба Саразм даъват мекунад. Антрополог баробари муайян намудани қаду баст ва синну соли ҷасадҳо, ба кадом нажод мансуб будани онҳоро муайян кард. Тибқи хабари ӯ саразмиҳо бо мардуми дигар марказҳои кишоварзии Шарқи Наздик ҳамнажоданд. Ба гуфтаи Хоҷаев, дар ҳазорсолаи IV-III пеш аз милод аз соҳили баҳри Миёназамин то Ҳиндустон, аз Хуросон то соҳили уқёнуси Ҳинд як шакли нажодӣ паҳн шуда буд. Дар водии Зарафшон, аз ҷумла дар шаҳраки Саразм ҳам чунин тариқа одамон зиндагӣ мекарданд ва ин ягонагии нажодии мардуми тамоми кишварҳои Шарқи Наздику Миёнаро бори дигар исбот менамояд. Ба замми ин тибқи маълумоти Телман Хоҷаев дар замони пайдоиши Саразм нажоди муғул дар сарзамини Мовароуннаҳр арзи вуҷуд накарда буд.
«Бале, ман ба он ақидаам, ки дар ҳазорсолаҳои IV - III пеш аз милод аз дарёи Сир то уқёнуси Ҳинд ватани эроннажодҳост ва маҳз онҳо ташаккулдиҳандаи маданияти кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии мардуми Осиёи Миёна мебошанд», – ба хулосаи қатъӣ меояд А. Исҳоқов.
Имрӯзи Саразм
6-уми августи соли равон бо зумрае аз аҳли адаб - Маликнеъмат Неъматзод, Мирзоҳайдари Умарзод ва Рауф Азиз ба зиёрати Саразм омадем. Охирин дидорам бо Саразм соли 2006, яъне 14 сол пеш буд. Барои муқоиса: агар он вақт барои аз Хуҷанд ба Панҷакент расидан бо ағбаи Шаҳристон ва роҳи валангори Айнӣ - Панҷакент 18 - 20 соат сарф мешуд, ҳоло метавон дар 3 - 4 соат бо нақби Шаҳристон ва шоҳроҳи муосири Айнӣ - Панҷакент, ки дар канораҳояш барои истироҳату фароғати мусофирон беҳтарин шароит таъмин аст, вориди ин шаҳри бостонии тоҷикон гардид.
Дар Саразм охирин корҳои омодагӣ ба маросими таҷлили 5500 - солагӣ ҷараён доштанд. Бинокорони чирадаст, ки тӯли як соли охир дар ин ҷо ба сохтмони иншооти ҷашнӣ машғуланд, субҳи барвақт ба кор пардохтаанд. Ба онҳо барори кор орзу карда, бо шавқ ба роҳҳои мумфаршу сангфарш, гулзору ниҳолҳои шукуфону хуррами атрофи онҳо, рамзи 35 -метраи ҷашни Саразм, дарвозаи рамзӣ, пойгоҳи нав барои бостоншиносон, осорхона, меҳмонхона, чойхона, устохона ва дуконҳои фурӯши маҳсули ҳунармандон менигаристем. Атрофи ҳамаи 18 гектар майдони мамнӯъгоҳ бо панҷарадеворҳои зебо иҳота шудааст.
Ҳар нафар тоҷики худшинос бояд боре ба дидани Саразм ояд ва ҳамзамон ёдгориҳои дигари ин сарзамин – Панҷакенти қадим, мақбараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, мазори шарифи Муҳаммади Башоро ва дигарҳоро бубинад. Ташкил кардани саёҳатҳои гурӯҳии хонандагону донишҷӯён барои таҳкими рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ хидмат хоҳад кард.
Азбаски Саразм дар канори шоҳроҳи Панҷакент - Самарқанд ҷойгир шудааст, баъди ин қадар ободиҳояш дар ояндаи наздик, бешак, як мавзеи муҳим барои сайёҳони хориҷӣ ҳам мегардад, масъулони соҳаи сайёҳии кишварро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ онро ҳунармандона муаррифӣ карда тавонанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Панҷакент