СУХАНОРО
Духтари фатиламӯи ду кокул пушти сар, ки ба тан пироҳани атласу ба сар тоқии зардӯзӣ дошт, бо чеҳраи гарми офтобӣ нарм табассум карду нахустин сухане гуфт, ки исмаш дар саҳфаи таърихи телевизиони тоҷик абадӣ сабт гашт.
3 октябри соли 1959. Дар ҳуҷраи начандон калон дастгоҳи бузурги наворбардорӣ ва дар самти муқобил мизу ду курсӣ ҷой дошт. Бо вуҷуди омодагиҳои зиёд фазоро изтиробу ҳаяҷони гурӯҳи эҷодӣ печида буд. Ҳама ба намоиши аввалини телевизиони тоҷик тараддуд медиданд. Инак, соати 18.00 чароғаки болои дурбин сурх шуду ба таври мустақим Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исаева сухан оғоз карданд. «Ассалому алайкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизиони Сталинобод барномаи аввалини худро сар мекунад!» - ҳаяҷонро фурӯ нишонда, бо табассум гуфт Рафоат. Валентина ин гуфторро ба русӣ такрор карду баъдан ҳарду нашри аввали барномаи «Ахбор»-ро, ки аз се дақиқа иборат буд, хонданд. Филми ҳунарии «Чароғ дар кӯҳсор»-и истеҳсоли «Тоҷикфилм» пахш гардид ва бо ҳамин фурсати намоиш ба итмом расид. Ба ин тариқ, то соли нави 1960 тӯли ҳафта се маротиба намоиши телевизионӣ сурат мегирифт ва Рафоат пеш аз оғози ҳар нашр рӯи экран намоён мешуд.
Ҷӯёи дониш
Бонуи фарҳангсолор Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар шаҳри Конибодом дида ба ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби ба номи Наримонови зодгоҳ дар дил орзуи идомаи таҳсил дар пойтахтро дошт. Мушкилоти зиёде садди орзуҳои дерини духтарак буданд: дурии роҳ, парвози ками ҳавопаймо, шаҳри ноошно, яккафарзанди хонадон… Танҳо дар синни балоғат огаҳӣ ёфт, ки холаи бефарзандаш ӯро модар гашта. Фарзанди ягонаи ду хонаводаро аз чашм дур кардан басо душвор буд. Дар кумитаи комсомол муддати 6 моҳ чопгар шуду бо духтари русе ошноӣ пайдо кард. Чун фаҳмид, ки ӯ ба қасди таҳсил озими пойтахт аст, ба неву нестони наздикон гӯш надоду ҳамроҳи дугонааш озими сафар шуд.
Соли 1958 ба факултаи забон ва адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил гашт. Дар охири соли аввали таҳсил аз телевизиони навтаъсис ашхоси масъул ба донишгоҳ омада, ҷавононро барои ширкат дар озмуни наттоқӣ даъват намуданд. Рафоат дар хобгоҳи донишҷӯён аз ҳамсабақаш Ҳадисаи Қурбон маслиҳат пурсид. Дугона ӯро барои ширкат дар озмун таҳрик дод. Миёни беш аз 100 довталаб аз се марҳилаи озмун гузашту мақоми аввалин сухангӯи телевизиони Тоҷикистонро касб кард.
Масъулият
Аз субҳ то соати 14.00 таҳсил мекарду пас ба телевизион мешитофт. Матнҳоро хуб омӯхта, соатҳо тамрин мекард, ки ба иштибоҳе роҳ надиҳад.
- Барномаҳо аз соати 18.00 шурӯъ мешуданд. Дар оғоз ва байни ҳар барнома ба эфир баромада, оғози онҳоро эълон медоштам. Он вақтҳо техникаҳо бидуни сабту танзим буд ва мо ҳақ надоштем иштибоҳ кунем. То интиҳои пахши намоишҳо ҳаяҷон маро тарк намегуфт. Гоҳо бо мошини навбатдор ва гоҳо пиёда то манзил мерасидем. Дар соли сеюми таҳсил хонадор шудаму мушкилотам бамаротиб афзуд. Таҳсил, заҳмат дар телевизион, сафарҳои эҷодӣ, рӯзгордорӣ… Шабҳо ғизо таҳия менамудаму корҳои хонаро анҷом медодам. Соли чоруми таҳсил нахустфарзандам Бахтиёрҷон ба дунё омад. Азбаски дар телевизион наттоқ намерасид, ба рухсатӣ набаромадам. Болои ҳамаи заҳматҳоям масъулияти модарӣ зам шуд, - ба ёд меорад Рафоат Абдусаломова.
Нигоҳубини доя ба табъаш носозгор омад. Тифли 8 –моҳаро ба Конибодом, назди модар фиристод. Пас аз 4 моҳ ҷигарбандаш ба сурхакон гирифтор шуду фавтид ва доғе якумрӣ дар қалби модар ниҳод. Дар фироқи фарзанд хома ба даст гирифт ва сӯзи қалбро рӯи варақ рехту шеъру ғазалсаро шуд.
Фаротар аз пеша
Муҳаббати бинандагон бекарон буд. Даста -даста мактуб ба унвонии ӯ ирсол мегардид. Бештар мардум аз мушкилоти хеш мегуфтанд. Чаҳорчӯбаи пешаи наттоқӣ барояш танг намуду пас аз 10 соли заҳмат ба офаридани барномаҳои бадеию публитсистӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, мусиқиву ҳунарӣ ва таълимию маърифатӣ пардохт. Барномаҳои «Дугонаҳо», «Дониш», «Ватан ва фарзандон», «Гулдаста», «Муҳаббат ва оила» ва ғайра миёни мардум маҳбубият пайдо карданд. Дар нашри аввали барномаи «Дугонаҳо» мактуби духтароне, ки омӯзишгоҳи касбӣ - техникии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-ро бо ихтисоси ронандаи трактор ва комбайн хатм карданду дар рафти кор аз масъулон иҷозати рондани онҳоро нагирифтанд, қироат карда шуд. Ин мушкилот баҳси тӯлониро ба вуҷуд овард ва билохира самар дод. Духтарон ба рондани трактору комбайн даст ёфтанд. Ба ин монанд мавзӯъҳои доғи рӯз дар барномаҳои бону Рафоат матраҳ ва нишонрас мегардид. Бо пайдо шудани дастгоҳҳои сабти навор мушкилоти ҳайати эҷодӣ афзуд.
- Тасаввур кунед, ки тӯли як соат барнома худ ҷараён меёфт. Ҳамсуҳбатон бе хато сухан меронданд, месароиданду мерақсиданд. Дар як дақиқаи охир мабодо иштибоҳе рӯй медод, сабти барномаро пурра аз нав шурӯъ мекардем. Таҳти шуои чароғҳои бешумори тафсони студия зиёда аз 10 -15 дақиқа нишастан номумкин мешуд. Табъи ҳозирон бо такрор ёфтани дублҳо хира мегашт ва табиист, ки муҳити воқеӣ, аввалин суҳбатҳои самимӣ аз байн мерафт, - мегӯяд Рафоатбону.
Мартаба
Аз суҳбат бо олимону адибони бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода (равонашон шод бод) ва дигарон ҷаҳони маънӣ бардошта, борҳо таҳсин шунидааст.
Соли 1961 аввалин бор тариқи телевизиони марказӣ дар шаҳри Москва барномаи махсуси фарҳангию иқтисодиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш намуд. Соли 1967 дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Канада (ш.Монреал) филм - консерти «Устодони санъат» (коргардон Шамсӣ Қиёмов) ба навор гирифта шуд, ки барандагиро Рафоатбону ба уҳда дошт. Борҳо ба кишварҳои собиқ шӯравӣ сафарҳои корӣ анҷом доду аз ҳамтоёнаш нозукиҳои пеша омӯхт.
- Соли 1968 дар саҳнаи Театри давлатии академии драмаи шаҳри Тошканд ҳамроҳ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ровӣ будем. Хеле дар ҳаяҷон будам. Маҳмудҷон изтироби маро пай бурда гуфт: «Тасаввур кун, ки дар рӯ ба рӯ бо дӯстонат суҳбат меороӣ». Ин гуфтаҳо бароям сабақи якумрӣ шуд, - хотироти хешро ба ёд овард муаллима.
Бонуи ширишкалом тайи 45 сол дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррири калон, мудири шуъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияи эҷодӣ адои вазифа намудааст. Бо унвони Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1989), «Аълочии телевизион ва радиои СССР», медали «Собиқадори меҳнат» ва чандин ифтихорномаҳо қадр шудааст. Ҳамзамон, ба таҳқиқи соҳаи телевизион шуғл варзида, рисолаҳои «Телевизион оинаи зиндагист», «Наттоқ чеҳраи телевизион», «Телевизион ва психологияи инсон»-ро таълиф намуд. Маҷмӯаи шеърҳояшро бо номи «Парвози дил» (2019) ба табъ расондааст.
Бо ҳамсари мушфиқаш доктори илмҳои биологӣ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки чанд сол қабл дунёро тарк гуфт, Рафоат Абдусаломова се фарзанд – Адиба, Шуҳратҷон ва Умедаро ба воя расонд. Имрӯз бонуи номвар дар ҳалқаи 8 набера аз шебу фарози зиндагӣ сухан мепардозад. Ба вақти танҳоӣ рӯи авроқи сафедро моломоли шеър ва панду ҳикмат мегардонад, то хотироти неку ибратомӯзро аз гузораи умри пурбаракаташ ба мерос монад.
Ситора АШӮРОВА