Дарси хуб асари бебаҳоест
Орзуи ҳуқуқшинос шуданро дошт. Ҳақиқатпараст буду ҳақро ба ҳақдор расондан мехост. Ин хислатҳо аз хурдӣ дар вуҷудаш ҷӯш мезаданд. Ҳини ба итмом расондани мактаб ба волидон аз орзуи хеш лаб кушод.
Модар хомӯширо авло донист. Зеро дар хонадон ҳукми мард, яъне падар болотар буд. «Ҳар чи ки духтардор гӯяд!» - ба дил бурду мунтазири посух сӯи падари фарзандонаш дида дӯхт. Ниҳоят падар ба гуфтор омад:
- Агар дар деҳаи Карсанг маро чун ҳамсояву рафиқ чанд кас донад, барои омӯзгор буданам хурду калон эҳтиромамро ба ҷо меоранд. Магар аз ин дида барои инсон хушбахтӣ ҳаст? Албатта, не! Пас, духтарам, агар фикри маро дар интихоби касб гирифтан хоҳӣ, беҳтараш омӯзгориро пеша намо, - маслиҳат дод падар.
Садбарг аз гуфтаи падар сар напечид. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи педагогикаи Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) супурд. Дар саъю талоши донишандӯзӣ ва омӯхтани нозукиҳои пеша 5 соли донишҷӯӣ сипарӣ гашт ва ӯ донишкадаро ба итмом расонд (1990).
- Бо дуои хайри қиблагоҳ омӯзгориро аз мактаби миёнаи № 41 ноҳияи Варзоб оғоз намудам. Аз ноҳияи Файзобод ба ин мавзеи хушбоду ҳаво арӯс шуда омадам ва дар баробари оиладорӣ омӯзгориам сар шуд. Баъдан соли 1997 сокини шаҳри Душанбе гаштам ва то имрӯз дар МТМУ № 89 омӯзгорам, - ифтихор аз пеша намуда мегӯяд Садбарг Нурова.
Аз пайи падар
Падар ӯро дӯст, устод ва ҳам раҳбар буд.
- Дар давоми 32 соли таҷрибаи омӯзгориам кӯшиш намудам, то барои такмил ёфтани дониши худ аз усули кори устодони соҳа омӯзам. То ҳол бо соҳибтаҷрибаҳои ҷода дар иртиботам ва усули кории онҳоро дар ҷараёни дарсгузарӣ бо шогирдон истифода мебарам.
Тӯли ин солҳо дарк намудам, ки барои ба осонӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдак қаблан бедор намудани меҳру муҳаббати ӯ ба устод зарур мебошад. Меҳри устод дар қалби шогирд ҷо шавад ва робитаи миёни шогирду муаллим ногусастанӣ бошад, он гоҳ талаба бо дучори мушкилӣ дар омода намудани дарс омӯзгорро чун такягоҳ мепазирад. Вақте меҳри устод дар қалби шогирд ҷо шуд, таълиму тадрис осон мегардад.
- Панди падарро то ҳанӯз дар ёд дорам: «Ба сари фарзанди мардум даст набардор, сухани бад магӯ ва ҳеҷ гоҳ талабаро дар назди ҳамсинфонаш таҳқир макун. Сиёсат бояд дар чашми муаллим бошад, ки шогирд бо як нигоҳ дарк созад, на ин ки тарсад», - ифшо намуданд муаллима.
Усули суҳбати дӯстона
Дар баробари усулҳои махсус, ки мебоист омӯзгорон дар ҷараёни дарсгузарӣ аз он истифода баранд, омӯзгори соҳибтаҷриба дар давоми фаъолияти хеш аз усулҳои дигари рангину шавқовар кор мегирад. Садбарг Нурова мегӯяд, ки суҳбати дӯстона усули кори ӯст ва ба ин васила ба дарс ҷалб намудани хонанда хеле муфиду осон аст.
- Дарсҳоро ба ҳам алоқаманд намуда, бо хонанда кор мебарам. Масалан, агар дар фанни забони модарӣ аз боби ҳайвоноту рустаниҳо мавзӯъ пешниҳод шуда бошад, ҳатман онро бо фанни табиатшиносӣ тавъам менамоям. Берун аз синф ё мавзӯъ мисолҳо меорам, ки кӯдак ба ин восита ба дарс ҳавасманд мешавад. Ҳар хонанда метавонад, ки бо ин усул андешаашро озодона иброз дорад ва мавзӯъро зуд аз бар намояд.
Рафту дар ҷараёни дарс ба мушкилӣ дучор оям, ҳатман аз омӯзгорони соҳибтаҷриба маслиҳат мепурсам. Аз омӯхтану пурсидани маълумоти наве ҳеҷ гоҳ шарм намедорам. Надонистаамро аз дигарон ҷӯё мешавам. Гоҳе мебинем, ки бархе аз мағрурӣ ё шарм, аз омӯхтани чизи нав ор мекунанд, - иқрор меояд Садбаргбону.
Тавлиди истеъдод
Табиист, ки ҳар фард бо истеъдодҳои хосса тавлид мешавад. Такондиҳанда ва кашфкунандаи истеъдоди кӯдакон падару модар ва омӯзгорон мебошанд. Махсусан, дар 4 соли таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ дар ботини талаба истеъдоди ӯ эҳсос мегардад. Яке дарки баланди маънии суханфаҳмӣ, дигаре шавқ ба илми ҳисоб ё ба сурудхониву расмкашӣ дорад.
- Бархе аз омӯзгорон фанҳои санъати тасвирӣ ва меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва сурудро нодида мегиранд. Яъне, бо хонанда дар вақти машғулият аз ин фанҳо чандон ҷиддӣ машғул намешаванд. Ҳол он ки тариқи ин фанҳо шояд истеъдоди нуҳуфтаи кӯдак бедор шавад. Масалан, ба воситаи расмкашӣ кӯдак рози дили кӯчакашро ифшо месозад, таҳти замзамаи оҳанге қобилияти эҷоди шеър дар ӯ пайдо мегардад. Яъне, ҳар фан ва омӯзиши он асарест бебаҳо, ки барои инкишофи зеҳнии кӯдак таъсири амиқ мегузорад, - мегӯяд муаллима.
Бо волидони хонандагони синф дар тамоси телефонӣ нест. Ба гуфтаи ӯ ин тарзи муошират робитаи омӯзгорро бо волидон наметавонад мустаҳкам созад. Аз ин хотир, аз падару модарон хоҳиш менамояд, то ақаллан моҳе як маротиба ба мактаб оянд ва аз ҳолати таҳсили фарзандон аз наздик ошно шаванд.
Садбарг Нурова омӯзгориро пешаи пайғамбарӣ медонад. Ӯ мегӯяд, омӯзгор бо рафтору кирдор ва нексириштии хеш насли навро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд ва ин ҳам рисолати ӯст.
АНОҲИТО