Духтари яккаи хонадон ҳамроҳи бародарон ба воя расид. Шояд таъсири ҳамин буд, ки ба корҳои мардона шавқу рағбати зиёд дошт. Дар шаҳри Панҷакент, ки Сурайё Раҳимова он ҷо камол ёфтааст, бонуи низомие кор мекард. Маҳз родмардиву ҷасурии бону дар қалби духтараки ҷавон, ки ба тозагӣ мактаби миёнаро хатм намуда буд, меҳри ин пешаро ҷой дод. Бо ин ният роҳ пеш гирифт ба сӯи шаҳри Душанбе, то ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супораду дар оянда ҳамчун адвокат фаъолият барад. Қиблагоҳаш дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуд. Аммо тасодуфе рух доду нақшааш ба куллӣ тағйир ёфт.
CОБИТҚАДАМ
Рӯзе аз назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гузар дошт, ки баногаҳ чашмаш ба манзараҳои саҳни ҳавлии донишгоҳ афтид. Лаҳзае бозистоду баъди андак андеша аз падар хоҳиш кард, ки ҳуҷҷатҳояшро ин ҷо супоранд. Ихтисоси муҳандис – сохтмончиро пазируфту хост мисли падар бинокор шавад.
Миёни ҳамсабақон ягона духтаре буд. Ба дигар ихтисосҳо низ духтарон хеле кам ҳуҷҷат месупурданд. Хост миёни писарон дар таҳсил пешсаф бошад ва чунин ҳам шуд.
Азбаски замони таҷрибаомӯзии ӯ ба давраи ҷанги нобасомониҳои солҳои 90-ум рост омад, мушкили набудани иншооти сохтмонӣ натавонист орзуҳои парвардаи Сурайёро бароварда созад. Зиёд мехост, ки дар сохтмони биноҳо ширкат дошта бошад. Бо ин орзу донишгоҳро хатм намуд.
Ҳамсафар
Соли 4-уми таҳсил падару модари ҳамсабақаш баҳри хостгори ӯ дари хонаашонро кӯфтанд. Бо розигии тарафайн тӯй барпо шуд. Духтари нозпарварди шаҳриро тақдир ба ноҳияи дурдасти Шаҳритуз бурд. Бо кори деҳа ошноӣ надошт ва бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Бо ёриву дастгириҳои хушдомани меҳрубонаш тамоми корҳоро аз бар намуд.
- Наварӯс будам, ки гуфтанд нон бипазам. Агарчи хамир шӯрида метавонистам, боре дар танӯр нон напухта будам. Ҳайрон шудам, ки чӣ гуна нон бандам. Аз рӯи шунидаҳоям ба танӯр алов гузошта, бо каме сафед шудани дохили он нонҳоро часпондам, ки яке пайи дигар афтиданд. Хушдоман, ки ин манзараро мушоҳида мекард, мани аз тарс чун бед ларзонро ба наздаш хонд ва гуфт, ки боке нест, духтарам, оҳиста – оҳиста ёд мегирӣ, - бо табассум қисса кард Сурайё.
Баъд аз ин дар нонпазиву кори саҳро моҳир шуду яке аз келинҳои таърифии деҳа гардид. Бо оғоз ёфтани таҳсил ӯ ҳамроҳи шавҳар ба Душанбе омад. Ҳарду рӯзҳои истироҳат ба деҳа бармегаштанд. Гандум медаравиду алаф мечид, сабзавот парвариш мекарду чапотӣ мепухт.
- Лутфу меҳрубонии хушдоманаму ҳамдигарфаҳмӣ миёни шавҳарам буд, ки оилаамон побарҷо монд. Аҳли хонаводаи шавҳарам маро мисли фарзанди хеш қабул карданд. Вале афсӯс, имрӯз кам ба назар мерасад, ки хушдоманҳо келинро омӯзонанду хатои онҳоро ислоҳ намоянд. Камбудии келинро дида, таҳқиру озорашон медиҳанд. Дар ойина, агар рахе пайдо шавад, он дигар мисли пешина нахоҳад буд ва оиладорӣ низ чунин аст. Ҷангу ҷидоли оилавӣ ба дилсардӣ меорад ва набояд ба ин роҳ дод, - бо таассуф мегӯяд С. Раҳимова.
Зарба
Соли 1993 пас аз хатми институт Сурайёву ҳамсараш Шариф дар шаҳри Душанбе монданду фаъолияташонро ҳамчун омӯзгор дар Донишгоҳи техникӣ шурӯъ намуданд. Сарфи назар аз вазъи душвору нобасомон ба таълиму тарбияи донишҷӯён камар бастанд.
Дар яке аз хобгоҳҳо, дар маҳаллаи 46-и шаҳр барояшон ҳуҷрае ҷудо карданд. Он солҳо нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ниҳоят кам буд. Сурайё бо ҳамсар субҳи барвақт пиёда ба донишгоҳ мерафтанд. Шабона то дили саҳар навбати нон мепоиданд.
Даргузашти духтарчаашон, ки нахустфарзанд буд, зану шавҳари ҷавонро ба ғам олуд. Баъдан тавлиди ду писари хубрӯ ба зиндагии тираи онҳо рӯшноӣ овард.
Бо мурур ба ҳаёти хушу осоишта қадам гузоштанд. Вале ин хушҳолӣ дер напоид. Шавҳараш ба бемории саратон гирифтор шуду ҳаёт рухи тираи худро дубора сӯи онҳо тофт. Ягона ноновари хонадон Сурайё буд ва мебоист, ки доруву дармони шавҳарро низ пайдо намояд.
- Ин ҳодиса соли 2012 рух дод. Ман, ки аз соли 1993 дар шуъбаи кадрҳои донишгоҳ фаъолият доштам, тасмим гирифтам, ки ҳамчун омӯзгор низ фаъолият барам. Роҳбарияти донишгоҳ тасмими маро пазируфтанду аз фанни фарҳангшиносӣ ба дарсгӯӣ оғозидам. Се сол дар ба дари беморхонаҳо гаштам, то ба дарди шавҳарам дармон ёбам. Вале шавҳарам ақаллан ба остонаи хонае, ки бо заҳмати зиёд онро соҳиб гаштем, пояшро нагузошта, аз олам чашм пӯшид, - бо сӯзу гудоз гуфт муаллима.
Сурайё шабурӯз кор мекард, то писаронро ҳам падару ҳам модар бошад. Писари бузургаш имрӯз дастёри ӯ гардидаву фаъолият менамояд ва хурдӣ орзуи номи донишҷӯро дар дил мепарварад.
- Дар ин самт сипоси бепоёни худро ба Ҳайдар Одиназода, ректори донишгоҳ ва муовини ректор Ашӯр Ашӯрзода мерасонам, ки дар лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ аз вартаи ноумедӣ раҳоям доданд, - мегӯяд муаллима.
Бардавом
Сурайё Раҳимова тӯли 22 сол дар шуъбаи кадрҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ заҳмат кашида, аз соли 2013 ба ҳайси раиси Шӯрои занон дар хадамоти шуъбаи тарбия ва муддати 8 сол аст, ки ҳамчун омӯзгор фаъолият менамояд. Айни замон дар марҳилаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дорад.
Шаҳдрези раҳмон