Дар зарфи таърихи қариб 90 - солаи ноҳияи Панҷ ӯ дувумин намояндаи ҷинси латиф аст, ки роҳбарии шуъбаи маорифро ба уҳда дорад. Шояд дар зеҳни касе намеғунҷид, ки замоне духтараки камгапу шармгини деҳоти Озодагон чун омӯзгори хушсалиқа дар роҳбарии дабистонҳо ва баъд мудири шуъбаи маорифи ноҳия сазовори таҳсину эҳтироми ҷомеа мегардад.
Ба иқрори Мавлуда Боймуродзода, бурдбориҳояш дар ҷодаи омӯзгорӣ аз марҳамати хизмати содиқона ба халқу меҳан ва сабру шикебоӣ дар пешорӯи мушкилиҳои зиндагист, ки аз зодмандони барзгараш омӯхта буд. Мисле аз овони кӯдакӣ ризқу насибаи рӯзгор як сӯ, ҳатто осудагию нафаси озод барояш ба осонӣ даст надодааст. Оғози субҳи ҷавонии ӯву ҳамсолонаш ба замони даргириҳои шаҳрвандӣ рост омад. Он овон ба ҷойи ҳунаромӯзию рушду шукуфоӣ рӯзҳоро дар таҳхонаву паноҳгоҳҳои хаспӯш сипарӣ мекарданд.
-Давраи омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавии мактаби олӣ ба замоне рост омад, ки ҷанги хонумонсӯз дар хонаводаи бузурги мо се модарро бешавҳар ва 9 тифли маъсумро ятим гузошта буд,- қисса дошт Мавлуда Боймуродзода. – Азбаски он рӯзу солҳои фоҷиабор зодмандони ҷигархунам ба ҷуз мани навҷавон такягоҳу неруи корӣ надоштанд, таҳсилоти олиро мавқуф гузоштам. Модарам аз ғаму ҳиҷрони писарони ҷавонмаргаш дарун - дарун месӯхт, вале ҳамеша таъкид мекард, ки шикасту бечорагии худро дар маҳзари ом зоҳир нанамоем. Аммо, боре дар ҳузури як марди нобакор, ки бо истеҳзо варақҳои журнали мактабиро дар сарбанди ҷӯякҳои оби пахтазор истифода мекард, гиряву зорӣ кардам, то ин ки аз несту нобуд кардани бойгониҳои мактабамон даст бардорад…
Бинобар норасоии омӯзгорону тарбиятдиҳандагон айёми таҳсил дар коллеҷи омӯзгории ноҳия ҳамзамон ба ҳайси мураббияи муассисаи томактабии маркази ноҳия кор мекунад. Пас аз он, то зинаҳои сарварии мактабу соҳаи маориф ӯ ба симати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, муовини директори мактаб оид ба синфҳои ибтидоӣ, муовини директор оид ба таълиму тарбия фаъолият кардааст.
Cоли 2001 дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» Мавлуда Боймуродзодаро роҳбари МТМУ №24 таъйин намуданд. Қаблан дар суҳбати рӯ ба рӯ бо раиси вақти ноҳияи Панҷ Шукурҷон Зуҳуров иқрор омада буд, ки дар чунин вазъи мушкилзои иҷтимоӣ, ки хонандагон пойи луч ба таълимгоҳ меоянд, роҳбари дабистонҳои харобу валангор таҷрибаи зиёду масъулияти ниҳоят ҷиддӣ мехоҳад.
-Ватанро бо ашки дидаву бечоранолӣ не, бо сари баланд ва иродаи матину неруи хастанопазир обод месозем, - гуфтани раиси ноҳия андешаи маро дар зиндагӣ дигар кард, - иқрор меояд Мавлуда. –Шукурҷон Зуҳуров аз зумраи давлатмардони орифу пайравони содиқи Сарвари давлат буданд, ки дар эҳё ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ то дар дурдасттарин рустоҳои ноҳия нақши ниҳоят муҳим гузоштаанд. Маҳз дар ҳамон давра бо дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар барои нигоҳдорию беҳбудии вазъи моддии соҳаи маориф ба ҳар муассисаи таълимӣ 5 гектар замин ҷудо намуданд, то аз ҳисоби киштукори маҳсулоти кишоварӣ мактабҳо таъмир шуда, омӯзгорон аз маводи хӯрока танқисӣ набинанд. Ҳамин тавр, дабистонҳо сол аз сол обод мегардиданд. Ободии мактабу муҳити атрофро дида мардум низ ба таълиму тарбия ва фарҳанги либоспӯшии фарзандон аҳамият медодагӣ шуданд.
Ӯ дар чаҳор давраи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва деҳот буданаш, дар баробари масъалаҳои вобаста ба соҳаи маориф дар баррасию ҳаллу фасли мавзӯъҳои мубрами ноҳия фаъолона ширкат варзидааст. Ба ҳайси тарбиятгари насли наврас солҳои баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро даврони ҷадиди созандагиҳои беназиру ташаббусҳои бузурги ояндасози ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мешуморад.
Баъди 17 соли роҳбарии муассисаҳои таълимии №24 ва №43 Мавлударо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ
таъйин намуданд. Инак, тӯли се соли роҳбариаш омори ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил аз 82 дарсад ба 96 фоиз афзоиш ёфта, натиҷаҳои дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ аз 26 то 45 дарсад боло рафтааст. Дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва сатҳи ҷумҳурӣ низ натиҷаҳои бештар ба даст овардаанд. Дар ин давра омӯзгорони дорои маълумоти олӣ аз 52 ба 59 фоиз афзуда, муассисаҳои таълимӣ аз биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ бароварда шуданд.
- Қатъи назар аз мушкилиҳои иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоии вобаста ба хуруҷи бемории COVID-19 дар соли ҷорӣ барои таъмири муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ аз ҷониби кумитаи падару модарон 340 ҳазор сомонӣ ҷамъ гашта, иловатан аз ҳисоби волидони хонандагон 31 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Таъмири 24 синфхона идома дошта, лоиҳаи 24 синфхонаи дигар таҳия гардида, сохтмони онҳо низ оғоз меёбад, ки маблағи умумиашон ба 2 миллион сомонӣ мерасад,- иброз дошт Мавлуда Боймуродова. -Ҳамчунин, дар солҳои 2019–2020 аз ҳисоби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ барои муассисаҳои таълимии ноҳия 950 ҷуфт мизу курсӣ дастрас гардид.
Дар масири эҳё ва бунёдгузории мактабу маориф, ки шавқи донишандӯзиро дар замири ҷавонон бедор карда, ҷомеаро аз вартаи бесаводӣ наҷот бахшид, маорифчиёни асили ноҳия, ба мисли Аслон Сафаров, Пирмуҳаммад Нуров, Шарофиддин Асомиддинзода ва Мавлуда Боймуродзода хизматҳои шоистае анҷом додаанд.
Ҷойгоҳи шоистаи занон ва ҳузури фаъоли онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, бозгӯи заҳмату талошҳои бесобиқаи ин зумра соҳибназарони ноҳияи Панҷ мебошад, ки дар амалӣ гардидани сиёсати давлат дар самти таъмини баробарии гендерӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар нақши муассир гузоштаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Панҷ