Пас аз маслиҳати роҳбари илмиаш Аскаралӣ Ишматов сӯи хона шитофту фармудаҳои ӯро озмудан хост. Дар зарфи махсус миқдори зарурии партови абрешимиро андохта ҷӯшонд. Натиҷаи дилхоҳ ба даст омад, ки барояш ҳайратовар буд. Ба ин ҳам қонеъ нагашта амали мазкурро рӯзи дигар дар озмоишгоҳи донишгоҳ ва сипас дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон такрор намуд. Ин ихтирооти аввалинаш буд, ки аз партови абрешимӣ ширеш ҳосил гардид.
Он замон Заррина дар аспирантура таҳсил менамуду аллакай оиладор буд. Бар замми корҳои илмӣ хизмати хусуру хушдоман ва шавҳарро ба ҷо меовард.
Ӯ ягона бонуе буд, ки дар самти самаранок истифода бурдани партовҳои абрешимӣ кор мебурд. Вақти зиёди худро дар коргоҳҳову лабораторияҳо сипарӣ намудан зарур меомад. Аммо душвориҳоро паси сар мекард. Хост дар мавзӯи «Истифодаи партовҳои абрешимӣ барои ширешкунии ресмонҳои тор ва ҳосил намудани ресмони муштарак» рисолаи илмӣ ҳимоя кунад. Аҳли хонавода дар ин роҳ ӯро дастгирӣ намуданд.
Мушкилиҳои зиёде пеш омаданд. Баъзан дар коргоҳҳои нассоҷӣ барои озмудани ихтироот на ҳамеша ба дастгоҳҳои зарурӣ дастрасӣ дошт. Вале ҳамоно ҷаҳд мекард. Дар пайи ихтирооти аввалин якуякбора ихтирои дигар – ресмонро низ ба даст оварду соҳиби ду ихтироот – ширеш барои оҳаркунии ресмонҳо ва ресмони муштарак аз пахтаю абрешим гардид. Солҳои 2012 ва 2014 ихтирооташ дар комбинати «Нассоҷии тоҷик» яквақтаина татбиқ гардид.
- Таҷрибаи истифодаи ин ихтироотро дар истеҳсолот, дар комбинати мазкур амалӣ намудам. Дар якчанд дастгоҳи бофандагӣ ресмонҳои бо партовҳои абрешим ширешшударо гузоштем, ки натиҷаи хуб ба бор оварду матоъҳои хубу босифат истеҳсол шуданд. Аз ин ҳисоб, самаранокии иқтисодии хуб низ ба даст омад, - фараҳмандона мегӯяд Заррина Яминова.
Агарчи ихтирооташ дар истеҳсолот бомуваффақият анҷом ёфт, вале мушкили дигар барои ҳимоя намудани кори номзадиаш пеш омад. Ин ҳам набудани Шӯрои диссертатсионӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ буд. Ягона роҳи ҳимоя сафар намудан ба хориҷи кишвар буд. Устодонаш аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тавсия доданд, ки ба Россия сафар намуда, рисолаи номзадиашро ҳимоя намояд. Имконияти молиявии Заррина маҳдуд буд. Ҷӯёи ҳалли мушкил дар ин миён ду ихтирои дигаре анҷом дод: ширеш дар ҳолати хока ва баъдтар ҳосили ранг аз рустаниҳои табиии маҳаллӣ.
Ниҳоят, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, соли 2014 ӯ тариқи интернет бо профессори Донишгоҳи давлатии химия ва технологияи шаҳри Ивановои Федератсияи Россия ошно шуд. Ба ӯ асли воқеаро навишту шарҳ дод, ки баҳри ҳимоя намудани кораш маблағи кофӣ надорад. Бо гузашти ду рӯз барояш навид омад.
- Одинтсова Олга Ивановна, профессор, мудири кафедраи технологияи кимиёвии маҳсулоти нассоҷии донишгоҳи мазкур ҷавоб навишт, ки ба ман ёрдам карданист ва ҳимоя дар шаҳри Иваново ройгон аст. Маро мебояд, ки ба ин шаҳр биоям, то рӯи мавзӯъ каме кор бигирем. Бо шунидани ин хабар аз ғояти фараҳ ба хона расиданро нафаҳмида мондам. Вақте аҳли хонаводаро аз воқеа хабардор кардам, гуфтанд, ки ғамгин нашавам, зеро худашон имкони чипта харид намуданро доранд. Фарзандони 3 ва 5 - солаамро ба модари азизам гузошта, озими Россия шудам, - қисса намуд олима.
Якчанд шабонарӯз ҳамроҳи Олга Ивановна рӯи рисола кор карда, ниҳоят онро ба Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ пешниҳод намуданд. Мебоист худи ҳамон сол Заррина рисолаашро ҳимоя мекард. Лек, мушкили дигар - барҳам хӯрдани ихтисосҳо пеш омад, ки дар ин миён ихтисоси интихобнамудаи ӯ низ ҷой дошту он ба дигар шӯро гузашт. Ин ҳолат кори ӯро душвор намуд. Бо ҳамин минвол давоми ду сол Заррина барои ҳимояи кори илмӣ ба Россия равуо дошт. Билохира, бори 5 –уми сафараш соли 2017 ба шаҳри Иваново тавонист рисолаи номзадиашро ҳимоя намояд. Рӯзи ҳимояаш ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон иттифоқ афтод ва онро фоли нек донист.
Дар арафаи ҳимоя ӯ корашро ба озмуни бонувони ихтироъкори ҷаҳон «KIWIE-2016», ки дар Ҷумҳурии Корея бо иштироки 400 нафар аз 25 давлати дунё баргузор шуд, фиристода, соҳиби медали нуқра шуд. Ҳамин тавр, муваффақиятҳо ӯро пайи ҳам ёр гардиданд. Соли 2019 соҳиби ду дастовард гардид. Ду патенти Авруосиёро ба даст оварда, сазовори медали тиллои ба номи В. Блинников аз ҷониби Ташкилоти патентии Авруосиё гардид. Ҳамчунин, ҳамон сол барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи техника ва технология миёни олимони ҷавони то 35 - сола гашт. Ҷоизаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурданд, ки аз ин дидор ниҳоят сарфароз шуд.
Ӯ аз ноҳияи Панҷ тариқи Квотаи президентӣ ба факултаи технология ва дизайн, ихтисоси муҳандис - технологи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шомил гардида буду онро бо баҳои аъло хатм намуд.
Ҳамчунин, ӯ дорандаи дипломи дараҷаи 1 – и Вазорати маориф ва илми кишвар байни ихтироъкорони ҷавони ҷумҳурӣ «Навовари беҳтарин – 2014», дипломи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои иштирок дар намоишгоҳи аввалини ихтироъкорони ҷумҳурӣ «Аз ихтироъ ба инноватсия – 2014», Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар буда, соҳиби 7 патенти ихтироъ ва 50 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар кишварҳои Австрия, Чехия, Итолиё, Булғористон, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия бо забонҳои англисиву русӣ нашр шудаанд. Соли 2018 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз такмили ихтисос гузаштааст.
Алҳол, лоиҳаи махсусеро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дошта, дар сурати ҷудо гардидани маблағи муайян мехоҳад бо истифода аз матоъҳои абрешимӣ, оҳару ресмон ва рангҳои ихтироънамудааш, ки ҳамагӣ табиӣ мебошанд, либосҳои кӯдакона истеҳсол намояд ва дар самти рушди экологияи сабз саҳм бигирад.
Дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба духтарони деҳот буданд, ки тавонистам донишҷӯ шаваму соҳиби маълумоти олӣ гардам ва ба ин мартабаҳо ноил шавам. Дар ин росто, дастгирии модар ва волидони шавҳарам буд, ки дар самти амалӣ намудани орзуҳоям ёрӣ расонданд. Инчунин, дастгириҳои роҳбарияту устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ёрии молиявии онҳо низ мададгорам буданд, - бо хушнудӣ мегӯяд Заррина.
Заррина Яминзода алҳол дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси декани факултаи муштараки Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият дошта, ба шогирдон нозукиҳои пешаашро меомӯзад. Бо ин роҳ мехоҳад, ки илму истеҳсолотро бо ҳам тавъам намояду майли ҷавононро ба илму технология ва махсусан соҳаи нассоҷӣ афзун гардонад. Заррина Яминзода, ҳамчунин, котиби илмии Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти ихтисоси хеш мебошад.
Бунафша РАҲМОНОВА