Буд замоне мулки тоҷик беманора монд, монд,
Осмон торику абрӣ, беситора монд, монд.
Файзи хон дигар куҷову бӯи нони гарм ку?
Бас танӯри тоҷикиям бешарора монд, монд.
***
Қаҳтии мо буд аз ношукриву мастии хеш,
Тори ваҳдатро гусастем аз раҳи пастии хеш.
Аҳди хеширо шикастему Худо моро гирифт,
Синаи бегона не, аз моми худро карда реш.
***
Ақли солим раҳнавому рӯшноӣ дидарост,
Бори дигар коҳи куҳна бод доданҳо чарост?
Шукр мебояд, сари вақт аз хато растем мо,
Шукр, к-ин хуршед моро аз паи шоме фарост.
***
Шукри беҳад, рӯзгор имрӯз аз дӣ хуштар аст,
Дар самои тоҷикон хуршеду моҳу ахтар аст.
Файз меборад кунун болои хони тоҷикӣ,
Дар танӯри тоҷикиям бори дигар ахгар аст.
***
То нахуспад тоҷике аз тири хеш андар лаҳад,
То зудоем аз дили таърих дигар номи бад.
Тоҷики ман, хонаат бунёд кун бо хишти сулҳ,
Бар хилофи амри шайтон, дур аз анҷоми бад.
Шиква ба модар
Модарам, имрӯз милоди ман аст,
Лаҳзаҳои умр барбоди ман аст.
Бе ҳузури мақдамат вайронаам,
Омадӣ?
Кош!
Меҳрободи ман аст.
Ман замоне аз барои номи ту
Ҳамчу шамъи зиндагӣ афрӯхтам.
То насӯзад нанги дунёи туро,
Номаҳои ошиқиям сӯхтам.
Ман дигар имрӯз мехоҳам равам
То дари хушбахтии деринтизор.
Рӯй метобӣ чаро аз ман дигар?
Ман намехоҳам дигар он шоми тор.
Маъзарат, модар дигар бегонаам,
Қиссаи ғам нестам, афсонаам.
Дар ҳарими меҳрубониҳо дигар
Меҳрубон, як духтари девонаам…
Барои духтари тоҷик
Мижжа дар ҳам мекашӣ, чун шаб сиёҳӣ мекунад,
Мижжа гар во гашт ёди субҳгоҳӣ мекунад.
Чун гадои ишқи ту ояд ба даргоҳи дилат,
Тоҷбарсар, сони Хусрав подшоҳӣ мекунад.
Қадди сарватро бубинад ёди маҷнунгаштае,
Ҳамчу маҷнунбед сар хам рӯи роҳе мекунад.
Ғунчаи бишкуфтаи лаъли лабонат он қадар
Мебарад сабри дилаш, майли гуноҳе мекунад.
Чун гуноҳе мекунад аз зарбаи дастони ту,
Ҳадя бистонда басе ҳолаш табоҳӣ мекунад.
Чун ситонад «ҳадя»-е он гаҳ аз роҳи адаб
Арғувонӣ гашта аз шарм узрхоҳӣ мекунад.
Чун бихоҳад узр, эй зеби дунё, авф кун,
Ҳар каломи Шоира бӯи гувоҳӣ мекунад!
Нури Ваҳдат
Эй разолат, аз бари мо дур шав,
Эй ҷаҳолат, аз сари мо дур шав.
Эй хиёнат, аз дари мо дур шав,
Нури Ваҳдат, чашми моро нур шав!
Вой ҳайронам, разолат то ба кай?
Мебарад нонам ҷаҳолат то ба кай?
Мехарад ҷонам хиёнат то ба кай?
Нури Ваҳдат, чашми моро нур шав!
***
Аз разолат фитнаҳо андохтем,
Аз ҷаҳолат хубҳоро бохтем.
Аз хиёнат мо қиёмат сохтем,
Нури Ваҳдат, чашми моро нур шав!
***
То дари Ваҳдат ба армон омадем,
Захмҳои сина дармон омадем.
Мо ба амри дил ба фармон омадем:
Нури Ваҳдат, чашми моро нур шав!