Фарёде, ки кӯҳҳоро пора кард
Солҳои 60 – 70 – уми асри гузашта дар саҳнаи ҳунарии тоҷик як зумра бонувони хушовози кӯҳистонӣ – сарояндагони маҳбуб қалбҳои мухлисонро тасхир месохтанд. Савсан Бандишоева, СафарбегимТошхӯҷаева, Саломат Қобилова, Қумрӣ Қодирова, Гулрафтор Шаҳобова, Нуқра Раҳматова ва дигар ҷавонони соҳибистеъдод гули сари сабади тамоми маъракаву чорабиниҳои мардумӣ ва давлатӣ буданд.
Аз ин миён дар матбуоти даврӣ бобати ҳунари нафаре – Гулрафтор Шаҳобова кам андар кам гуфтаанду навиштаанд. Мутаассифона, дар телевизиони кишвар сабте аз ханҷараи ин бонуи ҳунар ба назар намерасад, ба ҷуз чанд суруд дар хазинаи радиои ҷумҳурӣ.
Гулрафтор Шаҳобова аз миёни бонувони ҳунарманди он давраина фарқ дошт. Ӯ навозандаи моҳире буд дар сози думбра, ки ханҷарааш қалбҳои садҳо шунавандаро тасхир месохт. Ба ҷуз ин, садои фораму дилнишине дошт.
Имрӯз навад дарсади ҳаводорони санъати овозхонӣ ва рӯзноманигорони ба иқрори хеш «муҳаққиқ» аз рӯзгори ин бонуи ҳунар тамоман бехабаранд. Аксар макони аслии нағмапардозии ҳунарманди чираро хос ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон мансуб медонанд, ки хато нест. Аммо…
АЗ ЛУҒУР ТО ДУШАНБЕ
Гулрафтор Шаҳобова аз собиқ ноҳияи Оби Гарм (ҳозира шаҳри Роғун) ба парвоз омадааст. Ӯ 15 ноябри соли 1939 дар деҳаи Лоҳур (Луғур), дар хонадони яке аз омӯзгорони номвари диёр, сарбози шуҷои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ба дунё омадааст. Аҳли хонаводаи онҳо баъди аз ҷабҳа баргаштани падар ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) мекӯчанд. Падараш соли 1949 ногаҳон дунёро падруд мегӯяд Гулрафтор хонданро дар синфи 8 - и мактаби миёнаи №71 (мактаби шабона) идома медиҳад.
Барои пешбурди рӯзгор духтараки ҷавон рӯзона дар комбинати шоҳибофӣ ва баъд дар комбинати бофандагии Душанбе заҳмат мекашад. Ва аз ҳамин давра дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат қадамҳои аввалини хешро гузошта, маҳбубият пайдо мекунад.
Гулрафтор таронаҳои мардумиро бо шеваи хос месуруд. Яке аз сурудҳои дӯстдоштанӣ аз барномаи ҳунарии ӯ ба чунин ранг садо медод:
Фарёд кунум, пора кунад кӯҳҳора,
Шоҳин шаваму сайр кунам дунёра.
Булбул шаваму ба ҳоли худ нола кунам,
Ай дасти ғамҳову кулфатой дунёра.
Гунҷишкаки беқарор кардӣ ту мара,
Шинандаи ҳар диёр кардӣ ту мара.
Шинандаи ҳар диёр ҳаргиз набудам,
Шармандаву таънасор кардӣ ту мара.
Ин шевани духтараки кӯҳистоние буд, ки бармаҳал аз ғамхориву меҳрубонии падар, муттакои хеш маҳрум гаштаву аз овони наврасӣ ба гирдоби заҳмат меғалтад…
КӮЛОБ
Шаст сол муқаддам, возеҳтараш соли 1959 Гулрафтор ба факултети театрии омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро соли 1964 хатм менамояд.
Тибқи низомномаи он давру замон кулли хатмгарони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо, донишкадаву донишгоҳҳоро аз рӯи нақшаи вазоратхонаҳои марбута ба шаҳру навоҳии кишвар раҳнамун месохтанд.
Гулрафтор низ бо роҳхат роҳи Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлобро пеш гирифт. Театри мазкур он овони пурнишот бо мутрибону сарояндаҳои номиаш дар сар то сари кишвар ғулғула меафканд. Ин даргоҳ барои духтари хушзеҳну болаёқат,ба қавле ҷастгоҳ (трамплин) – и хубе гашт. Дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони забардаст, санъаткорони варзида Қурбон Зардаков, Анвар Баротов, Фатҳулло Хоҷаев, Зайдулло Хоҷаев, Нуралӣ Аюбӣ, Тӯйдӣ Бобиева, Соҷида Хоҷаева, Саъдулло Каримов, Гурез Назирматов ва дигар ҳунарпешаҳо меҳрубонӣ ва таҷрибаи кор андӯхт.
Бемуҳобо, он замон дар театри Кӯлоб ҳунармандони сирф касбӣ гирд омада буданд. Аксари эшон ҳунари навозандагӣ, ҳофизӣ ва нақшофарони босалиқа буданд. Гулрафтор низ аз насли калонсол кам намеомад. Ӯ думбранавози моҳир, сарояндаи хушлаҳне буд. Ба ҷуз ин, тӯли чаҳор соли фаъолият дар намоишҳои «Чанори гӯё», «Даъвати ҳаёт» - и Ф. Тошмуҳаммадов, «Котиби райком» ва ғайра нақш офарид. Дар бобати ҳунари актёриаш ҳамкорони солдида мегуфтанд: «Гулрафтор ҳунарпешаи қобил баромад…».
ФИЛАРМОНИЯ
Овозаву дарвозаи ҳунармандии Гулрафтор то ба шаҳри Душанбе расид. Аз истеъдоди хуби духтари кӯҳистонӣ вазири маданияти Тоҷикистон, фарди гавҳаршинос Меҳрубон Назаров (равонашон шод бод!) огаҳӣ ёфт. Ба иқрори наздикони ин марди ғамхору дарёдили фарҳангӣ думбранавозии Гулрафтор ӯро мафтун гардонда буд.
Пас аз чаҳор соли ҳунар дар шаҳри бостонии Кӯлоб бо даъвати Вазорати маданият ба пойтахт омада, дар дастаи ҳунарии рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолияти густарда дошт.
Роҳбари вақти Вазорати фарҳанг ба бонувони пурҳунар меҳрубонӣ арзон доштанд. Дар кӯчаи Умари Хайём ба Гулрафтор хонаи алоҳида ва ба Қумрӣ Қодирова хонаи якҳуҷрагӣ ҷудо намуданд. Бонувони хушсалиқа дигар танҳо ба эҷоду ҳунарнамоӣ машғул гашта, дар байни мардум маъруфияту маҳбубият пайдо намуданд.
Он замон Гулрафтор сурудҳои «Хоки Ватан» (шеъри Ашӯр Сафар), «Хандаи фарзанд» (Сайдалӣ Вализода), «Модар» (Аминҷон Шукӯҳӣ), рубоиёти халқӣ ва чандин таронаҳои дилошӯбро басо дилнишин месуруд. Аммо муаррифгари овозхон сурудҳои халқии «Хоки ватанам сурмаи чашмони манаст» ва «Ҳар гаҳе туро ёд кунам» буд. Аз кулли таронаҳои ӯ мухлисону ҳаводоронаш маҳз ба ин ду суруд ҳусни таваҷҷуҳ бештар зоҳир менамуданд.
Он солу замон ҳунарпешаҳо, дастаҳои ҳунарии филармония аз рӯи нақшаи корӣ дар як моҳ 15 – 20 рӯз дар сафарҳои ҳунарӣ буданд. Онҳо ба ин раҳ хазинаи филармонияро ғанӣ мекарданд. Гулрафтор низ пайваста ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромад. Ҳама ҷо сарояндаи таронаҳои мардумиро мухлисону ҳаводоронаш ба дида мебардоштанд.
Он овон, ҳини оғози сохтмони аҳамияти умумииттифоқидошта, сохтмони неругоҳи Норак сарояндагони маъруфи мамлакат, аз ҷумла Гулрафтор Шаҳобова ҳунарнамоӣ намуда, сохтмончиёнро рӯҳбаланд мекарданд.
ОБИ ГАРМ
Соли 2007 ба зодбум, ба Оби Гарм баргашт. Бознишастагӣ, ҳазинӣ, синну сол, дурӣ аз шуғли якумрӣ, ҷудоӣ аз дугонаи ҷониаш Қумрӣ Қодирова, ки сентябри соли 2011 дунёи фониро падруд гуфта буд, ба ин боис шуд. Ва хомӯш ба кӯҳистон раҳ гирифт, то аз банди ғам раҳоӣ ёбад. Ӯ чаҳор фарзанди худ: Сайёҳат (1958), Хосиятхон (1961), Гуланор (1962) ва Шоирахонро (1976) ба камол расонд, тарбият намуд, ки онҳо солҳои охири ҳаёт дастгиру мададгори модар шуданд.
Ёздаҳ соли ҳаёт дар зодбум бо сокинони кӯҳистон хуб гузашт. Бо мардуми маҳал эҳтиромро қоил гашт.
Ҳунарпешаи маҳбуб, мутриби мумтоз Гулрафтор Шаҳобова 23 августи соли 2018, дар 78 – солагӣ фавтид, дар гӯристони маҳаллаи Калинин (Меҳрободи ҳозира) ба хок рафт. Гӯё дирӯзакак буд, ки ӯ нола бар афлок мезад: «Фарёд кунум, пора кунад кӯҳҳора…».
Бо чанд сухан имрӯз ба ёд овардани кору пайкори ҳунарманди асил, бонуи шӯридадилро ҷоиз донистем. Зеро Гулрафтор Шаҳобова дар рушди фарҳанги тоҷик мақому манзалати хешро касб карда, хидмати шоиста анҷом дод.Сарфи назар аз каму костиҳо ва беэътиноии масъулон номи ӯ дар лавҳаи фарҳанги миллат сабт гардида.
УмариШЕРХОН,
адиб