Ман занам, ман модарам, ман ёварам,
Чархро баъд аз Худо ман доварам.
Дар замини дидаву дил офтоб,
Дар ӌаҳон нахли муҳаббат парварам.
Зиндагӣ оҳанги эҳсони ман аст,
Бандагӣ озори виӌдони ман аст.
Сулҳу ваҳдат орзуи ӌовидон,
Хуррамиҳо марҳами ӌони ман аст.
То абад ман шукри гандум мекунам,
Васли инсонро тараннум мекунам.
Ранӌу ғурбат теғ бар ӌонам занад,
Зулму кинро сахт маҳкум мекунам.
Қосиди имрӯзу фардо буди ман,
Бахти фарзандон бувад мақсуди ман.
Як фазо меҳру камоли ҳамдилӣ,
Аз хирад оганда тору пуди ман.
Амну осоиш ҳама фарзи ман аст,
Ӌунбиши сайёра ҳам набзи ман аст.
Сабру сомону салому эҳтиром,
Иқтизои панду андарзи ман аст.
Шоҳу дарвешу гадо насли мананд,
Дар муҳаббатхонаи дил тавъаманд.
Габру муслиму яҳудо, бутпараст,
Насли ман, пайванди ман, ӌони мананд.
* * *
Модар марав зи хонаи ман, ӌон модарам,
Бо ман бимон, ягонаи ман, ӌон модарам.
Рангинкамони олами иқболи ман туӣ,
Меҳмони бебаҳонаи ман, ӌон модарам.
Бо ту шукӯҳи зиндагӣ дар хонаи ман аст,
Бо ту баҳору поизи умрам музайян аст.
Болам ба боли хотиру эҳдои сарнавишт,
Нозам, ки нури рӯйи ту ҳамвора бо ман аст.
Эй ту ягона мунису ғамхори беҳтарин
Шеъри ман аз муҳаббати ту гашта дилнишин.
Ҳамчун тилисми ношикане дар ҳаёти ман,
Панди туву дуои ту, эй меҳрофарин.
Модар, ту бениёзиву ман зори зорамат,
Болои дидаву дили худ мегузорамат.
Ту он қадар бузургиву ман пеши ту ғариб,
Баъд аз Худо, Худои манӣ, дӯст дорамат.
МОДАР, ДУО БИДЕҲ
Ман меравам сафар, модар, дуо бидеҳ,
Раҳтӯша ҳамсафар, модар, дуо бидеҳ.
Дасти дуои ту иқболи ман бувад,
Дар сахтиву сафар, модар, дуо бидеҳ.
Ӌонам фидои ту, эй ӌонфидои ман,
Ёдат маро сипар, модар, дуо бидеҳ.
Ҳосил муроди ман, аз файзи ту азиз,
Ман бе ту дар ба дар, модар, дуо бидеҳ.
Пушту паноҳи ман, олампаноҳи ман,
Эй сабру эй самар, модар, дуо бидеҳ.
Боли саодатам, болини роҳатам,
Тӯмори дарди сар, модар, дуо бидеҳ.