ДЕБОЧА
Таърих хунёгарони зиёдеро ёд дорад, ки бо ҳунару истеъдоди волои хеш машҳури офоқ гаштаанд. Мутрибону сарояндагони мумтоз қалби ҳазорон ҳазор сомеонро тасхир ва ба хурӯш овардаанд. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки ҳамаи онҳо майлу хоҳиши шогирде шоиста тарбият намуданро бипазиранд. Ба ин иддао мактабҳои ҳунариро аз ёд намебарем. Дар ҳама давру замон мактаби устод ва шогирд арзи вуӌуд дошту дорад. Вале, ба ҳар навъ, на ҳар ҳунарвар тобу тавони тарбияти шогирдро молик аст. Аз ин рӯ, далелро сарфи назар намудан нашояд.
Аммо ин раҳ аз нек мегӯем. Аз боби мутриби ӌаҳонзеб, оҳангсози моҳир, ки бо ҳунари бесобиқаи хеш дар қалби бисёр ҳаводорони ватанию хориӌӣ маскан гирифтааст. Ва ҳам устоди шоистае дар тарбияти шогирдони пурҳунар.
УСТОД
Сироӌиддин Ӌӯраев, мутрибу оҳангсози мумтоз, яке аз доноёни кор, баробари фаъолияти рӯзмарра дар ансамбли «Шашмақом» (2008), ҳамзамон, дар Консерваторияи миллии Тоӌикистон ба номи Талабхӯӌа Сатторов (13 сол) ба донишӌӯён дарс мегӯяд. Ба ӌуз ин, вай, ҳамчунон, дар шаҳри Хуӌанд ба парирухони дуторӣ мастер – класс мегузаронад.
Аз фаъолияти ҳунарии муғаннӣ огаҳии хуб дорам ва борҳо атрофи эӌодиёташ матлабҳо ба табъ расондаам. Вай бар он иқрор аст, ки маҳз бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (бо ҳайати Академияи мақом) аз шаҳри бостонии Хуӌанд ба пойтахт рӯ оварда, академияро дар шаҳри дилорои Душанбе (2007) хатм намудааст. Навозанда ба ёд меорад, ҳар бори дидор муҳтарам Президент ба таъкид мегӯянд: «Сироӌиддин шогирд тайёр кун…».
- Бо шунидани ин суханон ҳушёр мегардам ва бори масъулият меафзояд. Инак чандест, ки ҳамчун омӯзгор дар Консерваторияи миллӣ фаъолият мебарам. Шогирдони хуб тарбият намудаам, - меафзояд ӯ.
ҲУРРИЯТ
Дове аз Сироӌиддин ӌӯё гаштам, шогирдон чӣ хеланд? Хандиду бо қаноатмандӣ гуфт, ҳамааш хуб аст. Алҳол онҳо дар таътили тобистона, бо аҳли хонаводаашон роҳат мебаранд. Чун аз навидҳо пурсидам, гуфт бароятон хабари хуше дорам. Яке аз шогирдони қобилам Ҳуррияти дуторӣ консерваторияро моҳи майи соли равон бо баҳои аъло хатм намуд. Ҳайати (комиссияи) имтиҳоноти давлатӣ ба хулоса омад, ки Ҳуррият Ҳасанова дар консерватория ба ҳайси омӯзгор бимонад.
- Чаро маҳз Ҳурриятро ба омӯзгорӣ тавсия додед, - ӌӯё гаштам аз Сироӌиддин. ӯ гуфт, - Ҳуррият духтари боистеъдод, қувваи ҳофизаи хуб дорад, адворро низ нағз мефаҳмад…
Аз ин хабари хуш, дарвоқеъ, хушҳол гашта, муборакашон гуфтам. Он ӌониб боварибахш изҳор доштанд, мекӯшем, то ба боварӣ сазовор бошем.
РУӋӮЪ
Ҳуррият Ҳасанова 4.12.1997 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. (Падараш Ӌӯрабек соҳибкор, модараш Ҳанифабону хонашин).
Аз синфи 6 – умӣ ба мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода рафта, 5 сол дар сози дутор (синфи Анора Неъматуллоева) таҳсил намуд. Соли 2015 мактаби мусиқӣ ва, ҳамзамон, МТМУ № 86 шаҳри Турсунзодаро хатм кард. Ҳамон сол ба Консерваторияи миллии Тоӌикистон ба номи Т. Сатторов дохил шуд. Моҳи майи соли 2020 консерватория (ихтисоси дутор, синфи Сироӌиддин Ӌӯраев) - ро хатм намуд.
ҲУНАРОМӮЗ
Бо шогирди қобили устод Ҳуррият Ҳасанова ҳамсухан шудем. Духтаре бо қомати мавзун, хандонрӯву хушсухан, ҳамгапи донишёр…
Ҳуррият дар хонаводаи фарҳангӣ ба дунё омадааст. Падараш Ӌӯрабек мактаби мусиқии шаҳри Турсунзодаро хатм намуда (ихтисоси аккордеон). Авлоди падарӣ, амакбачаҳояш ҳофизӣ мекунанд, мутрибони моҳиранд. Падараш пас аз хатми Институти политехникии Толятти (Россия) зиндагии хешро ба касби устои мошин пайваст. Аммо дар хонаи онҳо садои созҳои гитара, дутор, аккордеон пайваста танинандоз аст.
Ҳуррият фарзанди савуми хонадон аст. Бузургбародараш Мирзобек (с. т. 1990) аз мусиқӣ баҳравар аст. ӯ гитара ва ҳам фортепиано менавозад. Бародараш Ӌамолиддин (с. т. 1992) низ мусиқиро дарк менамояд.
Дар ӌодаи ҳунар роҳ паймуданро ба ӯ падар раҳнамун гаштааст. Дар синфи 6 – ум мехонд, ки падар духтари қобилашро ба мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода бурд ва ба дасти яке аз омӯзгорони варзидаи мактаб Анора Неъматуллоева (сози дутор) супурд. Шоёни зикр аст, ки мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода яке аз мактабҳои хуби ӌумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин даргоҳи ҳунар толибилмон дар созҳои дутор, дойра, рубоб, фортепиано, кларнет, аккордеон, овозхонии академӣ, шашмақом ва расмкашӣ таълим мегиранд.
Ҳуррият давоми 5 соли таҳсил дар ин мактаб аз устодаш Анорабону дарси дутор андӯхт. Аввалҳо кам – кам суруд мехонд, аммо баъд пурра ба навозандагӣ пардохт. Ҳамин тавр, ӯ соли 2015 мактаби мусиқӣ ва ҳам мактаби миёнаро хатм кард. Боз ҳам падар раҳнамунаш гашт. ӯро ба шаҳри Душанбе, ба Консерваторияи миллии Тоӌикистон ба номи Талабхӯӌа Сатторов овард. Ҳуррият аз имтиҳонҳо бо сарбаландӣ гузашта, муҳассили кафедраи мутрибони анъанавӣ, факултаи мусиқии суннатии тоӌик (ихтисоси дутор, синфи устод Сироӌиддин Ӌӯраев) гашт.
ГУЛ БА БОҒ
Дар ҳуӌраи кории ин ӌониб дутори тошкандие (орият) маҳфуз аст. Чун фурсат муносиб буд, аз Ҳуррият хоҳиш намудем, бо чанд навозиши дилнишин хотири моро болида бидорад. Лаҳзае чанд садои оҳанги марғуб танин андохт. Аз ханӌараи Ҳуррият маълум буд, ки мутриби гулдастест. Ин лаҳзаи ёдмонро журналист, суратгири рӯзномаи «Ӌумҳурият» Комрон Зикрулло сабт намуд.
Аз Ҳуррият пурсон шудам, ки устодаш чанд шогирди дигар дорад. Гуфт, се навозандаи ӌавону умедбахш таҳсилро идома медиҳад. Миӌгона Иброҳимова (ихтисоси танбӯр, курси 4), Нигора Абдуллоева, дастпарвари мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода (ихтисоси дутор, курси 3) ва Ӌереми Ҳол (ихтисоси дутор, курси 3) аз ИМА.
ӯ ёд овард, ки дар мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода 10 асари мукаммали калонҳаӌм ва боз чандин оҳангҳо, монанди «Навои ишқ» (оҳанги халқӣ, такмили Қурбони Қурбониён), «Полкаи андиӌонӣ», «Роҳат», асарҳои зиёди оҳангсозони рус ва ғайраро андӯхтааст.
Дар консерватория зиёда аз 50 асари мукаммали калонҳаӌмро аз бар намуда. Бештар аз ганӌинаи «Шашмақом», «Мушкилот» (силсила), «Чапандози Наво», «Танавор» (оҳанги халқӣ), «Оҳанги Шарқӣ (оҳанги Муҳаммадӌон Муминов, такмили С. Ӌӯраев), «Ӌонона», «Қуштор», «Ба гулшан» (оҳанги қирғизӣ, такмили С. Ӌӯраев), «Завқи ӌавонӣ» (С. Ӌӯраев), «Машқи дутор» (С. Ӌӯраев) ва ғайра.
Ҳуррият бо мамнунияти зиёд зикр намуд, ки бо тавсияи устодон Сироӌиддин Ӌӯраев ва Хуршед Иброҳимов (сарояндаи номвар) аз соли таҳсили 2019 – 2020 ним баст ҳамчун омӯзгор дар Консерваторияи миллӣ ба пешаи омӯзгорӣ пайвастааст. Аз соли таҳсили нав (2020 – 2021) Ҳуррият Ҳасанова дар консерватория ба пешаи омӯзгорӣ шуғл хоҳад варзид. Қадамҳои устувор дар ӌодаи омӯзгорӣ нек бошад.
Кунун Ҳуррият ба пояи навбатии фаъолият гом мениҳад. Мартабаи устодӣ мартабаи пуршарафест ва муваффақ гаштани ӯро дар ин ӌода таманно дорем. Чун шогирди қобили яке аз омӯзгорони кишвар аз пайи устоди хеш роҳ паймудан худ нишоне аз пирӯзиҳои ӯст. Мисле иқрор омад, таҳсил, омӯхтани илму ҳунар дар назди муаллим ва устоди варзида ин ҳамнишинии булбул гул ба боғро мемонад.
Умари ШЕРХОН